Редаксия супориш дод: Хуҷанд рав!

  • Чоршанбе, Июл 06 2022

«Арзон кун!»

25.06.2022. Соат бо вақти Хуҷанд 07:45 дақиқа. Сафари кории мо ба вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд аз ярмарка-намоишгоҳи маҳсулоти ниёзи аввалия бахшида ба ҷашни 25 солагии Ваҳдати миллӣ ва Истиқрори сулҳ оғоз ёфт. Аниқтараш моро аз субҳи содиқ садои мардуми фурӯшандаву харидори ярмарка, ки дар шафати меҳмонхона ва театри ба номи Камоли Хуҷандӣ сурат мегирифт, бедор намуд. Баъдан гуфтанд, ки чунин ярмарка ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузор гашта, кишоварзони тамоми хочагиҳои деҳқонии вилоят маҳсулоти хешро ба он меоранд.

Албатта дар ярмарка нархи маҳсулот назар ба бозор арзонтар буд: 1 кило гӯшти гов – 50 сомонӣ, 1 халта орди навъи 1-ум- 320 сомонӣ, 1 қуттӣ тухм – 23-25 сомонӣ, 5 литр равғани растанӣ – 130-140 сомонӣ, 1 кило шакар – 9 сомонӣ.

Ғайричашмдошт дар ярмарка мо бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрдем, ки якҷоя бо раиси ш.Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз он боздид ба амал меоварданд. Раҷаббой Аҳмадзода ба назди ҳар 1 раставу деҳқон ва фурӯшанда рафта, пас аз пурсупос дастур медод, ки нархро аз ин ҳам поёнтар кунанд. Масалан вақте диданд, ки ширкате килои шакарро 10 сомонӣ мефурӯшад, таъкид карданд: «9 сомонӣ кун!», ба сабзифурӯш гуфтанд, ки нархи сабзиро 4 не 3 сомонӣ кунад, картошкаро аз 5 сомонӣ ба 3,5-4 сомонӣ фарорад, ордро низ аз 340 сомонӣ 320 карданд. Ҳамин тавр пас аз боздиди раиси вилоят нархи маҳсулот ба маротиб поён рафт.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо мухбири СССР таъкид доштанд, ки чунин ярмаркаҳо барои ғановати бозори истеъмолӣ ва дастархони шаҳрвандон ташкил шуда, барои захира намудани маҳсулоти 2-солаи хӯрокворӣ мусоидат хоҳанд кард.

 

Бе мувофиқа ва огоҳӣ

25.06.2022.  Соат бо вақти Хуҷанд 08:45 дақиқа. Ба бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Хуҷанд омада, ба масъулин гуфтем, ки тасмим гирифтаем дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ш.Хуҷанд Фирдавс Шарифзода беогоҳӣ ширкат варзем. Мамур Юсуфзод, масъули равобит бо матбуоти шаҳрдории Хуҷанд низ аз ин иқдоми мо истиқбол намуда, ба ошёнаи 3-юми бинои ҳукумат роҳнамоӣ карданд.

Пеш аз оғози қабул бо Фирдавс Шарифзода рӯ ба рӯ шудем, мавсуф аз тасмими мо огаҳ шуда, гуфтанд, ягон мушкиле нест, метавонем иштирок кунему арзи мардумро гӯш карда, аз набзи воқеии ҳаёти сокинони Хуҷандшаҳр аз наздик ошно шавем.

 

Кӯча, хона, табобат, истироҳат…

25.06.2022.  Соат бо вақти Хуҷанд 09:00 дақиқа. Имрӯз ба қабули раиси шаҳр наздики 25 нафар сокинон бо арзу доди хеш омада буданд. Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки мардуми Хуҷанд ин қадар мушкил доранд. Яке мехост номи кӯчае, ки дар он зиндагӣ дорад ба номи падари марҳумаш гузоранд, вале барои ин кор омодааст мумфаршкунии кӯчаро пурра ба зима гирифта, дар ободонии он саҳми хешро гузорад. Дигаре мехост дар маҳаллаи Шаршара чойхона ва сартарошхона бунёд шавад, то мардум ҷойи суҳбат дошта бошад, сеюмӣ аз раис тақозо мекард, ки дар ҳалли масъалаи замини манзилаш, ки бо бинои баландошёнае ҳамдевор асту ҳудудашро гирифтаанд, кӯмак кунад.

 Зани русе мехост, ки шаҳрдорӣ барояш мошин ва 2 нафар милисаро вобаста кунанд, то писари рӯҳан беморашро ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии ш.Исфара барад, ҷавони маъюбе барои кӯмаки моддӣ ва хӯрокӣ омада буд. Зане мегуфт, 1 писарашро бори саввум зан медиҳад ва дархости кумак менамуд… Фирдавс Шарифзода ба арзи ҳамаи шаҳрвандон гӯш карда, барои ҳалли саривақтии онҳо ба зертобеонаш дастуру супоришҳо медод.  1 чизе, ки дар ин ҷо диққати маро ба худ ҷалб кард, ин кӯмакталабии бархе аз шаҳрвандон буд, ки ба қавле хеле гузарониданд. Зане худро бемор вонамуд карда, бо доду эҳсосот аз шаҳрдор, ки қаблан барои таъмири хонааш масолеҳи сохтмонӣ ҳам ҷудо карда буд, талаб мекард, ки фарши хонаҳоро низ чӯб зада, пушти хонаро, ки об гузашта, нам кардааст, таъмир намояд. 

    «- Пас аз ҳамаи ин кор ман меояму шумо маро бояд ба физличебнитса ҷо кунед, то ором шавам, ман дигар асабҳоям хароб аст!» - талаб мекард ин зан.

Зани дигаре мегуфт, ки раиси шаҳр бояд хонаи 1 утоқаи ӯро ба 2 утоқа иваз кунад, зеро писари маъюб дошта, мехоҳад бо писараш ҷудо зиндагӣ карда, писари калониашро хонадор кунад. «Хӯрокаам низ тамом шуд!» - гуфт дар охир он зан.

Чанд шаҳрванди соқу саломат аз раис талаб мекарданд, ки онҳоро аз ҳисоби шаҳрдорӣ ройгон ба истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо равон намоянд…

 

Аёдат

25.06.2022.  Соат бо вақти Хуҷанд 11:01 дақиқа. Чун шунидем, ки пас аз қабули шаҳрвандон Фирдавс Шарифзода ба аёдати 2 сокини ш.Хуҷанд меравад, мо низ зуд ба раис ҳамроҳ шудем. Нахуст ба хонаи сокини маҳаллаи Чорчароғи шаҳр Ибодат Раҳимова рафтем, ки мавсуф бемор буда, чанд моҳ боз дар бистари беморӣ хоб аст. Фирдавс Шарифзода дар баробари кӯмаки хӯрокӣ ба эшон аробачаи маъюбӣ низ тӯҳфа оварданд. Ба суоли раиси шаҳр, ки «чӣ проблема доред, чӣ кумак кунем?», зани марзи бо виқор посух дод, ки «Шукри Худо, аз ҳеч чиз кам нестем. Танҳо салому дуруди маро ба Ҷаноби Олӣ расонед, шуд!». Инро дида, гуфтам, «хуш ба ҳоли ин зан, мардуми 4 ишкелашон дуруст, дари ҳукуматро охурча доранду ин маризи бистарӣ чизе талаб намекунад»…

Пасон ба хонаи оилаи Сӯфиҷоноваҳо, ки дар кӯчаи Боғистон зиндагӣ мекунанд, рафтем. Бояд гуфт, ки хонаи Сӯфиҷоноваҳо санаи 23.02.2022 оташ гирифта, пурра сӯхта буд. Ин оила оилаи камбизоат ба шумор рафта, падар бемор ва модар дар бозори «Панҷшанбе» ба фурӯши ҷуворимакка машғуланд.

Пас аз оташ гирифтани манзил Фирдавс Шарифзода, раиси ш.Хуҷанд 2 маротиба ба хабаргирии онҳо омада, аз ҳисоби шаҳрдорӣ манзили нави истиқоматӣ бунёд шуда истодааст. Ин маротиб шаҳрдор барои ин оила яхдон ва термекс тӯҳфа оварда, гуфт, ки то рӯзи 9 сентябр - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи нави ин оила ҳатман тӯй баргузор хоҳад шуд.

 

Чойхонаҳои нав

Бештар аз ҳама дар ш.Хуҷанд ба ман чойхонаҳои эҳёшудаи мардумӣ писанд омад. Айни замон дар 3 маҳаллаи Хуҷандшаҳр чойхонаҳои миллӣ аз сари нав бунёд ёфта, мутобиқ ба тамоми расму таомули шарқӣ фаъолият доранд.

Мо аз 3 чойхона дар маҳаллаҳои Умар Ҷазза, Қӯшҳавз ва Сари Баландӣ дидан карда, сари 1 пиёла чой бо мӯйсафедон суҳбат намудем. Ин 3 чойхона бо ташаббуси бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода эҳё гашта, айни замон макони дӯстоштаи мардум, хосса мардон шудаанд. Дар бораи эҳёи чойхонаҳои миллӣ газетаи мардумии СССР борҳо гуфтаву навишта ҳам буд ва ана акнун мо самараи ин нигоштаҳоро дар Хуҷандшаҳр дидем.

Тавре  Маъмур Юсуфзод гуфт, шаҳрдории Хуҷанд тасмим гирифтааст дар тамоми 22 маҳаллаи шаҳр чойхонаҳои мардумӣ бунёд намуда, онро барои сокинон тӯҳфа намояд. Воқеан иқдоми хеле хуб ва саривақтиву зарурӣ барои мардум, зеро чойхона на танҳо макони суҳбату чойнӯшӣ, балки маркази фарҳангу тамаддун ва расму таомулу муоширати милливу мардумист. Ба раисони дигар шаҳру навоҳии кишвар месазад, ки аз ин иқдоми Раҷаббой Аҳмадзода ва Фирдавс Шарифзода ибрат гирифта, чойхонаҳои дар замони шӯравӣ машҳурро аз сари нав эҳё намоянд. Чаро не!?

 

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

А.Собир, суратгир

Душанбе-Хуҷанд-Душанбе,

25-26.06.2022

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase