Абдурашид Ҳамидзода, хонандаи ҳамешагии СССР аз н. Ёвон ба редаксия СССР занг зада (тел: 934692526), андешаи худро оиди пешниҳоди Сафаралӣ Сатторов, ки дар шумораи гузашта дар мавриди ақди никоҳ аз 21 солагӣ нашр шуда буд, баён намуд.  

    - Андешаи Шумо бародар бениҳоят хатост ва Худо накунад, ки ниҳодҳои мазкур ин пешниҳоди кардаатонро бипазиранд (Бовар дорам, ин ниҳодҳо ба ин таклиф таваҷҷуҳ нахоҳанд кард). Пеш аз ҳама вуҷуди биологии инсон ин таклифи шуморо чандон таҳаммул намекунад, агар шумо аз илми биология огаҳ бошед. Бо ин таклифи худ шумо духтаронро ба пирдухтар табдил медиҳед, ки аллакай дар ин сину сол онҳоро танҳо занмурдаҳо ё тақдираш баландӣ кунад кадом сарватманде зани дуюму сеюм мегирад. Аксарияти онҳо бероҳа мешаванду дар клубҳои дилхушӣ мебинедашон.

Дар хусуси тарбияву таълим бошад, инро гуфтаниам, ки духтаронро волидайн ё ворисон ва инчунин муассисаҳои таълимӣ бояд омода кунанд. Гумон доред, ки дар асри 21 бидуни тарбия духтарон аллакай худ тайёр мешаванд? Ин пешниҳоди шумо ҳамаҷониба хато ва амалӣ шуданаш барои миллат гарон меафтад.  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase