Ман Хӯҷаи Хизрро надидаам!!!

  • Чоршанбе, Июл 20 2022

 

т.е. Раҳими Ғармиро на-ме-ши-но-сам!!!!!!!

Ин матлаб таҳти фишор навишта шуд! Оре, аввалин бор ба ман фишор оварданд, ки мақола нависам. Ва ким гӯед? Коллективи кори редаксияи газетаи мардумии СССР. Дидед, бархӯрди демократӣ дар шарқ бо чӣ меанҷомад? Идибек ҳам фармон медиҳаду Ҷамила низ. Омиронаву А.Собир бошанд, умуман гузаронданд. Баҳодур дар Исфара дам мегираду а ля демократия гуфта, фармон медиҳад, ки «Шеф дар ин мавзуъ худатон нанависед, ман менависам!». Ростӣ, ана ҳамин таҳдиди охирӣ корагар шуд. Зеро Худое накарда, дар бораи Раҳими Ғармӣ хабарнигори мо-Баҳодур Уроқов нависад, каппаи ҳамаамон дуд мекунад. Чунки хонанда дигар намефаҳмад, мо Раҳими Ғармиро мешиносем ё не? Дӯстем бо ӯ ё душман? Хуҷаи Хизр ӯст ё касе дигар? Хуллас навиштам!

            04.07.2022. Соат ба вақти СССР 09:07 дақиқа. Ба кор омада дидам, ки коргардони маъруфи кинову телевизиони Тоҷик Убайдуллои Сафар бо нафаре интизори мананд. Баъдан маълум шуд, ки…нееее… Ҳодиса ин тавр рух дод…

            04.07.2022. Соат ба вақти Душанбе 08:53 дақиқа. Дар зинапояи ГЖК бо Хуршеди Атовулло ва Набӣ Юсупов вохӯрдам. Хуршед, бо лабханди танзомез гуфт, «нафаре Шуморо бо ман «путат» карда, пеши ман омадааст, ба дафтари коратон фиристодам». Бо лабханд гуфтам:

-Аниқ…доти рӯз шуд-ку? Бо ин мӯи ҷингилаи Шумои гиром, чигуна бо мани Кал-оннашаванда «путат» мекардаанд?

Набиҷон хандида гуфт, «дуруст, агар Хуршедро бо ман «путат» мекарданд, 1 дарди ба хайре будӣ» ва кулоҳашро аз сар гирифта, хуршедсарияшро ба намоиш гузошт. Ба хандидан хандидаму дилам ғиҷиррос зад, ки ин ҷо чӣ гапе ҳаст… ва ана акнун;

            04.07.2022. Соат ба вақти СССР 09:07 дақиқа. Ҳоҷӣ Убайдулло, ки аз аҳли сухан, нанг ва номус аст, гуфт ин нафарро аслан намешиносад. Ва насиҳат ҳам кард, ки «бародар, ҷавонмард аз худ ва Худо металабад, на зи бегонаву ҷудо». Аммо ба кӣ мегӯй?-гуфти Одина Ҳошими раҳматӣ. Шахси ношинос гапи ӯро буридаву мегуфт:

-Акаи Сайёф, маро бо Раҳими Ғармӣ шинос кун. Проблема дораммм…

Мутаассуф, ин ягона нафаре нест, ки ин шабу рӯз  ба ҷустуҷӯи Ҳазрати Хизри сонӣ, яъне Раҳими Ғармӣ, ки барои хайру сахош раҳмат бар падараш бод, ба редаксияи мо меояд. Ва низ охирин фарде набуд, ки бовар накард, чу ман гуфтам:

-Ман Раҳими Ғармиро намешиносам!!!

Акнун сареҳатан ва бо масъулият мегӯям, менависам, дод мезанам:

-Мардум!!! Ман Раҳими Ғармиро на-ме-ши-но-сам!!! Ва бовар кунед, ҳатто шинохтан ҳам намехоҳам! Зеро мабодо, шинос шавам, дар балои шумо мемонам…

 Раҳими Ғармӣ беҳтарин йигити тоҷик аст-гуфти Бобои Ғулом-ӯ коре мекунад, ки ҳазорон ҳазор сарватманди тоҷик бояд кунанд. Ба вежа, ки аксарият аз ҳисоби ҳамин мардум «ёфтаанд». Раҳими Ғармӣ бошад аз ҳисоби азму талоши худ. Зеро то ҷое медонем, сармояашро дар Россия, шуруъ аз мардикорӣ, ҷамъ кардааст. Худодод аст. Худодод зиёд аст. Худо, ки надод, магар миллионер мешавӣ? Вале ба фарқ аз вазиру раису саисони ватанӣ, ҷаноби Ғармӣ боз Худотарс ҳам ҳаст! Зеро ӯ закот медиҳад. Тамомии хайру сахое, ки дорад, ин закоти молаш аст. Закот, ки медиҳад, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоил (р.) молаш филтр мешавад, пок мешавад, тоза мешавад ва Худо бар баракаташ баракот замм мекунад. Яъне чӣ? Яъне дигар сарватмандон низ бояд дарк кунанд, ки «аз закот мол кам не-замм мешавад». Ва агар ҳар миллионеру миллиардери мо, вазирону раисоне, ки гӯё «надоранд»-у дар асл «доооо-р-анд», бояд низ закот диҳанд; бар баракаташон меафзояд. Ҳам ин ва ҳам ун дунёшон обод мешавад. Ин ҷо 1 қиссае ёдам омад, ки Очаам мегуфт:

Ривояти кампире, ки ин дунёро баргузид

Пирзоле сахт фақир пеши Худо нолид, ки давлат насибаш кунад. Нидое омад, ки «ин дунёро интихоб мекунӣ ё онашро?». Гуфт, «Худоё ин дунёямро деҳ, унашро худам дармеёбам!». Пагоҳ 1-и кампир 100 ва 100-аш ҳазор шуд. Гӯсфандаш 4 гоник, бузаш 6-гоник мезоду говаш 2-3 гоник. Ҳосили заминаш дар амбор намегунҷид. Ва кампире, ки ун дунёро интихоб накарда буд, ба хайру сахо гузашт, закот медод, дасти уфтодагон мегирифт, нонтеву дастархондор шуд. Чизе мисли Раҳими Ғармӣ. Ва чун фавтид, Худо ӯро ба биҳишт бурд ва бар ҳайрати фариштагон посух дод:

-Касе ун дунёро баргузидаву хайру сахо, закоту фидя медиҳад, ин дунёяшро ман биҳишт месозам...

Тамом! Ҳамин аст муҳтавои қисса, ки Очаи ман соатҳо тӯл дода, пахта чигит карда, таппак карда, нон пухта, хона рӯфта, шир дӯшида... нақл мекард ва моро ба хайру саховат таҳрик медод. Шояд Раҳими Ғармӣ ин қиссаро аз Очааш шунидааст. Сарватмандони дигар шояд нашнидаанд, ки фикр доранд, дунё дар ҳамин ҷо тамом мешавад. Закот андоз нест, ки фикр доштем. Закот филтри мол аст. Худо моро месанҷад, ки оё аз даромади соф, молу маноле, ки Ӯ бар мо додааст, мо метавонем, ҳиссаи кӯчакашро кандаву нисори халқи Худо созем?! Ва чун хайру сахо накардем, закоти мол надодем, сипас эээ мегирйемееее...

-Бозорҳоямон аз расиши ноқил сӯхт!

- Бонкҳо банкрот шуданд!!!

- Фалонӣ аз қурби доллар бохту худро ос кашид...

О, боре фикр намекунем(д), ки шояд моро Худо задааст? О, нашавад, ки Худо фаромада, бо дасти худ бозори мо, моли мо, хонаи мо, заводу фабрикаи моро сӯзонад?

Калтаки Худо садо надорад,

Баъд аз заданаш даво надорад!!!

            Ва аммо баргардем сари Раҳими Ғармӣ, ки ман на-ме-ши-но-са-маш. Занону духтаракони 4 ишкелашон дуруст ҳамарӯза меоянду аз ман нишонии ӯро пурсон мешаванд. Мардони бузбалае, ки 1 мушт зананд,  10 Раҳим меғалтад, аз ман адрес ё тилфони Ғармиро мепурсанд...

Стоп! Медонед, чаро ҳаммаҳалла, ҳамдиёр, ҳамгузари мо чун ба сарват расид, аз мо мегурезад? Неъ? Ман гӯям-мӣ? Зеро талбончакии мо ишонро мардумгурез кардааст!!!

Боре навиштам, интернет мардуми оламро ба мартабаҳо расониду моро интернет-талбанда кард. Боварам накардед. Акнун бинед, ки аз сарамон чӣ мегузарад?

Даст аз тамаъ бишӯй, ки аз шумии тамаъ,

Дар ҳаққи худ, дуои гадо, нест мустаҷоб!

            04.07.2022. Соат ба вақти СССР 09:27 дақиқа. Ҳамон мардаке, ки тилфони Раҳими Ғармиро мепурсид ва ба «намедонамҳо»-и ман ҳич бовар надошт, расо 20 дақиқа дар ҳаққи ману Раҳим дуо кард!!! Худо бубахшад, вале нахустин бор дар умрам, рақами тилфони нафареро, бидуни иҷозат, ба ин марди инҷиқ додам. Тилфони Орзу Исоевро… Орзу, бародар, узр, вале коре дигар аз дастам наомад. Зеро бояд ба ҷанозаи 1 мусалмон мерафтаму ин номусалмон ҷавобам намедод. Ҳоло бовар дорам, аз номи ман «зангават» мекунад-гуфти ҷавонони муосир…

            Вале агар ба ҷидд бигирем, чаро 1 миллат пойбанди саховати 1 марде шудааст? Чаро ин мардум аз давлат, ҳукумат, ватан наву аз Раҳимҳо, Исмоилҳо, Муродмаҳмудҳо, Фейсҳо, Фейкҳо, Ютубҳо ва аксаран муҳоҷирони кор хона тамаъ доранд? Чаро мо ба глобал-талбандагӣ гузаштаем? Чаро ҷӯгӣ нони қоқ металабаду мо-Тоҷикон хонаву дару ҳавливу мошин??? Миллати талбанда ва гадо нашудаем, оё?

Ба фикри сирф шахсии ман, ки метавонад ғалат ҳам бошад, ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ, корхонаҳо, заводу фабрикаҳо… бояд анъанаи шӯравии тақдими манзили зист ба кормандонашонро эҳё кунанд. Зеро инсон, ки аз ҳукумат хона гирифт, аз коргоҳ, ки гирифт, аз завод, ки гирифт, ба ин ватану ин давлату ҳамун корхона содиқ мемонад. Бовари мардум ба Давлат меафзояд. Ва то ин механизм пурра ба роҳ монда нашавад, муҳаббати инсонҳо ба ҳукумат коставу ба афроди сахӣ афзунтар мегардад, ки оқубаташ ба хайр бод!

PS: Ҳаргиз зидди метсенатство на будам ва на ҳастам. Офарин бар Раҳими Ғармӣ!!! Вале ин ҷавонмардро бо «бте, бидеҳ, тит, бдим»-ҳо гурезон накунем? Метсенат худ медонад, ки ба кӣ хайр кунаду бар ким сахо. Ба протсес кордор нашавед. Нафси интернетиатонро ҷилав занед. Накунед коре, ки садсолаҳо ба шумову таборатон мардум бихандад. Зеро:

-Меравад солҳои гушнагӣ,

Мемонад паси сӯхтагӣ…

Ва ё худ:

Нафурӯшед, зи ночорӣ яке виждонро,

Умри кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад…

Монед метсенатҳои мо-Раҳимҳо, Исмоилҳо, Маҳмудҳо ба маъюбу маълӯлон хайру сахо кунанд ва тибқи амри Худо закоти молашонро бар бечорагону ятимону бознишастагон бубахшанд ва ҳаргиз аз пули дигарон ба ҳаҷҷ наравед:

 Тарсам нарасӣ ба Каъба эй аъробӣ,

К-ин раҳ, ки ту меравӣ, ба Туркистон аст!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase