Колхозҳоро созмонҳои хориҷӣ барҳам заданд!!!

  • Чоршанбе, Авг 03 2022

 

 (Идома аз шумораи гузашта)

 

Заминҳои президентӣ халқро наҷот дод

Абдуҷаббор Зардиев, собиқ раиси ш.Кӯлоб ва раиси хоҷагии калонтарини ин минтақа «Ленинград», ки чанде пеш ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР ва Ютуб канали СССР меҳмонаш буданд, дар бораи таҷдии колхозҳо ва тақсим намудани заминҳои он ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зимни суҳбат гуфт, ки ин тақозои он замон, яъне 25-30 сол пеш буд.

   - Ман худам шахсан шоҳиди он будам, ки чи гуна Сарвари давлат ба хотири аз гуруснагӣ наҷот додани мардум ва таъмини халқ бо нону гандум дар солҳои баъдиҷангӣ наздики 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои наздиҳавлигӣ ё заминҳои президентӣ тақсим карда доданд. Он солҳо солҳои вазнин буд, пас аз анархияи Горбачевӣ ва барҳампошии давлати абарқудрати СССР вазъият дар аксари кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ хеле вазнин шуда, мо маҷбур будем роҳи ба мардум нон пайдо карданро ёбем.

             Президенти кишвар дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассос маро ба наздашон хонданд-ман иштирокчии бевоситаи иҷлосияҳои моҳи октябри соли 1992 ҳастам, ҷамъ шудему маслиҳат кардем, ки чи кор бояд кард, то мардумро аз вартаи гуруснагӣ наҷот диҳем. Он замон пешниҳоду хулоса карда шуд, ки колхозҳои калоне, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ зарароваранд, барҳам дода, ба ҷояшон хоҷагиҳои хурд ташкил шуда, мардум кору нони худро пайдо кунанд. Мақсади 1-ум ҳамин буд, таъмини мардум бо кор ва нон.

  

Ташкилотҳои хориҷӣ зидди к/зу с/з

Дигар ин ки ташкилоту созмонҳои хориҷие, ки давлати абарқудрати СССР-ро барҳам дода буданд, барои комилан аз байн бурдани ғояҳои коммунистӣ ва коллективкунонии шӯравӣ, ҳама чораҳоро андешиданд, ки к/зу с\зҳо умҳимтарин дастоварди он давлат низ аз байн равад. Аз он ҷумла МВФ-Бунёди байналмилалии асъор, ки он вақт ба кишвари мо  барои мустаҳкам намудани иқтисодиёт пул ҷудо мекард, бар ивази он талаб намуда буд, ки колхозҳои калон таҷдид шуда, ба хоҷагиҳои хурд тақсим карда шаванд. Ҳамин тавр шуд, вале ман фикр мекунам, ки манзури Президенти мамлакат он замон таҷдиди колхозу совхозҳои аз лиҳози иқтисодӣ муфлису фалаҷгашта буд, на барҳам додани колхозҳои калони фоидаовар ва лозимӣ, мисли хоҷагиҳои тухмипарварӣ. Вале одамоне пайдо шуданду ҳамаро-ҳам хоҷагиҳои муфлисшуда ва ҳам хоҷагиҳои сарватмандро тақсиму таҷдиду барҳам доданд. Табарзан ҳам баробар шуду найзазан ҳам. Ба ҷойи 1 хоҷагии бузург, ки супориши давлатро иҷро мекард, 10-20 хоҷагии кӯчак пайдо шуд, ки бархе ғайри хӯрондану пӯшондани аҳли табори худ, коре дигар намекард. Ҳоло 35 сотих ҳам хоҷагии деҳқонисту 1 гектар ҳам хоҷагист.

 

К/з - давлат дар дохили давлат

Дар идомаи суҳбат Абдуҷаббор Зардиев аз колхозҳои дар замони советӣ машҳур ва раисони онҳо ба мисли Абдуғафур Самадов, Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев ва Миралӣ Маҳмадалиев ёд кард.

   - Бубинед, колхозҳои калони давраи шӯравӣ мисли 1 давлати хурд дар давлати калон буданд, зеро ба ғайр аз биноҳои маъмуриву фермаю клуб боз мактабу беморхонаву боғчаи кӯдакону китобхона ва даҳҳо иншооти дигари маишӣ бунёд карда, ҳатто комплексҳои агросаноатӣ низ доштанду маҳсулоти хешро пас аз ҷамъоварии ҳосил, коркард намуда, ашёи хом ба давлат месупориданд. Хоҷагиҳои калон ба ғайр аз пешбурди сиёсати стротегиву иқтисодиву иҷтимоӣ боз роҳ месохтанду каналҳои нав бунёд мекарданд, саноату чорводорӣ ва боғкориву тиббу фарҳангро низ тараққиёт мебахшиданд. Аз он ҷумла мо низ дар замони фаъолият 14 мактаб сохтем, 1 беморхонаи минтақавӣ бунёд кардем, ки то ба ҳол ба 3 ноҳия хизмат мерасонад, 4 клуби сохтаи мо ҳоло ҳам побарҷост. Мо ба давлат кӯмак мекардем, мо интизор надоштем, ки кай давлату ҳукумат омада барои мо месозад.

 Дар минтақаи Кӯлоб раисони номдори боғайрат зиёд буданд, аз он ҷумла Миралӣ Маҳмадалиев, Абдӣ Авазов, Зарипов, Карим Уроқович, Ҳаким Бобоевич, дар худи н.Данғара Эмомалӣ Шарипович раиси 1 колхози бақувваттарини ноҳия буданду колхоз комплекси худро бунёд карда буд. Мо ҳамкорӣ доштем, аз колхози мо лаблабу мебурданду мо аз колхози онҳо беда меовардем (воқеан ҳам вазири саноат мегӯяд, дар Тоҷикистон лаблабу намешавад. О, мана мешуд-ку, дар даврони советӣ?!). Хоҷагиҳои калон ҳамин хел ҳамкорӣ доштем.

Вале ҳоло чиро мебинем? Дар сари замини кишт, ки бояд солҳои зиёд ҳосил диҳад, хона сохтаанду оғил кардаанд. Раисони навбаромад парвои стротегияи давлатӣ на танҳо надоранд, ки намедонанд, маҳсулоти стротегӣ кадом асту чӣ коранду чӣ на. Ҳама кору борашон стихиявӣ. Бозорро рафта мебинанду меоянду киштро сар мекунанду маҳсулоте мекоранд, ки ҳамин рӯз нархаш гарон буд…

 

Пахта 10 маротиба «мечархид»

   Дар замони советӣ мо кишоварзони Тоҷикистон ба давлати СССР пахта медодем. Он замон ба 2 кило пахтаи мо 15-20 кило гандум медод. Имрӯз бошад 1 кило пахтаи мо 2 кило гандум намешавад. Дар вақташ 70% даромаднокии хоҷагиҳо барои қонеъ намудани талаботи халқ мерафту 30% барои рушди саноат. Имрӯз баръакс 70% барои хароҷоти саноатӣ мераваду танҳо 30% барои мардум.

Ҳоло 1 хоҷагии деҳқонӣ 35 сотих замину 2-3 гов дораду каме картошка коридааст ва он ҳам барои эҳтиёҷоти худаш.

 Вале вақте мо пахта мекоридем, 10 маротиба ба давлат фоида меовардем. Аз 1 кило пахта ба ғайр аз кишоварзу пахтачину ронанда боз коргарони фабрика, ки онро коркард, ранг, ришта ва матоъ мекарданду пасон ба бозор мебароварданд, бо фурӯшандаю харидору дӯзандаю соҳиби либос кор меёфту  фоида медид. 1 кило пахта 10 маротиба чархида, 10 нафарро мехӯронду мепӯшонд. Ҳоло ин тавр нест…

 

 Ба колхоз бармегардем!

Абдуҷаббор Зардиев дар идомаи суҳбат таъкид дошт, ки сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба барқарор сохтани колхозҳо ё шакли нави хоҷагидорӣ, ки ба сохти колхозҳои шӯравӣ монанд бошад, боиси таҳсин ва дастгирист.

   - Бубинед, Раҳбари кишвар ба кишоварзони хориҷӣ, аз ҷумла хитоӣ, имконият дод, то омада дар Тоҷикистон пахтакорӣ кунанд. Ин пахтакорие, ки хитоиҳо дар н.Данғара мекунанд, аналог надорад ва ҳамон шакли интенсивӣ аст, ки дар замони шӯравӣ соли 1969 ман ҳатто вобаста ба он дар мисоли 2 колхози машҳур (колхози бобои Миралӣ Маҳмадалиев ва колхози Абдуғафур Самадов) кори дипломӣ навишта будам.

 Деҳқони тоҷик кай фикр мекард, ки бе чобуқу култиватсия пахта мешавад, аммо имрӯз мешавад? Ҳоло хитоиҳо собит карданд, ки мешудааст!  Бубинед «Водии заррин» дар н.Ҷайҳун чи қадар кори хуб дорад, ҳазорҳо гектар замин бо роҳи нав кишт шуда, комплекси агросаноатӣ бо маром рушд мекунад. Кооперативҳои «Сомонҷон»-у «Раҳмонҷон» ва корпоратсияи «Мармарӣ» низ ҳамон шакли нави хоҷагидорӣ буда, фаъолияташон хеле хубу босамар аст. Ин кооперативҳо ҳазорҳо гектар замин доранд ва ман мутмаинам, ки даҳҳо хоҷагиҳои хурди дигар бо ин кооперативу комплексҳои нав рақобат карда натавониста, аз байн мераванд.

 Бархе аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар 25-30 соли фаъолияти худ на мактабе сохтанду на боғчаи кӯдаконае, на мағозае ва на ҳавзе, ҳоло он, ки пеш аз ҳама бояд барои хоҷагидорону саҳмдорони худ шароит фароҳам созанд. Инҳо чи гуна бо кооперативу корпоратсияҳои нав рақобат мекунанд? Коре, ки «Водии заррин»

мекунад, коре, ки корпоратсияи «Мармарӣ» мекунад, мо дигар карда наметавонем, зеро онҳо бо технопарку комплексу технологияи муосир кор карда истодаанд. Раванди мутамаркази онҳо ба назар ҳамон колхозу совхозҳои абарқудрати шӯравиро меорад. Ва бояд чунин бошад!

 

«Ленинград»-ро Ҷаноби Олӣ ҳифз кард…

Колхози «Ленинград» яке аз хоҷагиҳоест, ки новобаста аз шароити вазнини иқтисодиву сиёсии 30 соли пеш тавонистааст худро ҳифз кунад.

   - Мо аз Сарвари давлат хеле минатдорем, ки барои нигоҳ доштани колхози мо кӯмаки бузург карданд. Агар Президенти кишвар намешуданд, колхози мо низ мисли дигар колхозу совхозҳо  кайҳо барҳам хӯрда, ба садҳо хоҷагии деҳқонии хурд-хурд тақсим шуда, шояд бархе имрӯз аз байн мерафт, ба қавле моро ҳам «мехӯрданд». Нигоҳ доштани колхоз хеле мушкил буд.

1 чизро бояд гӯям, роҳбарӣ дар замони советӣ хеле осон буд, аммо пас аз барҳамхӯрии давлати советӣ ин кор хеле мушкил шуд. Ҳамаи корро аз сирф сар кардем, бархе таъна ҳам мезаданд, ки чаро мо ба мардум заминҳоро тақсим карда додему шумо колхозро маҳкам қапидаеду боз барои солҳои оянда захира мекунед. Дастгирии Сарвари давлат буд, ки колхози мо ҳифз гашт ва исбот ҳам шуд, ки маҳз 50% колхозҳои ҳифзшуда дар амалӣ намудани ҳадафҳои давлату ҳукумат, аз ҷумла дар бахши иҷтимоӣ пешсафанд, - таъкид дошт Абдуҷаббор Зардиев.

 

С.Достиев,

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

А.Собир-аксбардор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase