ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июн 27 2016

Вазири корҳои дохилии кишвар, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар қуллаҳои баланди кӯҳсори ноҳияҳои Ванҷу Рушон ва Язгулом, наздикии сарҳади Афғонистон, машқҳои махсуси тактикии кӯтоҳмуддат барои назорати бехатарии хатти парвози ҳавопаймоҳо баргузор намуд. 

Панҷшанбе, Июн 23 2016

Шаби гузашта, 22 июн, соати 03:00 дақиқа Миралии 27-сола, писари Сулаймон Валиев-муовини раиси н.Бохтарро дар ҳолати вазнин ба бемористони маркази вил.Хатлон ба номи Б.Воҳидов бистарӣ карданд.

Чоршанбе, Июн 22 2016

Дар н.Данғара байни 2 деҳа-«Чорсада 1» ва «Чорсада 2» бо ширкати 40 нафар омада муноқиша сар зада, аз ин ҳамла сокинони деҳа ҷароҳат бардошта, 1 нафар бо латхӯрии мағзи сар ҳоло дар бемористон аст. Мудири шӯъбаи кор ба кадрҳои н.Данғара Сайдализода Садриддин дар сӯҳбати хабарнигори СССР тасдиқ кард, ки байни 2 деҳа-«Чарсада 1» ва «Чорсада 2» муштзанӣ шуда, айни ҳоло сабабҳои муноқиша, ки дар вақти намози таровеҳ рӯй додааст, ҳоло маълум нест. Деҳаи Чорсада 2 аз соли 2009 бунёд ёфта, аксарияти мардуми деҳа аз н.Нуробод муҳоҷир шудаанд. Дар ин самт бо сокинон ва бо имомхатибон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишот мебарад.

Баҳодур Уроқов

СССР, вил.Хатлон

 

Душанбе, Июн 20 2016

 19.06.с.2016, соати 11.30 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани амалиёти якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан, аз силоҳи оташфишон аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонида шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад.

Шанбе, Июн 18 2016

Хонандагони ноҳияи Восеъ ҳангоми шиноварӣ дар соҳили дарёи  Сурхоб 26,5 кг маводи мухадираи навъи  афюн дарёфт намуданд.

Шанбе, Июн 18 2016

Шоми 17 июни соли ҷорӣ аз маҳбаси низомаш сангини шаҳри Хуҷанд 3 нафар маҳбусон фирор карданд. Фирори ин маҳбусон пас аз задухӯрд бо сарбозон – посбонон сурат гирифта фирориён бо истифода аз аслиҳаи ин сарбозони кушта ва маҷрӯҳшуда аз зиндон берун шудаанд.

саҳ 73 аз 83

Китобҳо

Flag Counter