Шумораи кушташудагони ин қазияро то ҳол касе аз масъулини мақомоти қудратии кишвар арзёбӣ накардааст, аммо бар асоси бархе аз хабарҳо, аз 3 нафари фирорӣ 1 тан ҳангоми таъқибкунӣ кушта ва 1 нафар боздошт гардидааст. Дар бораи теъдоди аниқи сарбозони кушташудаи маҳбас низ иттиллои дуруст нест. Ҷустуҷӯӣ фирории охирин дар қаламравӣ вилояти Суғд идома дорад.
Чуноне ки ба мухбири СССР 1 мақоми баландпояи мақомоти қудратии кишвар иброз дошт, маҳбусони фирорӣ асосан бо ҷурми узвият ба ҷараёни ғайриқонунии «Салафия» ва ДИИШ айбдор ва суд шуда барои солҳои тӯлонӣ паси панҷара равон гашта буданд. Айни замон дар кишвар «Бонги хатар» эълон гашта тамоми ниҳодҳои қудратии мамлакат дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Тафсилоти бештар дар бораи ин қазия бо расидани итттиллоти нав дар сомонаи мо нашр хоҳад шуд.
СССР