ХАБАРИ ДОҒ

Писари Валиев 6 корд хӯрд

  • Панҷшанбе, Июн 23 2016

Шаби гузашта, 22 июн, соати 03:00 дақиқа Миралии 27-сола, писари Сулаймон Валиев-муовини раиси н.Бохтарро дар ҳолати вазнин ба бемористони маркази вил.Хатлон ба номи Б.Воҳидов бистарӣ карданд.

Сулаймон Валиев дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигори СССР гуфт, ки шаби гузашта ҳамсояи писарам, зану шавҳар бо ҳам ҷанҷол мешавад. Зан аз зарбу лати шавҳар ба хонаи Миралӣ омада, аз ӯ кӯмак ва раҳоӣ мепурсад. Шавҳар дар ҳолати мастӣ ва кор дар даст занашро дар хонаи Миралӣ меёбад. Ҳини муноқиша ва занозании занушӯӣ Миралӣ 6 корд «мехӯрад» ва захмӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, Валиҷон Сатторов-духтури ҷарроҳи бемористони мазкур мегӯяд, «ҳолати бемор вазнин аст, зеро ҳини корд задан қариб 2,5-3 литр хун кам шудааст ва бемор таҳти назорат аст. Кӯшиш мекунем, ки саломатияшро дар ҳолати устувор биёрем».

Баҳодур Уроқов,

СССР, вил.Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter