ХАБАРИ ДОҒ

Ҷангҳои маҳаллӣ дар Данғара

  • Чоршанбе, Июн 22 2016

Дар н.Данғара байни 2 деҳа-«Чорсада 1» ва «Чорсада 2» бо ширкати 40 нафар омада муноқиша сар зада, аз ин ҳамла сокинони деҳа ҷароҳат бардошта, 1 нафар бо латхӯрии мағзи сар ҳоло дар бемористон аст. Мудири шӯъбаи кор ба кадрҳои н.Данғара Сайдализода Садриддин дар сӯҳбати хабарнигори СССР тасдиқ кард, ки байни 2 деҳа-«Чарсада 1» ва «Чорсада 2» муштзанӣ шуда, айни ҳоло сабабҳои муноқиша, ки дар вақти намози таровеҳ рӯй додааст, ҳоло маълум нест. Деҳаи Чорсада 2 аз соли 2009 бунёд ёфта, аксарияти мардуми деҳа аз н.Нуробод муҳоҷир шудаанд. Дар ин самт бо сокинон ва бо имомхатибон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишот мебарад.

Баҳодур Уроқов

СССР, вил.Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter