Бояд хотиррасон намоем, ки 17.06.2016 соати 20.45 аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маҳбусон Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич 20.04.1988 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ки барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол аз озоди маҳрум гашта буд, Юсупов Ҳабибҷон Анварович 05.02.1980 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ки барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд ва Қаюмов Мирзозариф Мирзошарифович 05.06.1986 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ки барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, бо маслиҳати пешакӣ кӯшиши фирор, аз муассисаи ислоҳиро намуданд. Ҳангоми фирор якеи аз онҳо Қаюмов М.М. дар ҷои ҳодиса аз тарафи посбонони муассиса бо истифодаи силоҳи оташфишон нобуд карда шуд. Юсупов Ҳ.Н. бо зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шуд, Додохонов Р.Ҷ. баъди зарари ҷисмонӣ бардоштан аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд.
СССР