Майдони манофеъ
27.04.1978 дар Афғонистон табаддулоти ҳарбӣ сар зад ва дар натиҷа подшоҳи кишвар Муҳаммад Довуд сарнагун карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон (НДПА) гузашт. Он, ки дар собиқ СССР бо номи Инқилоби Савр (инқилоби апрелӣ) маъруф буд, яке аз руйдодҳои мармуз дар таърихи навини Афғонистон аст ва ҳамсоякишвари моро гирифтори ҷанги дохилӣ кард, ки алангаҳояш то ҳол хомӯш нашудаанд. Афғонистон чун майдони манофеи стротегӣ кишварҳои зиёдеро ба худ ҷалб мекард. Яке аз ин кишварҳо СССР буд. Аввалин кишвари Шӯроҳо ҳамеша мекӯшид манофеи сиёсӣ ва иқтисодии худро дар ин кишвар пиёда кунад. Аз сӯи дигар Чин ва НАТО низ мехостанд дар ин кишвар ҳузури ҳарбӣ ва иқтисодӣ пайдо кунанд ва ин барои СССР дарди сари дигаре дуруст мекард. Барои пешгирии ин хатарот СССР пеш аз ҳама дар манотиқи шимолии Афғонистон фаъолияти сахт мебурд ва аз ҳукумати Афғонистон талаб карда буд, шаҳрвандони кишварҳои аъзои НАТО ба ин манотиқ роҳ дода нашаванд. Дар баъзе маворид ҳатто мутахассисони СММ, ки дар навоҳии шимолии Афғонистон канданиҳои фоиданок меҷустанд, ба ин манотиқ роҳ дода нашуданд. СССР замони ҳукумати Довуд дар Афғонистон манофеи иқтисодӣ низ дошт. СССР дар авохири солҳои 1960 қисмате аз гази Узбакистон ва Тоҷикистонро аз Афғонистон таъмин мекард. Афғонистон тибқи маълумотҳои мавҷуда, солона ба СССР аз 2,1 то 2,7 млрд кубометр гази табиӣ медод. Бо вуҷуди ин Афғонистон ҳамоно яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон будӣ.
Довуд ва рӯҳониҳо
Ҳукумати нави Довуд корро дар кишвар аз ислоҳоти аграрӣ оғоз кард, лек кӯшиши навовариҳо дар ниҳодҳои дохилидавлатӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ мухолифати ашаддии руҳониятро ба бор овард.
Ворисони Феликс
19.04.1943 бо фармони махфии Сталин дар хадамоти зиддиҷосусии Артиши Сурх, Раёсати асосии зиддиҷосусии "Смерш" таъсис дода шуд. Ин ниҳод ҳамагӣ 3 сол-аз с.1943 то с.1946 фаъолият кард ва яке аз нерӯмандтарин ниҳодҳои қудратӣ дар собиқ шӯравӣ буд. Дар фаъолияти пурсамари хадамоти ҷосусии кишварҳо ҳамеша роҳбар нақши вежа дошт. Барои мисол, хадамоти ҷосусии Олмон (Абвер) маҳз бо омадани адмирал Канарис дар фаъолияти худ ба муваффақиятҳои назаррасе расид. Дар Маскав низ инро хуб дарк мекарданд ва хадамоти ҷосусии СССРро, ки заминаҳои онро ҳанӯз солҳо қабл Феликси оҳанин тарроҳӣ карда буд, афроди зирак сарварӣ мекарданд. Ин хадамот яке аз беҳтаринҳо дар дунё будӣ. Дзержинский ва пайравонаш тавонистанд дар муддати кӯтоҳ шабакаи густардаи ҷосусиро дар саросари ҷаҳон роҳандозӣ ва дар болотарин зинаҳои ҳукуматии кишварҳои Ғарбӣ ҷосусони содиқе пайдо кунанд. Давомдиҳандагони кори ӯ низ аз устоди худ камӣ надоштанд. Дар аввали солҳои 1930 Березин, Уритский, Артузов ва Борович аз сӯи Шӯъбаи ҷосусии АС ва Слутский, Серебрянский, Каминский бо Эйтингон аз ҷониби ОГПУ-НКВД тавонистанд дар Аврупои Ғарбӣ ва Шарқи Дур дастгоҳи пурзӯри ҷосусӣ-тахрибкориро рӯи кор оранд. Ин шабакаи густардаи ҷосусӣ беш аз 300 ҷосусро дар бар мегирифт. Нақши вежаро дар роҳандозии шабака ҷосусони хоси пинҳонкор ба мисли Арнолд Дейчи австриягӣ (тахаллусаш Ланг), ки тавонист 5-гонаи маъруфи Ким Филбиро дар Англия барои ҳамкорӣ бо СССР даъват кунад; рӯҳонии калисои католикӣ-Теодор Малии венгер; корманди собиқи хадамоти ҷосусии Штаби генералии Полша-Богуславский; ҷосусони маъруф Шандор Радо, Леополд Треппер, Рихард Зорге, Эрнест Волвебер... ифшо карданд. Барои мисол дар Олмон гурӯҳи Шолтс - Бойзен (дар ситоди Геринг), Харнак дар вазорати иқтисод, Кукхофф ва Штебе дар ВКХ ва Леман дар гестапо (пулиси махфӣ) хело муввафақона амал мекарданд.
Мудофиакории инқилобӣ
Ҳангоми инқилоби февралии Русия пешвои ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин дар шаҳри Сюрихи Шветсария қарор дошт. Баъд аз шунидани хабари инқилоб дарҳол кӯшид то ба Русия бозгардад, лек чандон осон набуд, чун Олмон, ки бо Русия дар ҳолати ҷанг қарор дошт, сари роҳи доҳӣ меистод. Кӯшид, то тавассути Англия вориди Русия шавад, аммо ҳукумати англис ба ӯ иҷозаи гузаштан аз қаламрави худро надод. Аз рӯи баъзе маълумотҳо вай ҳатто мехост бо шиносномаи қалбакӣ тариқи Стокголм (Шведсия) вориди Русия гардад. Бо ин мақсад ба Ганетский-намояндаи худ дар Стокголм дастур медиҳад, касеро биёбад, ки дар зоҳир ба ӯ монанд бошад. Ахир, доҳии болшевикон барои ворид шудан ба Русия ба ҳукумати Олмон муроҷиат мекунад ва немисҳо ӯро дар вагони хоси пломбадор ба Русия интиқол доданд. Ба ақидаи Ричард Пайпс-муҳаққиқи англис ҳукумати олмонӣ ҳатто кӯшиши шинос шудан бо нақшаи сиёсии ӯро накарданд, ба онҳо ақидаи зидди ҷангии ӯ кифоят мекард. Олмон ба ҳар роҳ мекӯшид Русияро аз ҷанг берун кунад. Бояд гуфт, ҳамроҳи Ленин дар ин вагони махфӣ сиёсатмадорони дигаре низ қарор доштанд ва инчунин немисҳо дар чунин вагонҳои махфӣ, дар қатори болшевикон, 159 тан намояндаи ҳизби эссерон, меншевикон ва миллигароёнро низ тавассути Олмон вориди Русия карданд. 3.04.1917 доҳии болшевикон ба Петроград даромад. Ленинро дар наздикиҳои Петроград гурӯҳи роҳбарони ҳизби болшевикӣ аз қабили И.Сталин, Мария Улянова, А.Колонтай... пешвоз гирифтанд.То омадани Ленин ба Петроград қариб аксарияти роҳбарияти болшевикон аз ақидаи меншевикон ҷонибдорӣ мекарданд. Меншевикон мардумро ба созиш кардан бо Ҳукумати муваққат даъват карда, ақида доштанд, инқилоби сотсиалистӣ ҳоло дар Русия номумкин аст.
Марги кайҳонӣ
27.03.1968 дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ аввалин кайҳоннаварди дунё Юрий Гагарин ба таври мармуз фавтид. Ҳукумати Шӯравӣ фардо рӯзи дигар баёнияи расмие содир карда, дар он сабабҳои садамаро шарҳ дод. Дар баёния гуфта мешуд, ки садама ҳини парвози тамринии қиркунандаи УТИ МиГ-15 рух додааст. Барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи давлатӣ созмон дода шуд, лек баъди 6 моҳ Кремл парвандаи садамаи ӯро қатъ карда, тамоми асноди ҳаводис зери тамғаи махфӣ қарор дода шуд. Набуди маълумоти расмӣ дар мавриди ин қазия, дар навбати худ ҳангомаҳои зиёде эҷод кард. Баъзеҳо мегуфтанд, Юра ва сарнишини тайёра Серёгин 18 рӯз пештар ҳини парвоз дар гирди Моҳ ба ҳалокат расидаанд ва дар тайёра аслан ҳузур надоштанд. С.1990 дар Венгрия китобе нашр шуд, ки муаллифаш иддаъо мекард, Гагарин кайҳоннаварди аввалин на, балки нахустин фотеҳи кайҳон шахси дигаре буд, ки ба ҳалокат расид. Юра, ба гуфти муаллиф, аз ин қазия огоҳ буд ва виҷдонаш ӯро сахт азият медод. Ахир ба азоби виҷдон тоб наоварда, даст ба худкушӣ зад.
Тасхири Моҳ
Асоситарин сабаби ин гумон он буд, ки он шабу рӯз СССР киштии навбатии бе сарнишини худро, ки бо истилоҳи "Зонд" маъруф буданд, ба фазои кайҳонӣ сар дод, ки инчунин Л1 ё 7К-Л1 низ меномиданд. Фатҳи кайҳон он шабу рӯз яке аз нишонаҳои асосии абарқудратӣ будӣ ва СССР ба ҳар васила мехост худро дар ин самт пешсаф кунад. Дар тасхири Моҳ СССР танҳо дар симои ИМА як рақиб дошту халос. Амрикоиҳо октябри с.1968 парвози "Аполлон-7"-ро бо 3 кайҳоннавард ба нақша гирифта буданд ва тибқи нақша мебоист 11 рӯз дар кайҳон мемонданд.
28.03.1940 олимони амрикоӣ Мак-Милан, Кеннедӣ ва Вал изотопи нави ураниюм – плутоний-239-ро кашф карданд, ки поягузории асосии бомбаи атомӣ гардид. Ин изотоп бисёр қавӣ буда, давраи пароканишии он 24.000 солро ташкил медиҳад. С.1942 олимони амрикоӣ тавонистанд плутонийи тозаро ба даст оранд ва баъдан аён шуд, ки ин изотоп дар шакли табиӣ низ вуҷуд дорад. Ин лоиҳа аз мактуби маъруфи Алберт Эйнштейн ба президенти ИМА Франклин Рузвелт оғоз меёбад. Эйнштейн дар ин нома ҳушдор медиҳад, ки Олмони фашистӣ метавонад дар солҳои наздик соҳиби бомбаи атомӣ гардад. Рузвелт баъди баррасии нома дастур медиҳад, ки дар ИМА таҳқиқотҳо дар ин самт ба роҳ монда шаванд ва ин таҳқиқотҳо “лоиҳаи Манхэттен” ном гирифтанд. Мақсади асосии лоиҳа сохтани бомбаи атомӣ шуд. Лоиҳа аз 12.08.1942 ба фаъолияти худ сар кард. Декабри с.1942 амрикоиҳо дар Чикаго аввалин реактори атомиро ба кор дароварданд. Он имкон медод теъдоди зиёди плутонийро ба даст орад. Барои истеҳсоли плутоний аз ураниюми 238 ва ураниюми 235 истифода мекарданд. Тобистони с.1943 амрикоиҳо ба сохтмони реактори атомии нав, ки реактори "В" ном гирифт, оғоз карданд ва он имкон медод плутонийро аллакай дар сатҳи саноатӣ истеҳсол кунанд. Иқтидори реактори нав 250 МВт-ро ташкил медод.
Тринитӣ ва Фарбеҳак
Ахир, баҳори с.1945 амрикоиҳо аз реакторҳои худ плутонийи зиёде истеҳсол намуданд ва ин ба онҳо имкон дод 2 бомби атомӣ бисозанд, ки Тринити ва Фарбеҳак ном гирифтанд. Аввалин озмоиши атомӣ 16.07.1945 дар назди шаҳраки Аламогордо дар иёлоти Ню-Мексика амалӣ шуд. Бомби Тринити 6 тонн вазн дошт ва вазни умумии плутоний дар он ҳамагӣ 6,2 кг-ро ташкил медод.
Аз Ҷамшед то Сосониён
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор аст. Аслан ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои соли навии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз таваллуди ҳазрати Исо (с.а) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд, аз ҳиҷрати Расули гиромии ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хос доранд, лек ҳеҷ кадом аз инҳо ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо ин ҷашни қадимии мардуми ориёитабор пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст. Чун маҳз дар фарвардин (март) табиат аз хоби зимистонӣ бедор шуда, мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳоданд ва аз қадимтарин даврони таърихи хеш ин ҷашни бо шукӯҳро то ба ин рӯз зинда нигаҳ доштанд. Наврӯз чуноне аз номаш аён аст, ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт, бузургтарин ҳадяи ин қавм ба тамаддуни башарист. Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба шоҳи 4-и ин сулолаи афсонави Ҷамшед марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор-«Авасто» аз ин ҷашн ёд шуда, маҳз Ҷамшед поягузори он ба ҳисоб меравад. Дар замони Ҳахоманишиҳо, ки таърихи сиёсии ақвоми ориёӣ аз онҳо оғоз мегардад, Наврӯз ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил дода шуд ва шоҳони Ҳахоманишӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати азим ҷашн мегирифтанд. Ин анъана дар замони Ашкониён низ идома ёфт ва дар аҳди Сосонӣ ба авҷи аълои худ расид.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар