ХАБАРИ ДОҒ

Тезисҳо-поярезии инқилоб

  • Чоршанбе, Апр 17 2019


Мудофиакории инқилобӣ
Ҳангоми инқилоби февралии Русия пешвои ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин дар шаҳри Сюрихи Шветсария қарор дошт. Баъд аз шунидани хабари инқилоб дарҳол кӯшид то ба Русия бозгардад, лек чандон осон набуд, чун Олмон, ки бо Русия дар ҳолати ҷанг қарор дошт, сари роҳи доҳӣ меистод. Кӯшид, то тавассути Англия вориди Русия шавад, аммо ҳукумати англис ба ӯ иҷозаи гузаштан аз қаламрави худро надод. Аз рӯи баъзе маълумотҳо вай ҳатто мехост бо шиносномаи қалбакӣ тариқи Стокголм (Шведсия) вориди Русия гардад. Бо ин мақсад ба Ганетский-намояндаи худ дар Стокголм дастур медиҳад, касеро биёбад, ки дар зоҳир ба ӯ монанд бошад. Ахир, доҳии болшевикон барои ворид шудан ба Русия ба ҳукумати Олмон муроҷиат мекунад ва немисҳо ӯро дар вагони хоси пломбадор ба Русия интиқол доданд. Ба ақидаи Ричард Пайпс-муҳаққиқи англис ҳукумати олмонӣ ҳатто кӯшиши шинос шудан бо нақшаи сиёсии ӯро накарданд, ба онҳо ақидаи зидди ҷангии ӯ кифоят мекард. Олмон ба ҳар роҳ мекӯшид Русияро аз ҷанг берун кунад. Бояд гуфт, ҳамроҳи Ленин дар ин вагони махфӣ сиёсатмадорони дигаре низ қарор доштанд ва инчунин немисҳо дар чунин вагонҳои махфӣ, дар қатори болшевикон, 159 тан намояндаи ҳизби эссерон, меншевикон ва миллигароёнро низ тавассути Олмон вориди Русия карданд. 3.04.1917 доҳии болшевикон ба Петроград даромад. Ленинро дар наздикиҳои Петроград гурӯҳи роҳбарони ҳизби болшевикӣ аз қабили И.Сталин, Мария Улянова, А.Колонтай... пешвоз гирифтанд.То омадани Ленин ба Петроград қариб аксарияти роҳбарияти болшевикон аз ақидаи меншевикон ҷонибдорӣ мекарданд. Меншевикон мардумро ба созиш кардан бо Ҳукумати муваққат даъват карда, ақида доштанд, инқилоби сотсиалистӣ ҳоло дар Русия номумкин аст.

Дар зинаҳои болоии роҳбарияти ҳизби болшевикӣ сиёсате пиёда мешуд, ки бо «мудофиакории инқилобӣ» маъруф аст. Роҳбарияти ҳизб то омадани ӯ бо доҳии худ алоқаи доимӣ надоштанд. Болшевикон дар Петроград аз Ленин танҳо 1 телегром, дар санаи 6 март гирифта буданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: "Амалкарди мо; нобоварии комил ва ҳеч гуна ёрӣ ба ҳукумати нав, хоса, ба Керенский, мусаллаҳ кардани коргарон-асоситарин кафолати мо". Ба ақидаи бархе аз муаррихон (масалан, Пайпс) Ленин аллакай марти с.1917 дар сар фикри шӯриши мусаллаҳонаи болшевикиро мепарварид. Аммо сарони ҳизби болшевикӣ, ки дар Петроград қарор доштанд, дар оғоз мавқеи комилан мухолифро ишғол мекарданд. Аввалҳои марти с.1917 Сталин, Л.Каменев ва М.Муранов аз бадарғаи Сибир ба Петроград баргаштанд. Инҳо дар он шабу рӯз куҳантарин аъзои ҳизби болшевикӣ дар Петроград маҳсуб ёфта, то омадани Ленин зимоми роҳбарияти ҳизби болшевикӣ ва рӯзномаи «Правда»-ро ба даст гирифта буданд. 14 март зери роҳбарии ин болшевикон аввалин шумораи баъди февралии «Правда» чоп шуд. Ин шумора, ки дар набудани Ленин ба нашр расид, ақоидеро матраҳ мекард, ки комилан бо диди доҳӣ мухолифат дошт. Лек шумораи нави «Правда» дар миёни коргарон эътирози зиёдеро барангехт. Коргарон аз мавқеи нави ҳизб тарафдорӣ накарданд. Ба КМ, Шӯрои Петроград ва худи редаксияи рӯзнома, ҳар рӯз мактубҳои зиёде меомад ва дар онҳо коргарон норозигии худро аз мавқеи ишғолкардаи ҳизб баён мекарданд. Кор ба ҷое расид, ки коргарон вақте огоҳ шуданд рӯзномаро ин 3 нафари аз Сибир баргашта ба тасарруфи худ даровардаанд, талаб карданд, Сталин, Каменев ва Мурановро аз сафи ҳизби болшевикӣ хориҷ кунанд. Ленин низ ҳини бозгашти худ ба Петроград, аллакай дар вокзали Фин ба Каменев мегӯяд: "Ин чӣ сафсаттаест, ки дар «Правда» менависед? Мо чанд шумораро мутолиа кардем ва сахт аз шумо интиқод намудем".

Тезисҳои апрелӣ
Ӯ баъди бозгашт дар назди сарони ҳизби болшевикӣ бо тезисҳои маъруфи худ баромад мекунад, ки дар таърихнигории мо бо «Тезисҳои апрелӣ» маъруфанд ва дар миёни сарони болшевик сару садои зиёдеро ба бор оварданд. Ӯ дар тезисҳои худ назарияи комилан навро матраҳ кард. Дар тезисҳои доҳӣ ҳизби болшевикӣ аз сиёсати мудофиакорӣ даст кашид. Ӯ талаб мекард, ҷанги империалистӣ қатъ карда шавад ва Ҳукумати муваққат ба истеъфо равад. Тамоми ҳукумат мебоист ба дасти Шӯроҳо гузашта, замин комилан миллӣ кунонида мешуд ва ба моликияти давлат мегузашт. Тезисҳои апрелӣ миёни меншевикон ва эссерон низ норозигии зиёд ба миён овард. Аз ҳама бештар меншевиконро шиори партофтаи доҳӣ "аз инқилоби буржуазӣ ба инқилоби сотсиалистӣ» ба ҳайрат оварда буд. Меншевикон ва эссерҳо он шабу рӯз дар Шӯрои Петроград аксарият буданд ва Кумитаи иҷрояи Шӯро 15.04.1917 бо муроҷиатномаи хос ба вакилони Шӯро ин иқдоми Ленинро таблиғоти зиддиинқилобӣ хонда, аз вакилон даъват кард "Тезисҳоро" маҳкум кунанд. Раиси Шӯрои Петроград меншевик Чхеидзе гуфт, ки доҳии болшевикон бо ин тезисҳояш тани танҳо хоҳад монд: "Берун аз инқилоб танҳо Ленин мемонаду халос. Мо бошад ба роҳи худ идома медиҳем".
6 апрел дар КМ РСДРП(б) аввалин баррасии «Тезисҳо» доир шуд. КМ дар аввал зидди «Тезисҳо» баромада, шӯрои редаксионӣ бо баҳонаи шикастани дастгоҳи чопӣ, аз нашри онҳо дар «Правда» низ худдорӣ кард. Лек ба Ленин муяссар шуд, муқовимати мухолифинро бартараф кунад ва 7 апрел «Тезисҳо» билохира бо шарҳи Каменев рӯи чоп омаданд. Каменев дар ин шарҳи худ норозӣ будани аксариятро бо доҳӣ ба хубӣ матраҳ мекунад: "Аммо нақшаи умумии рафиқ Ленин ба назари мо саҳеҳ нест. Чун дар он Владимир Илич инқилоби буржуазӣ-демократиро дар Русия ба анҷом расида медонад ва мехоҳад ин инқилоб фавран ба инқилоби сотсиалистӣ табдил ёбад". 8 апрел кумитаи Петроградии ҳизби болшевикӣ низ зидди «Тезисҳо» овоз медиҳад. Аз 15 намоянда 12 кас зидди доҳӣ овоз медиҳанд. Ҳатто Дзержинский ва Калинин ҳам дар оғоз зидди тезисҳо баромаданд. Аммо ахир бо машаққати зиёд ба Ленин муяссар шуд мавқеи ҳизби худро тағйир диҳад ва болшевикон "Тезисҳои апрелиро" қабул карданд. 11 апрел Сталин ҷонибдории худро аз "Тезисҳо" иброз дошт ва 14 апрел онҳо аз сӯи конфронси умумишаҳрии Петроград низ пазируфта шуданд. 29 апрел бошад "Тезисҳоро" конфронси умумироссиягии болшевикон ба расмият пазируфт ва роҳ ба сӯи гирифтани қудрат барои Ҳизби болшевикӣ боз шуд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter