ХАБАРИ ДОҒ

12 апрел-Рӯзи космонавтика!

  • Чоршанбе, Апр 10 2019



Марги кайҳонӣ
27.03.1968 дар натиҷаи садамаи ҳавоӣ аввалин кайҳоннаварди дунё Юрий Гагарин ба таври мармуз фавтид. Ҳукумати Шӯравӣ фардо рӯзи дигар баёнияи расмие содир карда, дар он сабабҳои садамаро шарҳ дод. Дар баёния гуфта мешуд, ки садама ҳини парвози тамринии қиркунандаи УТИ МиГ-15 рух додааст. Барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи давлатӣ созмон дода шуд, лек баъди 6 моҳ Кремл парвандаи садамаи ӯро қатъ карда, тамоми асноди ҳаводис зери тамғаи махфӣ қарор дода шуд. Набуди маълумоти расмӣ дар мавриди ин қазия, дар навбати худ ҳангомаҳои зиёде эҷод кард. Баъзеҳо мегуфтанд, Юра ва сарнишини тайёра Серёгин 18 рӯз пештар ҳини парвоз дар гирди Моҳ ба ҳалокат расидаанд ва дар тайёра аслан ҳузур надоштанд. С.1990 дар Венгрия китобе нашр шуд, ки муаллифаш иддаъо мекард, Гагарин кайҳоннаварди аввалин на, балки нахустин фотеҳи кайҳон шахси дигаре буд, ки ба ҳалокат расид. Юра, ба гуфти муаллиф, аз ин қазия огоҳ буд ва виҷдонаш ӯро сахт азият медод. Ахир ба азоби виҷдон тоб наоварда, даст ба худкушӣ зад.

Тасхири Моҳ
Асоситарин сабаби ин гумон он буд, ки он шабу рӯз СССР киштии навбатии бе сарнишини худро, ки бо истилоҳи "Зонд" маъруф буданд, ба фазои кайҳонӣ сар дод, ки инчунин Л1 ё 7К-Л1 низ меномиданд. Фатҳи кайҳон он шабу рӯз яке аз нишонаҳои асосии абарқудратӣ будӣ ва СССР ба ҳар васила мехост худро дар ин самт пешсаф кунад. Дар тасхири Моҳ СССР танҳо дар симои ИМА як рақиб дошту халос. Амрикоиҳо октябри с.1968 парвози "Аполлон-7"-ро бо 3 кайҳоннавард ба нақша гирифта буданд ва тибқи нақша мебоист 11 рӯз дар кайҳон мемонданд.

Тобистони с.1969 бошад амрикоиҳо мехостанд онҳоро ба сатҳи Моҳ фуруд оранд ва дар роҳбарияти болоии СССР аз ин нақшаи амрикоиҳо ба хубӣ огоҳ буданд. Бо вуҷуди ин соҳаи кайҳонии шӯравӣ барномаи кайҳонии худро дошт ва тасхири Моҳ яке аз самтҳои асосии барнома буд. Киштиҳои бе сарнишини Л1 ва 7К-Л1 чандин дафъа гирди Моҳ давр зада, бо муваффақият ба Замин баргаштанд, лек яке аз киштиҳо "Зонди-4" бо сабабҳои ноаён ба сатҳи Моҳ бархурд. Роҳбарияти соҳаи кайҳонӣ иброз дошт, ки ин киштӣ бе сарнишин буд. Бо вуҷуди ин, суқути Зонд боиси сару садоҳое шуд, ки гӯё Юра ва Серёгин маҳз дар ин киштӣ қарор доштанд ва дар Моҳ мурданд. Чун марги кайҳоннаварди аввалинро намешуд махфӣ нигаҳ дошт, садамаи ҳавоии дурӯғине роҳандозӣ карданд. Баъди садами ҷасади ҳар 2 ёфт нашуданд, дар ҷои ҳодиса танҳо қисмате аз ҳуҷҷатҳо ва болопӯши онҳоро ёфтанду халос. Марги Юраро танҳо бо пайдо кардани планшет ва талони хӯрокааш муайян карданд.
 
Норасоии баландӣ
Лек мутахассисони соҳа, ки қазияи садамаро меҷустанд, назари дигаре доранд. Ба диди онҳо сабаби асосии садама хатоии сарнишинон аст. Масалан, генерал-лейтенант Петр Базанов дар ёддоштҳояш менависад: "4 дақиқа пеш аз парвози МиГи Гагарин ноҳияи парвозро тайёраи АН-10, ки сарнишинаш генерал Кирасанов буд, мегузарад ва баъдан қисса мекард, ки дар навоҳии парвоз фронти атмосферӣ бедод мекард. Чизеро дидан намешуд. Ва вақте Гагарин ва Серёгин вориди ин "ҷаҳаннам" шуданд, дарҳол вазъиятро хабар дода, хостанд бо як гардиши тунд аз миёни абрҳо берун оянд. Вақте ҳам, ки аз миёни абрҳо берун шуданд, барои ба эътидол овардани тайёра "баландӣ" барояшон нарасид. Юра чун халабони қиркунанда тайёрии хуб надошт. Ӯро барои кори дигар омода карда буданд. Юраи ҷавон ҷасур буд ва ҳар куҷое, ки амр кунанд, мепарид. Аммо дар омодасозии парвоз хатоиҳои зиёде ба чашм расиданд ва Бюрои сиёсӣ маҷбур шуд, таҳқиқотро дар ин қазия манъ кунад".
Роҳбари собиқи гурӯҳи аэродинамикии комиссияи давлатӣ, профессор Арсений Миронов мегӯяд: "Ба Гагарин намешавад эрод гирифт, чун ӯ ба сифати шогирде, ки аз ҷониби таълимдиҳандааш мебоист санҷида мешуд, қарор дорад. Аммо дар бобати Серёгин, командири полк бошад, қазия фарқ мекунад. Он рӯз дар замин ва дар ҳаво ҳадди ақал 9 маврид дастуруламали амнияти парвозҳо вайрон карда шуд. Ҳар 2 натиҷаи ниҳоии обу ҳаворо интизор нашуданд. Бо ин амалкард тамоми ҷадвали парвоз дигаргун гардид. 4 тайёраи дигар дар қатори қиркунандаи Гагарин дар навоҳии ҳамсоя дар парвоз буданд". Ҳамаи ин ба вуқуъи садама таъсир кард ва аввалин кайҳоннаварди дунё ба таври фоҷиавӣ мурд.

Меҳрубон  Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter