Ғайр аз ин с.1940 ба ҷосусони шӯравӣ муяссар шуд актрисаи маъруф Олга Чехова ва княз Януш Радзвилро, ки робитаи мустақимона ва наздик бо Герман Геринг доштанд, ба ҳамкорӣ ҷалб кунанд. Дар Итолиё низ ҷосусони шӯравӣ ба муваффақиятҳои чашмрас даст ёфтанд. Дар ин кишвар яке аз ҷосусони пуртаҷриба Рогатнев (Тит) амал мекард ва тавонист ҷияни вазири корҳои хориҷии Итолиё граф Чианоро барои ҳамкорӣ ҷалб кунад.
Самти асосӣ
Самти олмонӣ, самти асосии фаъолияти хадамоти ҷосусӣ буда, роҳбарияти кишвар низ ба самти олмонӣ диққати хос медод. С.1938 майори бехатарии давлатӣ Журавлев роҳбари ин самт таъин шуд ва ҷосусони шӯравӣ тавонистанд якчанд амалиёти бо муваффақият зидди немсиҳо пиёда созанд. Ҳанӯз с.1937 ба хадамоти ҷосусии шӯравӣ муяссар шуд ҳуҷҷатҳои муҳимеро дар мавриди бозиҳои ҳарбӣ-стратегии фармондеҳии рейхсвер (артиши олмонӣ) ба даст орад. Ин амалиёт таҳти роҳбарии ноиби Шуъбаи хориҷии НКВД Шпигелглаз амалӣ шуд. Немисҳо низ аз ҷониби худ ба амалиёт ҳамроҳ шуданд. Ба амалиёти немисҳо Сект ва Бломберг сарварӣ мекарданд. Ба диди бархе, маҳз натиҷаҳои ин бозиҳои мазкур фюрери олмониро водор намуд, с.1939 бо СССР пакти ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расонад.
Марг ба ҷосусон
"Смерш", ки "марг ба ҷосусон" тарҷума мешуд, бевосита ба Сталин итоат мекард. Сабаби аслии он мубориза бо ҷосусони "Абвер" буд. Абвер (хадамоти ҷосусии олмонӣ) с.1943 фаъолиятро дар ақибгоҳ ва қисмҳои Артиши Сурх пурзӯр кард ва ба қавле тӯда-тӯда ҷосусонашро ба ақибгоҳҳои СССР мефиристод. Немисҳо гоҳе вақт ба ҷосусони худ, ҳатто вазифаҳои иҷронамешуда ҳам медоданд. Барои мисол, августи с.1943 "Абвер" 1 гурӯҳи тахрибкоронро ба даштҳои Қазоқистон фиристод. Ин гурӯҳ бо такя ба нерӯҳои миллигарои қазоқ мебоист Қазоқистонро аз ҳайъати СССР хориҷ мекард. Майи с.1944 бошад, 1 гурӯҳи 24-нафараи тахрибкорон дар вил.Астрахан фароварда шуд. Ба ин гурӯҳ капитани олмонӣ Эбергард фон Шеллер сарварӣ мекард. Тахрибкорон бояд дар ҳудуди Қолмиқистон ҷои фуруд омадани корпуси қалмиқии доктор Доллро омода мекарданд. Ин корпус аз 36 эскадрон иборат ёфта буд ва немисҳо мехостанд тавассути он дар Қолмиқистон шӯриш барпо кунанд. Аввалин амалиёти густардаи "Смерш" ҳарби Курск шуд. Маҳз он бехатарии баргузории амалиётро таъмин кард. Хидмат дар он ифтихорӣ ва бисёр хавфнок буд. Тибқи оморҳои расида, ҳар хизматчӣ наздики 3 моҳ хизмат мекард ва баъди он бо сабаби марг ё ҷароҳат аз саф хориҷ мешуд. Танҳо ҳангоми озодкунии Белорус 236 афсари он кушта ва 136 нафари дигар бе ному нишон шуданд.
Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев. Тел: 93 777 66 30.