ХАБАРИ ДОҒ


Майдони манофеъ
27.04.1978 дар Афғонистон табаддулоти ҳарбӣ сар зад ва дар натиҷа подшоҳи кишвар Муҳаммад Довуд сарнагун карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳизби Халқӣ-Демократии Афғонистон (НДПА) гузашт. Он, ки дар собиқ СССР бо номи Инқилоби Савр (инқилоби апрелӣ) маъруф буд, яке аз руйдодҳои мармуз дар таърихи навини Афғонистон аст ва ҳамсоякишвари моро гирифтори ҷанги дохилӣ кард, ки алангаҳояш то ҳол хомӯш нашудаанд. Афғонистон чун майдони манофеи стротегӣ кишварҳои зиёдеро ба худ ҷалб мекард. Яке аз ин кишварҳо СССР буд. Аввалин кишвари Шӯроҳо ҳамеша мекӯшид манофеи сиёсӣ ва иқтисодии худро дар ин кишвар пиёда кунад. Аз сӯи дигар Чин ва НАТО низ мехостанд дар ин кишвар ҳузури ҳарбӣ ва иқтисодӣ пайдо кунанд ва ин барои СССР дарди сари дигаре дуруст мекард. Барои пешгирии ин хатарот СССР пеш аз ҳама дар манотиқи шимолии Афғонистон фаъолияти сахт мебурд ва аз ҳукумати Афғонистон талаб карда буд, шаҳрвандони кишварҳои аъзои НАТО ба ин манотиқ роҳ дода нашаванд. Дар баъзе маворид ҳатто мутахассисони СММ, ки дар навоҳии шимолии Афғонистон канданиҳои фоиданок меҷустанд, ба ин манотиқ роҳ дода нашуданд. СССР замони ҳукумати Довуд дар Афғонистон манофеи иқтисодӣ низ дошт. СССР дар авохири солҳои 1960 қисмате аз гази Узбакистон ва Тоҷикистонро аз Афғонистон таъмин мекард. Афғонистон тибқи маълумотҳои мавҷуда, солона ба СССР аз 2,1 то 2,7 млрд кубометр гази табиӣ медод. Бо вуҷуди ин Афғонистон ҳамоно яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон будӣ.

Довуд ва рӯҳониҳо
Ҳукумати нави Довуд корро дар кишвар аз ислоҳоти аграрӣ оғоз кард, лек кӯшиши навовариҳо дар ниҳодҳои дохилидавлатӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ мухолифати ашаддии руҳониятро ба бор овард.

Муносибати Довуд бо руҳонияти афғон ҳанӯз замони сарвазириаш хатчадор шуд. С.1959 ҳукумати вақти Афғонистон, ки Довуд вазифаи сарвазириашро ба ӯҳда дошт, пӯшидани ҳатмии ҳиҷобро барои занон лавҳ кард ва мухолифати ҳукумату руҳоният оғоз шуд. Дар оғоз ҳаракати муллоҳо бераҳмона саркуб карда шуд. Чандин руҳонии муътабари кишвар ба дор овехта ва иддаи зиёди дигар бошанд ҳабс шуданд. Аммо руҳоният тавонист аз нав сар боло кунад ва дар авохири даҳаи 1960 ҳаракати муллоҳо боз фаъол шуда, баъди чанде аввалин дастаҳои мусаллаҳи муҷоҳиддини афғон ба миён омаданд ва ҷиҳоди аввал оғоз шуд. Дар асл муқовимати исломии афғон, ки баъдан бо СССР дар набард шуд, маҳз дар ҳамин солҳо шакл гирифт. Дар натиҷаи даргириҳои нерӯҳои Довуд бо муҷоҳиддин зиёда аз 600 нафар руҳонӣ кушта ва 1000 нафари дигар ҳабс шуданд.

Довуд ва Покистон
Довуд ният дошт нокомиҳои дохилиро дар сиёсати беруна ҷуброн кунад. Манотиқи паштунишинӣ Покистон аз қадим диққати ҳукумати паштунии Афғонистонро ба худ мекашид ва ҳукумати Довуд низ истисно набуд. Покистон он шабу рӯз мекӯшид бомби атомиро тавлид кунад ва ин кор муносибаташро ба ИМА муташанниҷ карда буд. СССР низ бештар ба Ҳиндустон тамойюл дошт ва тарафи Покистонро намегирифт. Довуд мехост аз вазъи мусоид баҳра гираду хатти Дюрандро лағв карда, паштуҳоро дар 1 кишвар муттаҳид созад. Ӯ ҳанӯз ҳини сарвазирӣ ба СССР муроҷиат кард ва барои мубориза бо Покистон аз Маскав ёрии ҳарбӣ хост. Ва ба шӯравиҳо пешниҳод кард афсаронашро таълим дода, артишашро бо силоҳ таъмин кунанд. Аммо дар Маскав дархости Довудро рад карданд. Покистон низ хавфи Афғонистонро ба хубӣ мефаҳмид ва Исломобод аз оғоз мухолифони низомии афғонро дастгирӣ кард. Бештари дастаҳои низомии муҷоҳиддин ва руҳонияти афғон дар ин кишвар паноҳ мебурданд. Аз сӯи дигар ҷосусони Покистон мекӯшиданд миёни ӯ ва ҳизбҳои чапгаро, аз ҷумла, НХДА тафриқа андозанд. Хадамоти ҷосусии Покистон (ISI) мекӯшид Довудро бовар кунонад, ки коммунистони афғон бо КГБ шӯравӣ робити зич доранд. Покистониҳо то ҳадде муваффақ шуданд ва с.1977 робитаи Довуд ҳам бо намояндагони НДПА ва ҳам бо СССР тезутунд шуданд. С.1977 ӯ аз Маскав дидан кард. Ин дидор бо ҷанҷол хатм шуд. Вақте Брежнев ба Довуд гӯшзад кард, ки дар артиши афғонӣ мушовирони ғарбӣ пайдо шудаанд, ӯ ҷавоб дод, ки ҳукуматаш касеро хоҳад киро мекунад ва ниёз ба маслиҳати касе надорад. Баъди ин суханон ӯ утоқро тарк кард ва гуфтушунид хотима ёфтанд.

 Довуд ва коммунистон
Довуд дар оғоз бо чапгароҳо муносибати ҳасана дошт. 1 қатор аъзои фраксияи "Парчам"-и НХДА ба аввалин ҳукумати Довуд ӯ буданд. Аммо с.1976 ӯ аз ҳамкорӣ бо коммунистон даст кашида, коммунистон, ҳатто онҳое, ки дар табаддулоти с.1973 саҳм доштанд, ба ҳошия ронда шуданд. Ба ӯ муяссар шуд системаи яккаҳизбиро дар кишвар ҷорӣ кунад ва фаъолияти тамоми аҳзоб, ғайр аз Ҳизби Халқӣ-Инқилобӣ мамнӯъ эълон карда шуданд. Коммунистони ҲХД бошанд ҳамон суннати қадимии афғониро пеш гирифта, қарор доданд тариқи табаддулот низомро тағйр диҳанд. Тибқи нақшаи онҳо табаддулот мебоист августи с.1978 амалӣ мешуд. Аён нест, ки Довуд аз нақшаҳои коммунистон хабар дошт ё не, лек ӯ қарор дод, барои ҳамеша аз мухолифини чапгаро дар кишвар халос шавад. Бо амри ӯ роҳбарони баландрутбаи ҲХД ба ҳабс гирифта шуданд. 25 ва 26 апрел Н.Таракӣ ва Ҳ.Амин роҳбарони қаноти ифротии "Халқ" ва Б.Кармал аз фраксияи Парчам ба ҳабс гирифта шуданд. Акнун барои роҳбарони ҲХД табаддулот василаи наҷот шуд. Субҳи 27 апрел аъзои дар озодӣ мондаи ҲХД, ки аксарият афсарони артиш буданд, назди боғи ҳайвоноти Кобул ҷамъ омада, қарор доданд, ҳар чи зудтар табаддулотро пиёда ва ҳаммаслаконашонро озод кунанд. Вазъият низ барои ин кор мусоидат мекард. Бештари артишиён бо сиёсати Довуд розӣ набуданду аз коммунистон ҷонибдорӣ мекарданд. Субҳи 27.04.1978 тонкҳои бригадаи 4 таҳти фармони сарҳанг Ватанҷор аз қисматҳои шарқии Кобул ҷониби марказ ҳаракат карданд. Нисфирӯзӣ тири аввали тонк ҷониби Вазорати дифоъ зада шуд. Ҳарбиёни шӯришгар нерӯҳои полисро халъи силоҳ намуда, хеле зуд нуқтаҳои калидии Кобулро гирифтанд. Довуд дар Арк муҳосира шуд ва баъди 1 рӯз бо кулли хонаводааш қатл шуд. Бегоҳии ҳамон рӯз бошад, Ҳафизуллоҳ Амин бо родиё аҳолии кишварро аз дигаргуниҳои навбатӣ дар ҳукумати кишвар огоҳ намуд.

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев. Тел: 93 777 66 30.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter