Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ, сиёсати пулию қарзиро баҳри нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, ба танзим даровардани афзоиши ҳаҷми пул дар муомилот бо истифода аз механизму фишангҳои монетарӣ, амалӣ карда истодааст.
Айни замон, тибқи муқаррароти “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат”, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” татбиқ карда мешавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хуруҷ ва паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои тараққикарда, инчунин ба иқтисодиёти аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд гардидани лапишҳо дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ, номуайяниҳо дар сиёсати иқтисодии ҷаҳон, ба маротиб паст шудани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ таҳдидҳои навро ба миён оварданд, ки бевосита таъсири манфии худро ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд.
Аз аввали сол то санаи 19 марти соли ҷорӣ тағйирёбии қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА 0,6 фоиз коҳиш ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Қурби фурӯши доллари нақди ИМА бошад, дар бозори ғайрибонкӣ 6,2 фоиз баланд шудааст (аз 9,79 сомонӣ дар аввали сол то ба 10,40 сомонӣ дар санаи 19 март), ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Бояд зикр намуд, ки бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ноустувор гаштааст. Аз ҷумла, қурби рубли Федератсияи Россия – 24,7 фоиз, рубли Беларус – 15,8 фоиз, тангаи Қазоқистон – 14,8 фоиз, лираи Туркия – 8,6 фоиз, соми Қирғизистон – 4,7 фоиз, нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтаанд.
Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор ва зиёд шудани талабот ба он, ин афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад.
Боиси таъсири омилҳои беруна ва дохилии мазкур, фарқияти байни қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА, тавассути анҷомдиҳии амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори ғайрибонкӣ аз меъёри муқарраршуда - 2 фоиза гузашта, аз 2,2 фоиз дар санаи 25.02.с.2020 то ба 6,7 фоиз дар санаи 19.03.с.2020 зиёд гардид.
Қайд намудан зарур аст, ки гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, ки аз соли 2018 оғоз гардидааст, аз Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи механизм ва усулҳои ба он мутобиқро талаб менамояд.
Айни ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон баҳри коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, бо истифода аз тамоми манбаъ, имконияту воситаҳо, аз ҷумла механизми хариду фурӯши рубли русӣ, иҷро намудани уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаро, таъмин намуда истодааст.
Вале, новобаста аз ин, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ зиёд гардида истодааст, ки барои ба танзим даровардани он амалӣ намудани як қатор чораҳои иловагии фаврӣ, зарур мебошанд.
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ менамояд.
Ин имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати иниқолдиҳандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гардаднд, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад. Ҳамзамон, мутавозунии қурби пули миллӣ ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридот мусоидат намуда, боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ мегардад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода менамояд.
Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон
19 марти соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо баргузории ҷаласаи идона ва ташкили озмуни намоиши либосҳои миллӣ таҷлил карда шуд. Чорабинии идонаро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ифтитоҳ намуда, фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯзро ба кормандони низоми бонкӣ ва дар симои онҳо, ба тамоми сокинони кишвар муборакбод гуфт.
Лола Салимова зикр намуд, ки Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз маҳсуб шуда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст.
Бо шарофати Истиқлолият ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар баробари ҷашни Истиқлолият муҳимтарин ҷашни миллии мо эълон шудааст ва ҳамасола бо шаҳомати хос дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Ҳамчунин, моҳи феврали соли 2010 бо кӯшиш ва ташаббуси Пешвои миллат иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни фархундаи Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт ва акнун дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад,-таъкид намуд муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳар ҷашну маросими мардумӣ ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан дар айёми Наврӯз, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад, баргузории ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон, навозиши сари ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон ба анъанаҳои нек табдил ёфтааст.
Бо назардошти ин оини наврӯзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон низ ба сифати сарпараст ба Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор пайваста дасти мадад дароз мекунад ва ҳамчунин, минбаъд ҷиҳати тозаю покиза нигоҳ доштани макони зисту кор ва дар чор фасли сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил додани он талош менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ барои таҷлили бошукуҳи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ озмуни намоиши либосҳои миллӣ гузаронида шуд. Зимни баргузории озмуни намоиши либосҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бонувони бонк либосҳои миллӣ ва анъанавии мардуми тоҷик, аз ҷумла атлас, адрас ва чаканро ба намоиш гузоштанд. Озмуни мазкурро ҳайъати комиссия баҳогузорӣ намуда, ғолибони онро муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Дар ҳамин гуна фазои идона чорабинии наврӯзӣ ба поён расид ва зимни ҷамъбасти он муовини Раиси БМТ Лола Салимова бори дигар ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи фархундапай муборакбод гуфт ва ба ҳамаи иштирокдорон муваффақият ва комёбиҳо таманно кард.
Шуъбаи матбуоти БМТ
То имрӯз 457171 адад кортҳои пластикии “City Card” ба мардум дастрас шуда, шумораи умумии терминалҳои “Express pay” 454 адад ва шумораи волидаторҳои насбшуда дар автобусу тролейбусҳо ва микроавтобуси “Мусича” 573 ададро ташкил медиҳад. Татбиқи ин лоиҳа боиси аз байн рафтани баҳсҳои тӯлонӣ миёни мусофиру ронанда ва кондуктор гашта, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ. Хосса автобусу троллейбус низ ба низоми нав даромад.
Дар чанд шумораи гузашта мухбирони газетаи СССР дар бораи низоми электронии роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умуми пойтахт ва фаъолияти корти нақлиётиву терминалҳои “City Card” навишта буданд. Пас аз нашри матлабҳои па дар пай масъулони ширкати “Авесто Гурӯҳ” бо мухбири газета вохӯрда. Эшонрог ба дафтари марказии худ даъват намуданд ва дар мавриди камбудиҳову нофаҳмиҳои ин низом шарҳи бештаре доданд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар ш. Душанбе пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, махсус дар автобусу тролейбусҳои пойтахт тавассути низоми электронии пардохти “City Card” амалӣ шуда, татбиқкунандаи ин навгонӣ ширкати “Авесто Гурӯҳ” мебошад. Мутахасисони лоиҳа мегӯянд, ки ҳангоми роҳандозӣ намудани ин низом бовар надоштанд, ки дар ин мудати кӯтоҳ лоиҳа дар чунин сатҳ қарор мегирад. То имрӯз 457171 адад кортҳои пластикии “City Card” ба мардум дастрас шуда, шумораи умумии терминалҳои “Express pay” 454 адад ва шумораи волидаторҳои насбшуда дар автобусу тролейбусҳо ва микроавтобуси “Мусича” 573 ададро ташкил медиҳад. Татбиқи ин лоиҳа боиси аз байн рафтани баҳсҳои тӯлонӣ миёни мусофиру ронанда ва кондуктор гашта, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ. Хосса автобусу троллейбус низ ба низоми нав даромад.
Пули терминалҳоро медузданд...
Бархе аз истифодабарандагони кортҳои нақлиётии “City Card” ҳанӯз ҳам тарзи дуруст истифода бурдани кортро пурра аз худ накарданд. Сокинон шикоят мекунанд, ки имрӯз дастрасӣ ва пур кардани суратҳисоби корт барояшон мушкил гардидааст.
Зафар Бурҳонзода, директори иҷроияи ширкати “City Card” дар ин маврид мегӯяд, ки 3-4 ҳолати кор накардани терминал вуҷуд дорад, ки ин қабл аз ҳама қатъ шудани қувваи барқ, таъмин набудани шабакаи Интернет ва нодуруст истифода бурдани терминал мебошад.
-Яке аз сабабҳои асосии аз кор мондани терминалҳо дар он мебошад, ки сокинон ҳангоми дастрас ва ё пур намудани суратҳисоби худ ба терминалҳо пулҳои кӯҳнаю фарсуда, кортҳои нимшикаста, танга ва баъзан вақт, ҳатто коғаз ворид менамоянд, ки дар натиҷа терминалҳо аз кор мемонанд. Ҳолатҳое шудааст, ки бархе аз сокинон хунукназарона ё аз нодонӣ ба терминалҳо ҳатто шиносномаҳои пластикии худро ворид менамоянд. Ин амали онҳо ба дастрас кардани корт ва пур намудани мувозинати он ба дигар мусофирон халал мерасонад. Кормандони ширкати мазкур ҳамеша аз фаъолияти терминалу волидаторҳои насбшуда бохабар буда, назорати ҷиддӣ мебаранд. Назорат тариқи онлайн, яъне дар монитори насбшуда дар корхона ва телефонҳои мобилии шахсони масъул бурда мешавад ва дар ҳолати аз фаъолият мондани терминал мутахасисон аз ин бохабар шуда, ба макони қарордоштаи терминал ҳозир мешаванд, то мушкилиро бартараф созанд. Барои бартараф намудани ин мушкилиҳо ба мо вақт лозим аст, вале аз чӣ бошад сокинон ин нозукиҳоро фаҳмидан намехоҳанд. Баъзан вақт дар 1 шабонарӯз то 4-5 терминалҳои “Exspress Pay”, шикаста, маблағи дохили он дуздида мешавад. То аз нав барқарор намудани онҳо барои мо вақт ва маблағи калон лозим меояд, - афзуд Зафар Бурҳонзода.
Код ба ҷойи корт!
Бархе аз сокинон хоҳиш карда буданд, ки хизматрасонӣ ва истифодаи корти нақлиётиро афзун намоянд, ки тавассути 1 корт тавонанд на танҳо пули роҳкиро, балки маблағи дигар хизматрасиниҳо, аз ҷумла коммуналиро низ пардохт кунанд. Имрӯз ширкати “Авесто Гурӯҳ” дар ин маврид як иқдоми хубе ба роҳ мондааст-бо гирифтани корт сокинон ва меҳмонон метавонад чӣ пардохти сӯзишворӣ, чӣ хариди мағоза, чӣ пули хӯрок дар тарабхона ва дигар хизматрасониҳоро супоранд.
-Ин лоиҳа тавассути корти миллии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин кортҳо инчунин, дорои ҳамёни электронӣ низ ҳастанд. Ҳолатҳое мешаванд, ки мусофирон корти нақлиётии худро фаромуш ё гум карда, вориди нақлиёти ҷамъиятӣ шуда наметавонанд. Барои ҳамеша дастрас будани “City Card” мусофирон метавонанд дар телефони мобилии худ QR-коди корти худро ҷорӣ намуда, бе мушкилӣ ба волидатор наздик намоянду вориди автобус шаванд. Ин иқдомҳо баҳри сокинон бисёр хуб ва дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудаанд, - қайд намуд Ҷомӣ Шарипов, роҳбари ширкати “City Card”.
Аз терминалҳо бояд дуруст истифода кард
Ба солҳои қабл қиёс карда метавон гуфт, ки имрӯз ин ширкати мазкур тавонист дар мудати кутоҳ ба бисёр мушкилиҳои мардум дар соҳаи нақлиёт, алалхусус баҳсу нофаҳмиҳо байни мусофир ва ронанда, баргардонии бақияпулӣ ва пардохтҳои хизматрасониҳои гуногун мусоидат намуда, барои сафар ва иҷрои дигар хизматрасониҳои ғайринақдӣ ба сокинон ва меҳмонони хориҷӣ шароити хубро фароҳам овард. Инчунин кортҳои имтиёзнок барои маъюбону нафаққахӯрон ва баъзе кормандони соҳаҳои мухталиф низ роҳандозӣ шудаасту онҳо имрӯз аз он бе мамониат истифода мебаранд. Татбиқкунандаҳои лоиҳа кӯшиш бар он медиҳанд, ки камбудию пешрафти ин лоиҳаро назорат кунанд. Дар оянда барои татбиқи дигар низому усулҳо дар ин соҳа корҳои муидро ба роҳ монда, мушкилиҳоро бартараф созанд. Сокинонро мебояд ба тарзи дуруст ва истифода аз терминалу волидаторҳо аҳамият дода, инчунин хизмату фаъолият ва талоши кормандони ширкати “City Card”-ро ба назар гирифта, ҳангоми фаъол набудани терминал сабабҳои зикршударо дар хотир дошта, барои беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ аз терминалҳо дуруст истифода баранд.
Ситора Сафара, СССР
Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо самимияту ифтихори бепоён Шумо-модарон ва бонувони азизро ба муносибати, Рӯзи модар ва фаро расидани фасли баҳор табрику муборакбод гуфта, саодатмандиву сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро дар кору рӯзгоратон таманно дорад.
Бо пешниҳоди Пешвои миллат 11-сол аст, ки дар кишвари офтобиамон санаи 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар бо шукӯҳи хосса таҷлил мешавад ва қайд намудани ин ид дар байни ҳамватанони мо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар кишвари мо ҳамчун иди расмии давлатӣ эълон гардидани Рӯзи модар яке аз барҷастатарин нишонаҳои вусъат ва азамати фарҳанги таърихии миллии мост, ки ғунҷонидани анвои арзишҳои волои инсонӣ ва маънавиро дорад.
Модарон ва бонувони азиз! Шумо ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне, соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.
Бори дигар бо як ҷаҳон самимияту меҳр Рӯзи модар ва фаро расидани фасли эҳёи табиатро табрику таҳният мегӯем. Модарони азиз ба Шумо ва наздикону пайвандонатон саломатии бардавом ва хушбахтии бепоёнро таманно дорем. Бигзор ҳар саҳифаи китоби рӯзгоратон бо рақами саодату нусрат, саломативу хуҷастафолӣ, хайру баракат ва иқболу муваффақият зиннат ёбад.
Ид муборак!
Сироҷиддин Икромӣ, Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Таҷлили «Рӯзи модар» дар БДА ҶТ “Амонатбонк”
Дар иртибот ба ҷашни «Рӯзи модар» дар маҷлисгоҳи БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки Раиси Бонк Сироҷиддин Икромӣ, шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ҳунарпешаи халқии ИҶШС, роҳбари гурӯҳи рақсии “Зебо“, Зебо Аминзода ва аҳли кормандони дастгоҳи марказии Раёсати Бонк, чорабинӣ баргузор гардид.
Сараввал Раиси Раёсат ҳамаи бонувонро ба «Рӯзи модар» табрик намуда, перомуни бузургии зан-модар ва эҳтироми зан дар ҷомеа ба ҳозирин ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани “Рӯзи модар” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшан аз ҷойгоҳ ва мақому манзалати воло доштаи бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Баъдан шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ҳунарпешаи халқии ИҶШС, роҳбари гурӯҳи рақсии “Зебо“, Зебо Аминзода аз фазилат ва бузургии модар ёдовар шуда, аз ашъори худ ва шоирону нависандагони адабиёти тоҷик порчаҳои шеър қироат намуданд.
Инчунин, Раиси Шӯрои ҷавонони Дастгоҳи марказии Бонк, Сарбоз Фаррухзода аз номи ҷавонон ва кормандон, иштирокчиёнро бо қироати шеър аз ашъори Лоиқ Шералӣ табрик намуд.
Ҳамзамон аз ҷониби Раиси Раёсат ба ҳамаи бонувон туҳфаҳои молиявии омоданамудаи Иттифоқи касаби Бонк, тақдим карда шуд.
Ҳамкории дуҷониба байни БДА ҶТ “Амонатбонк” ва ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»- и Ҷумҳурии Қазоқистон
Чанде пеш дар бинои марказии БДА ҶТ «Амонатбонк» Раиси Раёсати Бонк Икромӣ Сирроҷиддин Салом бо ҳайати расмии ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, ки таҳти роҳбарии Муовини Раиси Раёсати Ширкати мазкур Калигазин Аслан ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.
Дар рафти мулоқот намояндаи расмии ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» иброз намуд, ки Ширкат омодааст дилхоҳ пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамояд тариқи миёнаравии БДА ҶТ «Амонатбонк» дастгирӣ намуда, то ба манзил расидани молу маҳсулотҳо суғуртаи маблағи онҳоро таъмин намояд.
Дар навбати худ, Раиси Раёсати Бонк Икромӣ Сироҷиддин Салом иброз намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» дар раванди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиистон ҳамеша омодааст соҳибкорони ватаниро дар самти рушд додани соҳибкории хурду миёна ва дарёфти шарикони рушди боэътимод дастгирӣ намояд.
Ҳамчунин, пас аз мулоқоти дуҷониба дар толори маҷлисгоҳи Осорхонаи Бонк, воқеъ дар ошёнаи 10-уми бинои марказӣ, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Муовини Раиси Раёсати ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» Созишнома оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расониданд.
Ҳадафи асосии ба имзо расонидани Созишнома, ин пеш аз ҳама зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба шумор меравад.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кӯшиш менамояд, ки дар оянда ҳам, нисбати амалӣ намудани дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти дастгирии сохибкорони ватанӣ ва дарёфти сарчашмахои нави сармояи арзону дастрас хамаи тадбирхои муассирро амалӣ намояд.
Шӯъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»
Роҳи танобии Душанбе дар чаҳорчӯбаи бунёди маҷмааи Ғалаба, соли 1975 сохта шуда, он ба 30-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Муаллифи лоиҳа муассисаи «Душанбегипрогор» ва сармеъмори маҷмаа Баҳоваддин Зуҳуриддинов мебошад. Роҳи танобиро меъмори дигари лоиҳа М.Исмоилов ва инструктори он Р.Хурсандов ба хотири осон шудани баромад ва фаромади мардум ба майдони асосии маҷмаа сохта буданд. Фаъолияти роҳи танобӣ аз соли 2012 ба хотири амнияти сокинон қатъ карда шуд.
Новобаста аз ин масъулони боғ гоҳ-гоҳе асбобҳои гуногуни онро равған молида, барои таҷриба то 2 тонна бор карда, роҳи танобиро ба кор меандозанд. Масъулон мегӯянд, ки таҷдид кардани механизми он ғайриимкон аст, зеро асбобу таҷҳизоте, ки барои бунёдаш истифода шудааст, дигар истеҳсол намешавад. Барои эҳёи он бояд роҳи танобии нав сохт, ки ин кор миллионҳо долларро талаб менамояд.
Дар ҷустуҷӯи сармоягузорем!
Мухбири газетаи мардумии СССР дар мавриди тақдири ояндаи роҳи танобии Душанбе зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе, ки ҳафтаи гузашта бо ширкати муовини аввали раиси ш.Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, баргузор шуд, суол кард.
-Роҳи танобиро бояд аз сари нав бо талаботи муосири техникӣ сохт ва лоиҳаи он аллакай омода аст-онро соли 2018 дар якҷоягӣ бо мутахассисони Санкт-Петербург тайёр кардаем. Мо ин лоиҳаро ба сармоягузорони фаронсавиву англис низ муаррифӣ кардем, ба ғайр аз ин бо ҳар соҳибкоре, ки мехоҳад дар амалиёбии ин лоиҳа иштирок намояд, ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо сармоягузорро интизорем. Роҳи танобии Душанбе яке аз армуғонҳои ҷашнӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ буда, мо онро ҳатман то соли 2021 бояд сохта ба истифода диҳем, - таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.
Лозим ба ёдоварист, ки роҳи нахустини танобии муосир дар рӯзҳои аввали моҳи апрели соли 2018 дар ш.Хуҷанд бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, масири асосии он аз болои дарёи Сир мегузарад. Роҳи танобии Хуҷанд 35 метр баландӣ дошта, дарозиаш беш аз 1 км.-ро ташкил медиҳад ва онро мутахассисони чинӣ лоиҳакашӣ ва бунёд кардаанд.
М.Аминова, СССР
5 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2019 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 баргузор гардид.
Дар оғози нишаст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)
ММД-и кишвар дар соли 2019 ба 77,4 млрд. сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 7,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба рушди иқтисодиёт афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,6 фоиз, гардиши савдои чакана 9,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 2,9 фоиз мусоидат намуд.
Таваррум
Дар соли 2019 новобаста аз таъсири омилҳои мавсимӣ, маъмурӣ ва берунӣ дар натиҷаи татбиқи самараноки сиёсати зиддитаваррумӣ бо истифодаи фишангҳои монетарӣ ва муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор, сатҳи таваррум дар доираи дурнамои пешбинишуда (7,0 фоиз +/-2 б.ф) ҷамъбаст гардида 8,0 фоизро ташкил намуд.
Тибқи таҳлилҳо, дар ин давра қиматшавии нархи воридоти орди навъи якум, гандум ва дар бозори дохилӣ болоравии нархи чорвои калони шохдор ба нархи орд, гандум ва гӯшти гов таъсири худро расонид.
Дар баробари ин, дар таркиби нарху тарифҳои хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ бештар болоравии нархи қувваи барқ ва хизматрасониҳои нақлиётӣ (нақлиёти ҳавоӣ) ба амал омад, ки омили мазкур маъмурӣ ба ҳисоб меравад.
Сиёсати пулию қарзӣ
Бо мақсади коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва қурбӣ, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, нигоҳ доштани раванди муътадилии ҳаҷми пул, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок, дар соли ҳисоботӣ 141 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 16,2 млрд. сомонӣ баргузор гардид.
Инчунин, бо мақсади танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот амонатҳои шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 123,2 млрд. сомонӣ ҷалб гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 3,1 маротиба зиёд мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти дурнамои вазъи иқтисоди берунию дохилӣ ва нисбатан коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ меъёри бозтамвилро тадриҷан аз 14,75 фоиз то 12,25 фоизи солона (2,5 банди фоизӣ) паст намуд.
Қурби пули миллӣ
Тағйирёбии қурби пули миллӣ дар соли 2019 дар маҷмуъ муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии он (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) танҳо 2,7 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 4,2 фоиз камтар аст. Қайд намудан зарур аст, ки ин коҳишёбӣ асосан дар натиҷаи гузаронидани тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмӣ дар санаи 20 августи соли 2019 ба андозаи 2,76 фоиз ба амал омадаст.
Дар соли 2019 қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ 0,1 фоиз коҳиш ёфта, фарқияти байни ин қурб ва қурби расмӣ, дар санаи 31 декабри соли 2019 ба 1,1 фоиз баробар шудааст (дар ҳамин давраи соли 2018 ин фарқият ба 3,9 фоиз баробар буд).
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати идоракунии самаранок ва афзун намудани захираҳои байналмилалӣ таъминнокии моҳи воридотии захираҳои умумии хориҷӣ ба 5,3 моҳи воридотӣ расонида шуд (нишондиҳандаи воридот тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Низоми бонкӣ
Ба ҳолати 31 декабри соли 2019 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 75 ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷумла 16 бонк, 1 бонки исломӣ, 22 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 30 фонди қарзии хурд, инчунин 328 филиал ва 1500 маркази хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд.
Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 31 декабри соли 2019 22,0 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 3,7 фоиз зиёд шудаанд. Сармояи тавозунӣ бошад, 5,3 фоиз афзоиш ёфта, ба 6,2 млрд. сомонӣ баробар шуд.
Пасандозҳо
Ба ҳолати 31 декабри соли 2019 бақияи умумии пасандозҳо 9,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 18,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 8,5 фоиз зиёд ва бо асъори хориҷӣ бошад, 7,8 фоиз коҳиш ёфт. Ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 53,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 46,9 фоизро ташкил медиҳад (дар соли 2018 мутаносибан 49,0 фоиз ва 51,0 фоиз буд), ки ин аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт ва зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ шаҳодат медиҳад.
Маблағгузории қарзӣ
Дар соли 2019 ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ 9,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 25,5 фоиз ё 1 942,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи умумии сандуқи қарзӣ ба 9,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, 12,0 фоиз ё 1 048,1 млн. сомонӣ афзуд.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 46,1 фоиз ё 4 405,7 млн. сомонии он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 37,0 фоиз ё 1 188,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз рӯи соҳаҳо бошад, ба истеъмолот 25,7 фоиз, саноат 21,6 фоиз, савдои хориҷӣ 14,0 фоиз, кишоварзӣ 13,6 фоиз, хизматрасонӣ 13,0 фоиз, сохтмон 7,9 фоиз ва дигар соҳаҳо 4,2 фоиз рост меояд.
Ҷалби бонувон ба низоми бонкӣ
Дар соли 2019 аз шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 6 063 нафарро бонувон (ё 35,2 фоиз) ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашт 599 нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод 3 124 нафар зан ҳамчун кормандони фронт офис фаъолият намуда, 641 нафар ё 21,2 фоизи онҳо вазифаҳои роҳбарикунандаро ба зимма доранд.
Низоми пардохт
Ба ҳолати 31 декабри соли 2019 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 878 адад ва 5 348 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ шумораи банкоматҳо 200 адад ва терминалҳои электронӣ 849 адад зиёд шудааст.
Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои муштариён дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 15,4 фоиз афзоиш ёфта, 4 057 782 ададро ташкил намуд, ки ин аз беҳтар гардидани фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои бонкӣ шаҳодат медиҳад.
Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи ҳисоботӣ 2 483,9 ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 36,7 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, 35,1 фоиз афзуда, 2 420,6 ҳаз. нафарро ташкил намуд.
Муроҷиати шаҳрвандон
Дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути почтаи электронӣ ба роҳ мондааст, ки дар маҷмӯъ 2 906 адад дархосту шикояти муштариён, аз ҷумла 79 адад ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 644 адад тариқи телефони боварӣ, 809 адад ҳангоми қабули шаҳрвандон ва 374 адад муроҷиат бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардиданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи салоҳияти ҷойдошта аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Бахши суғурта
Шумораи ташкилотҳои суғуртавӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2019 19 ададро ташкил дод, ки аз ин 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ буда, 16 адад ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ мебошанд. Инчунин, дар бозори суғуртаи кишвар 1 адад Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила амал мекунад.
Маблағҳое, ки дар соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ ба мизоҷон ҷуброн карда шуд, 14 877,58 ҳазор сомониро ташкил дод. Инчунин, уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли ҳисоботӣ маблағи 96 302 386,62 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2018 ба андозаи 6,7 фоиз коҳиш ёфтааст.
Робитаҳои байналмилалӣ
Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди низоми бонкӣ ҳамкориҳои судмандро бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Давлатии Рушди Хитой, Бонки Рушди Авруосиё, фондҳои байналмилалӣ, Бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷи дуру наздик тақвият бахшид.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш дар соли 2019 низоми бонкии кишвар 114,1 млн. долл. ИМА қарз ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 32,0 фоиз зиёд мебошад.
Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди нақши низоми бонкӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонӣ, ислоҳот дар низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сатҳи таваррум, ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёт, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати қарздиҳӣ, аз ҷумла қарзҳои ипотекӣ, муомилоти ғайринақдӣ дар иқтисодиёт, сатҳи эътимоднокии мардум ба низоми бонкӣ, маърифати молиявии аҳолӣ, бахши суғурта, барномаи Хазинаи байналмилалии асъор, бозори коғазҳои қиматнок, фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо, меъёри бозтамвил, низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дигар масъалаҳои низоми бонкӣ аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Убайдуллоҳ Амирҷон ширкат варзид.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири молияи ҶТ мегӯяд, ки барои бартараф намудани таъсири хуруҷи коронавирус ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин мутахассисони вазорат саъю талоши худро анҷом дода истодаанд.
- Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин на танҳо ҳамсояи наздики Тоҷикистон, балки яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисодиёти мамлакат ба шумор рафта, ин кишвар соли гузашта ба Тоҷикистон 262,3 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст. Он лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Чин дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, новобаста ба хуруҷи эпидемияи коронавирус идома дошта, халал нахоҳанд ёфт, таъкид дошт Файзиддин Қаҳҳорзода.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар