ХАБАРИ ДОҒ

Аз терминалҳо бояд дуруст истифода кард!

  • Душанбе, Март 30 2020

То имрӯз 457171 адад кортҳои пластикии “City Card” ба мардум дастрас шуда, шумораи умумии терминалҳои “Express pay” 454 адад ва шумораи волидаторҳои насбшуда дар автобусу тролейбусҳо ва микроавтобуси “Мусича” 573 ададро ташкил медиҳад. Татбиқи ин лоиҳа боиси аз байн рафтани баҳсҳои тӯлонӣ миёни мусофиру ронанда ва кондуктор гашта, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ. Хосса автобусу троллейбус низ ба низоми нав даромад.  

Дар чанд шумораи гузашта мухбирони газетаи СССР дар бораи низоми электронии роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умуми пойтахт ва фаъолияти корти нақлиётиву терминалҳои “City Card” навишта буданд. Пас аз нашри матлабҳои па дар пай масъулони ширкати “Авесто Гурӯҳ” бо мухбири газета вохӯрда. Эшонрог ба дафтари марказии худ даъват намуданд ва дар мавриди камбудиҳову нофаҳмиҳои ин низом шарҳи бештаре доданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар ш. Душанбе  пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, махсус дар автобусу тролейбусҳои пойтахт тавассути низоми электронии пардохти “City Card” амалӣ шуда, татбиқкунандаи ин навгонӣ ширкати “Авесто Гурӯҳ” мебошад. Мутахасисони лоиҳа мегӯянд, ки ҳангоми роҳандозӣ намудани ин низом бовар надоштанд, ки дар ин мудати кӯтоҳ лоиҳа дар чунин сатҳ қарор мегирад. То имрӯз 457171 адад кортҳои пластикии “City Card” ба мардум дастрас шуда, шумораи умумии терминалҳои “Express pay” 454 адад ва шумораи волидаторҳои насбшуда дар автобусу тролейбусҳо ва микроавтобуси “Мусича” 573 ададро ташкил медиҳад. Татбиқи ин лоиҳа боиси аз байн рафтани баҳсҳои тӯлонӣ миёни мусофиру ронанда ва кондуктор гашта, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ. Хосса автобусу троллейбус низ ба низоми нав даромад.  

 

Пули терминалҳоро медузданд...

Бархе аз истифодабарандагони кортҳои нақлиётии “City Card” ҳанӯз ҳам тарзи дуруст истифода бурдани кортро пурра аз худ накарданд. Сокинон шикоят мекунанд, ки имрӯз дастрасӣ ва пур кардани суратҳисоби корт барояшон мушкил гардидааст. 

Зафар Бурҳонзода, директори иҷроияи ширкати “City Card” дар ин маврид мегӯяд, ки 3-4 ҳолати кор накардани терминал вуҷуд дорад, ки ин қабл аз ҳама қатъ шудани қувваи барқ, таъмин набудани шабакаи Интернет ва нодуруст истифода бурдани терминал мебошад. 

   -Яке аз сабабҳои асосии аз кор мондани терминалҳо дар он мебошад, ки сокинон ҳангоми дастрас ва ё пур намудани суратҳисоби худ ба терминалҳо пулҳои кӯҳнаю фарсуда, кортҳои нимшикаста, танга ва баъзан вақт, ҳатто коғаз ворид менамоянд, ки дар натиҷа терминалҳо аз кор мемонанд. Ҳолатҳое шудааст, ки бархе аз сокинон хунукназарона ё аз нодонӣ ба терминалҳо ҳатто шиносномаҳои пластикии худро ворид менамоянд. Ин амали онҳо ба дастрас кардани корт ва пур намудани мувозинати он ба дигар мусофирон халал мерасонад. Кормандони ширкати мазкур ҳамеша аз фаъолияти терминалу волидаторҳои насбшуда бохабар буда, назорати ҷиддӣ мебаранд. Назорат тариқи онлайн, яъне дар монитори насбшуда дар корхона ва телефонҳои мобилии шахсони масъул бурда мешавад ва дар ҳолати аз фаъолият мондани терминал мутахасисон аз ин бохабар шуда, ба макони қарордоштаи терминал ҳозир мешаванд, то мушкилиро бартараф созанд. Барои бартараф намудани ин мушкилиҳо ба мо вақт лозим аст, вале аз чӣ бошад сокинон ин нозукиҳоро фаҳмидан намехоҳанд. Баъзан вақт дар 1 шабонарӯз то 4-5 терминалҳои “Exspress Pay”, шикаста, маблағи дохили он дуздида мешавад. То аз нав барқарор намудани онҳо барои мо вақт ва маблағи калон лозим меояд, - афзуд Зафар Бурҳонзода.

 

Код ба ҷойи корт!

Бархе аз сокинон хоҳиш карда буданд, ки хизматрасонӣ ва истифодаи корти нақлиётиро афзун намоянд, ки тавассути 1 корт тавонанд на танҳо пули роҳкиро, балки маблағи дигар хизматрасиниҳо, аз ҷумла коммуналиро низ пардохт кунанд. Имрӯз ширкати “Авесто Гурӯҳ”  дар ин маврид як иқдоми хубе ба роҳ мондааст-бо гирифтани корт сокинон ва меҳмонон метавонад чӣ пардохти сӯзишворӣ, чӣ хариди мағоза, чӣ пули хӯрок дар тарабхона ва дигар хизматрасониҳоро супоранд. 

   -Ин лоиҳа тавассути корти миллии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин кортҳо инчунин, дорои ҳамёни электронӣ низ ҳастанд. Ҳолатҳое мешаванд, ки мусофирон корти нақлиётии худро фаромуш ё гум карда, вориди нақлиёти ҷамъиятӣ шуда наметавонанд. Барои ҳамеша дастрас будани “City Card” мусофирон метавонанд дар телефони мобилии худ QR-коди корти худро ҷорӣ намуда, бе мушкилӣ ба волидатор наздик намоянду вориди автобус шаванд. Ин иқдомҳо баҳри сокинон бисёр хуб ва дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудаанд, - қайд намуд Ҷомӣ Шарипов, роҳбари ширкати “City Card”.

 

Аз терминалҳо бояд дуруст истифода кард

Ба солҳои қабл қиёс карда метавон гуфт, ки имрӯз ин ширкати мазкур тавонист дар мудати кутоҳ ба бисёр мушкилиҳои мардум дар соҳаи нақлиёт, алалхусус баҳсу нофаҳмиҳо байни мусофир ва ронанда, баргардонии бақияпулӣ ва пардохтҳои хизматрасониҳои гуногун мусоидат намуда, барои сафар ва иҷрои дигар хизматрасониҳои ғайринақдӣ ба сокинон ва меҳмонони хориҷӣ шароити хубро фароҳам овард. Инчунин кортҳои имтиёзнок барои маъюбону нафаққахӯрон ва баъзе кормандони соҳаҳои мухталиф низ роҳандозӣ шудаасту онҳо имрӯз аз он бе мамониат истифода мебаранд. Татбиқкунандаҳои лоиҳа кӯшиш бар он медиҳанд, ки камбудию пешрафти ин лоиҳаро назорат кунанд. Дар оянда барои татбиқи дигар низому усулҳо дар ин соҳа корҳои муидро ба роҳ монда, мушкилиҳоро бартараф созанд. Сокинонро мебояд ба тарзи дуруст ва истифода аз терминалу волидаторҳо аҳамият дода, инчунин  хизмату фаъолият ва талоши кормандони ширкати “City Card”-ро ба назар гирифта, ҳангоми фаъол набудани терминал сабабҳои зикршударо дар хотир дошта, барои беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ аз терминалҳо дуруст истифода баранд. 

 

Ситора Сафара, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter