ХАБАРИ ДОҒ

Табрикоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

  • Чоршанбе, Март 18 2020

Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо самимияту ифтихори бепоён Шумо-модарон ва бонувони азизро ба муносибати, Рӯзи модар ва фаро расидани фасли баҳор табрику муборакбод гуфта, саодатмандиву сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро дар кору рӯзгоратон таманно дорад.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат 11-сол аст, ки дар кишвари офтобиамон санаи 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар бо шукӯҳи хосса таҷлил мешавад ва қайд намудани ин ид дар байни ҳамватанони мо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар кишвари мо ҳамчун иди расмии давлатӣ эълон гардидани Рӯзи модар яке аз барҷастатарин нишонаҳои вусъат ва азамати фарҳанги таърихии миллии мост, ки ғунҷонидани анвои арзишҳои волои инсонӣ ва маънавиро дорад. 

Модарон ва бонувони азиз! Шумо ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне, соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.

Бори дигар бо як ҷаҳон самимияту меҳр Рӯзи модар ва фаро расидани фасли эҳёи табиатро табрику таҳният мегӯем. Модарони азиз ба Шумо ва наздикону пайвандонатон саломатии бардавом ва хушбахтии бепоёнро таманно дорем. Бигзор ҳар саҳифаи китоби рӯзгоратон бо рақами саодату нусрат, саломативу хуҷастафолӣ, хайру баракат ва иқболу муваффақият зиннат ёбад. 

Ид муборак!

Сироҷиддин Икромӣ, Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

 

Таҷлили «Рӯзи модар» дар БДА ҶТ “Амонатбонк”

Дар иртибот ба ҷашни «Рӯзи модар» дар маҷлисгоҳи БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки Раиси Бонк Сироҷиддин Икромӣ, шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ҳунарпешаи халқии ИҶШС, роҳбари гурӯҳи рақсии “Зебо“, Зебо Аминзода ва аҳли кормандони дастгоҳи марказии Раёсати Бонк, чорабинӣ баргузор гардид.

Сараввал Раиси Раёсат ҳамаи бонувонро ба «Рӯзи модар» табрик намуда, перомуни бузургии зан-модар ва эҳтироми зан дар ҷомеа ба ҳозирин ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани “Рӯзи модар” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшан аз ҷойгоҳ ва мақому манзалати воло доштаи бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Баъдан шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ҳунарпешаи халқии ИҶШС, роҳбари гурӯҳи рақсии “Зебо“, Зебо Аминзода аз фазилат ва бузургии модар ёдовар шуда, аз ашъори худ ва шоирону нависандагони адабиёти тоҷик порчаҳои шеър қироат намуданд.

Инчунин, Раиси Шӯрои ҷавонони Дастгоҳи марказии Бонк, Сарбоз Фаррухзода аз номи ҷавонон ва кормандон, иштирокчиёнро бо қироати шеър аз ашъори Лоиқ Шералӣ табрик намуд. 

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси Раёсат ба ҳамаи бонувон туҳфаҳои молиявии омоданамудаи Иттифоқи касаби Бонк, тақдим карда шуд. 

 

Ҳамкории дуҷониба байни БДА ҶТ “Амонатбонк” ва ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»- и Ҷумҳурии Қазоқистон

Чанде пеш дар бинои марказии БДА ҶТ «Амонатбонк» Раиси Раёсати Бонк Икромӣ Сирроҷиддин Салом бо ҳайати расмии ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, ки таҳти роҳбарии  Муовини Раиси Раёсати Ширкати мазкур Калигазин Аслан ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.

Дар рафти мулоқот намояндаи расмии ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» иброз намуд, ки Ширкат омодааст дилхоҳ пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамояд тариқи миёнаравии БДА ҶТ «Амонатбонк» дастгирӣ намуда, то ба манзил расидани молу маҳсулотҳо суғуртаи маблағи онҳоро таъмин намояд.

Дар навбати худ, Раиси Раёсати Бонк Икромӣ Сироҷиддин Салом иброз намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» дар раванди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиистон ҳамеша омодааст соҳибкорони ватаниро дар самти рушд додани соҳибкории хурду миёна ва дарёфти шарикони рушди боэътимод дастгирӣ намояд.

Ҳамчунин, пас аз мулоқоти дуҷониба дар толори маҷлисгоҳи Осорхонаи Бонк, воқеъ дар ошёнаи 10-уми бинои марказӣ, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Муовини Раиси Раёсати ҶС «Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» Созишнома оид ба рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии ба имзо расонидани Созишнома, ин пеш аз ҳама зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба шумор меравад.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кӯшиш менамояд, ки дар оянда ҳам, нисбати амалӣ намудани дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти дастгирии сохибкорони ватанӣ ва дарёфти сарчашмахои нави сармояи арзону дастрас хамаи тадбирхои муассирро амалӣ намояд. 

 

Шӯъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк» 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter