ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Янв 12 2017

Аз редаксия: Матлаби мазкур дар арафаи Соли Нав боз ҳам №1 шуд. Баъди оне, ки дар Русия садҳо нафар аз истеъмоли ин ё он нӯшокӣ фавтиданд, дар кишвари мо низ ба нафароне, ки маҳсулоти ғизоии заҳролуд ва ё мӯҳлаташ гузаштаро ворид ва ё фурӯш мекунанд, бояд ҷазои сахт ва ҳатто ҷиноӣ пешбинӣ карда шавад. Вагарна бо штраф-ҷаримаи хурду кӯчак мо саломати Миллатро ҳифз карда наметавонем!

Чоршанбе, Янв 11 2017

Соли 2017 дар мавзеи "Дуоба"-и ш.Панҷакент ГЭС бо иқтидори 18 Мегавват сохта мешавад. Дар ин бора раиси ш.Панҷакент Ислом Зиёзода дар нишасти матбуотии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ӯ таъкид дошт, ки сохтумони ин ГЭС бо маблағгузории корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин-"Зарафшон" бояд сохта ба истифода дода шавад. Ба таъкиди раис ҳамчунин сохтани хати барқии 220 Килловолта бо маблағи 48 млн доллари амрикоӣ бомаром ҷараён дошта, дар назар аст, ки моҳҳои июл-августи соли равон ба истифода дода шавад. Боиси қайд аст, ки мушкилоти асосии сарборӣ ва норасоии барқ дар шаҳру деҳоти Панҷакент маҳз набуди хати 220 Квт аст.

Хуршед Фозилов

 

Сешанбе, Янв 10 2017

Роҳи деҳаи Рашнаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакентро бояд на масъулини нигаҳдории роҳ, балки мардум бояд таъмир кунанд. Роҳи мавзеи 7 кӯл дар ин фасли сармо лағжонак буд ва нақлиёт бе занҷир наметавонист ҳаракат кунад. Ҳатто рӯи ях моддаҳои зиддилағжиш, аз қабили қуму хоку намак пошида нашуда буд. Гумон доштем Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ш.Панҷакент бояд ин роҳро тоза кунад. Аммо роҳбари ин корхона Фахриддин Мӯминов гуфт, ки нигоҳдории роҳ ба зимаи ҷамоат аст. Раиси ҷамоати Шинг, ҷаноби Сангинов иброз дошт, ки бояд ин роҳро худи мардум таъмиру нигаҳдорӣ кунанд. Вале чаро мардум, на Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Панҷакент? 

Хуршед Фозилов

 

Ҷумъа, Дек 30 2016

30.12.2016. Аз Шабакаи Барқи Ҷануб ба СССР хабар доданд, ки аз ин пас дар қаламрави вилоят барқро дар 1 рӯз 15 соат хоҳанд дод. Тибқи баъзе сарчашмаҳо, ин тасмим аз ҷониби Ширкати Барқи Тоҷик дар тамоми ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

Баҳодур Уроқов,

Хабарнигори СССР дар вил.Хатлон

 

Сешанбе, Дек 27 2016

Тайи чанд рӯз мешавад, ки интернети ширкати "Телеком технолоҷӣ" дар Панҷакент ғайб задааст. Дар ин бора чанде аз истифодабарандагони интернет аз ин ширкат шикоят намуданд. Онҳо мегӯянд, ноқили интеренти ширкати "Телеком технолоҷӣ" аз ноҳияи Айнӣ канда шудааст ва ин мушкилот чанд рӯз аст бартараф карда намешавад. Набудани интернет аз ширкати мазкур дар ҳолест, ки чандин корхонаҳо аз он истифода мебаранду, корашон аз ин хотир бе интернет мушкил шудааст. Коршиносони маҳаллӣ бар он андешаанд, ки Ҳукумати кишвар барои таъсиси ҳукумати электронӣ  кӯшиш дорад,  вале бо эҷод шудани ин гуна проблемаи ночиз, ки боиси қатъи алоқа мегардад ва заиф будани интернет дар минтақа аст, садди роҳи ин стратегия намешавад? Некрӯз, як тан аз истифодабарандаи интернет аз ширкати "Телеком технолоҷӣ" мегӯяд наход барқарор кардани алоқа барои як ширкати бузурги интернетрасон кори душвор бошад. Мо истифодабарндаем ва барои интернет пул медиҳем. Клиент всегда прав мегӯянд, аммо ба кӣ мегӯӣ?!

 

Панҷшанбе, Дек 22 2016

Баъди он, ки Шералӣ Ганҷалзода-вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 22 декабр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон танҳо барои як парвози ҳавопаймои ширкати ҳавоии русии Ямал аз фурӯдгоҳи Жуковскский-и Маскав ба Душанбе иҷоза додааст, самолёти ширкати «Ямал» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст. Ёдрас мешавем, ки парвозҳои самолети ин ширкат дар чанд рӯзи ахир баҳси сахтеро байни Душанбе ва Маскав барпо карда буд…

 

саҳ 62 аз 70

Китобҳо

Flag Counter