Соли 2017 дар мавзеи "Дуоба"-и ш.Панҷакент ГЭС бо иқтидори 18 Мегавват сохта мешавад. Дар ин бора раиси ш.Панҷакент Ислом Зиёзода дар нишасти матбуотии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ӯ таъкид дошт, ки сохтумони ин ГЭС бо маблағгузории корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин-"Зарафшон" бояд сохта ба истифода дода шавад. Ба таъкиди раис ҳамчунин сохтани хати барқии 220 Килловолта бо маблағи 48 млн доллари амрикоӣ бомаром ҷараён дошта, дар назар аст, ки моҳҳои июл-августи соли равон ба истифода дода шавад. Боиси қайд аст, ки мушкилоти асосии сарборӣ ва норасоии барқ дар шаҳру деҳоти Панҷакент маҳз набуди хати 220 Квт аст.
Хуршед Фозилов