ХАБАРИ ДОҒ

Эҳтиёт: Моро заҳролуд мекунанд!!!

  • Панҷшанбе, Янв 12 2017

Аз редаксия: Матлаби мазкур дар арафаи Соли Нав боз ҳам №1 шуд. Баъди оне, ки дар Русия садҳо нафар аз истеъмоли ин ё он нӯшокӣ фавтиданд, дар кишвари мо низ ба нафароне, ки маҳсулоти ғизоии заҳролуд ва ё мӯҳлаташ гузаштаро ворид ва ё фурӯш мекунанд, бояд ҷазои сахт ва ҳатто ҷиноӣ пешбинӣ карда шавад. Вагарна бо штраф-ҷаримаи хурду кӯчак мо саломати Миллатро ҳифз карда наметавонем!

 Ҳар рӯз вориди бозору мағозаҳо мешавем. Тарҳи зебои марказҳои калону хурди савдо, эълонҳои даъваткунанда моро водор мекунанд, ки ин ё он маҳсулотро бихарем. Дохили дӯкону мағозаҳо низ ҷолиби диққатанд. Мо худ нахоҳем ҳам, аз рӯи хоҳиш ё инҷиқии набера, фарзанд ва додару хоҳарамон аз ин ё он анвои хеле зебо коғазпечшударо мехарем. Вале боре меандешем, ки ин молу маҳсулот ҷавобгӯи талаботи стандарт ҳаст, ба саломатии инсон хатар дорад, ё не? Тибқи наворҳои ТВ ва мақолаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо огоҳ мешавем, ки дар ин ё он ҷо даҳҳо ва садҳо кг ҳар гуна қанд, ҳасиб, сақич, консерв ва дигар маводи муҳлаташон гузашта ва ба саломатӣ хатарнокро нест кардаанд. Магар бо нест кардани садҳо кг маводи дарёфтшуда, ин хатар аз мо рабуда мешавад?! Не! Зеро дӯкону мағозаҳо ва рафҳои бозор зиёданду тафтишгарон кам. 

Кӣ гунаҳкор?

Таъмини бехатарии маводи озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ба зиммаи Хадамоти гумрук, ки бояд маҳсулоти зарароварро ворид шудан намонад ва Агентии “Тоҷикстандарт”-у Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ, ки молҳои дӯкону мағозаю бозорҳоро тафтиш мекунанд, вогузошта шудааст. Бар замми ин, ҳар як харидор худ бояд пеш аз интихоби молу маҳсулот ба навиштаҳои коғази он нигарад. Аммо ин амалро мо ба ҷо намеорем. Фирефтаи коғази зебо ва сурати он шуда, огоҳномаи бо ҳуруфи хурд навиштаро намебинем. 

Мушкилоти хатари озуқаворӣ солҳои охир хеле доғ гашта, метавонад барои истеъмолгарон хатари доимӣ ва зараровар дошта бошад. Нодида гирифтани он метавонад ба ҳар гуна сироятёбиҳо, кӯтоҳ шудани давомнокии умр, носолимии насли наврас... сабаб гардад. Ба воридшавии молу маҳсулоти аз меъёр беши дар бозору мағозаҳо моҳҳо хобраванда киҳо сабабгоранд? Ин ба ҳама маълум аст. Хадамоти гумрук, Агентии “Тоҷикстандарт”, Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва дигарҳо. Аз саҳлангории намояндагони тафтишгар дар байни аҳолӣ бемориҳои рӯдаву меъда, исҳоли хунин, домана, пӯст... меафзояд. 

Ҷазо нест!

Фурӯшандагон ва интиқолдиҳандагони маҳсулоти пастсифат ва зарарнокро чӣ ҷазо интизор аст? Қариб ки ҳеҷ гуна. Фақат барои фурӯши маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташ гузашта ба маблағи ночиз ҷарима мебанданд. Ҳол он ки бояд онҳо бо ҷазои сахт мукофот шуда, иҷозатномаи фаъолияташон ситонда шавад, то ба дигарон дарси ибрат шавад! Кормандони мақомоти мазкур оё намеандешанд, ки роҳ додан ба фурӯши маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарзо, зарар овардан ба саломатии миллат аст?! Магар ба саломатии миллат бетафовутем? Дар ҳар ҷашну маъракаҳо рӯи мизҳо ва дастурхон нӯшокиҳои ранг ба рангро мебинем. Баъзеҳо таъкид мекунанд, ки «Аз ин нӯшокиҳо истифода набаред, онҳо аз хокаҳои сунъӣ омода карда шудаанд». Аммо боре надидаем, ки гуфта бошанд: «Ин нӯшокиҳоро гирифта баред!»

Аз рӯи тартиб дар мағозаҳои махсус бо нархи гарон ҳам бошад, бояд маҳсулоти босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба фурӯш бароварда шаванд. Дар ш.Душанбе оё чунин мағозаҳо вуҷуд доранд? 

Гумрук огоҳӣ медиҳад, вале садд намегузорад?

Тибқи иттилои кормандони Хадамоти  гумрук, ба ҷумҳурии мо консервҳои истеъмолашон манъшуда аз Иттиҳоди Аврупо ворид мешаванд. Маҳсулоти ба онҳо иловашудаи Е-330 консерогени сахттаъсир буда, бемориҳои саратони ковокии даҳонро метезонад. Ба сифати «Танзими кислотаҳо, антиоксидкунандаҳо, комплексҳосилкунандаҳо» ба нӯшокиҳои «Vinto», «Sport», «Lenon», «Lime», «Fanta», «MEGA», «Mirinda», «Байка» ва дигарҳо илова карда мешаванд. Ҳамчунин, Е-330 барои тайёр кардани сақичҳои «Hubby Bubba», «Vita C», вафлии «Причуда», шоколади «Alpine Gold», кулчақандҳои «Seville» ва «Caff Burton», маргарини «Долина сканди», соуси гӯштии «Magi», шӯрбоҳои говии «Knorr», «Галина Бланка»..., ки ҳамарӯза ин маводҳоро тарғиб мекунанд, истифода бурда мешавад. Рангдиҳандаҳои E-110 дар таркиби нӯшокиҳои «Grvschorange», «Mirinda» ва «Fanta» дида мешаванд. Маводи ба маҳсулоти хӯрокворӣ иловашаванда, яъне консервантҳои Е-220, 221, 223 ва 224 барои организми инсон хеле хавфноканд. 

Тасмим гирифтем барои хонандагони рӯзномаи СССР маълумот пешниҳод созем, ки зимни хариди маҳсулоти хӯрокворӣ ба коғази муаррифисозандаи он нигаранд. Нишондиҳандаҳои зарарноки моддаҳои ба маҳсулоти хӯрокворӣ иловашаванда:

О-хатарнок                                         РЖ-ба меъда таъсирсозанда 

Р-ҳосилкунандаи саратон                  П-хавфнок

Х-холестерин                                      ВК-барои пӯст хатарнок

З-манъкардашуда                              РД-баландсозандаи фишори хун

КР-ба рӯда таъсиркунанда                ОО-ниҳоят хатарнок

Саломатии шумо дар дасти шумост. Онро эҳтиёт кунед!

 

Мирзои Фирӯз,

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter