Тайи чанд рӯз мешавад, ки интернети ширкати "Телеком технолоҷӣ" дар Панҷакент ғайб задааст. Дар ин бора чанде аз истифодабарандагони интернет аз ин ширкат шикоят намуданд. Онҳо мегӯянд, ноқили интеренти ширкати "Телеком технолоҷӣ" аз ноҳияи Айнӣ канда шудааст ва ин мушкилот чанд рӯз аст бартараф карда намешавад. Набудани интернет аз ширкати мазкур дар ҳолест, ки чандин корхонаҳо аз он истифода мебаранду, корашон аз ин хотир бе интернет мушкил шудааст. Коршиносони маҳаллӣ бар он андешаанд, ки Ҳукумати кишвар барои таъсиси ҳукумати электронӣ кӯшиш дорад, вале бо эҷод шудани ин гуна проблемаи ночиз, ки боиси қатъи алоқа мегардад ва заиф будани интернет дар минтақа аст, садди роҳи ин стратегия намешавад? Некрӯз, як тан аз истифодабарандаи интернет аз ширкати "Телеком технолоҷӣ" мегӯяд наход барқарор кардани алоқа барои як ширкати бузурги интернетрасон кори душвор бошад. Мо истифодабарндаем ва барои интернет пул медиҳем. Клиент всегда прав мегӯянд, аммо ба кӣ мегӯӣ?!