ХАБАРИ ДОҒ

Қиссаи гови рихин ва мунтахаб

  • Чоршанбе, Июн 14 2017


Масали маъруфи «1 гови рихин подаро касал мекунад»-ро ҳама медонад. Аммо онро танҳо шоми 13.06.2017 8 млн нафар бо чашм дидаву шоҳид шуд. Гови рихини ин шом дарвозабони Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол-Абдуазиз Маҳкамов шуд...
Абдуазиз Маҳкамов-дарвозабони Алай-чемпиони Қирғизистон аст, ки ба ҳайси легионери ватанӣ дар ун кишвар ҳунарнамоӣ дорад. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин дарвозабон агар дар маҳдудаи футболи Қирғиз хуб бозад ҳам, дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле суст ҳунарнамоӣ дорад. Дар бозиҳои гурӯҳии АФК ,ӯ кам не-ғам не 18 гол сар додааст!!! Акнун тасаввур кунед, ки чигуна чунин дарвозабони сустро сармураббӣ ба хатти асосии мунтахаби миллӣ ҷо кард?!
Коршиносон мегӯянд, набуди дарвозабони хуби дигар, яъне набуди конкурентсия. Таври маълум Алишер Додов, яке аз муддаиёни асливу усулии дарвозаи мунтахаб захмист-травма дорад. Зимнан аз 2 дарвозабони дигар Қурбоналӣ Бобоев дар захираи мустаҳками Истиқлол нишастаасту гумон аст, Стошич захм нагирад, умуман ба майдон барояд. Беҳрӯз Хайриев дарвозабони №3, ки рангҳои Барқчиро ҳифз мекунад, аслан ба сатҳи байнулмилал баромад карда наметавонад. Аз ин ҷо бармеояд, ки Ҳаким Фузайлов имкони интихоб на дошту на дорад. Ва хоҳем-нахоҳем Маҳкамов дарвозабони мо дар ин марҳалаи гурӯҳӣ боқӣ мемонад.
Бо ин ҳама, фикр намекунам, ки Бобоев ё Хайриев ингуна голҳое, ки голкипери №1 сар дод, мегузаронида бошанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дарвозабони дигари хубе дорем, ки масъулин бояд ӯро даъват кунанд. Сухан сари Ризоев-дарвозабони Ҳосилот ва голкипери чемпиони 2-карати ҶТ-Равшани Кӯлоб меравад. Бовар кунед, Рустам Ризоев дар ин бозӣ мешуд, ҳатман мо ҳадди ақалл аз 2 гол-ляпи Маҳкамов эман мемондем,  2 голе, ки кӯдак бояд бармегардониду Абдуазиз натавонист...
Ҳайфи бачаҳо, ки 3 гол заданду боз бозиро бохтанд!!! Ва агар дар хатти охирин дарвозабони профессионал медоштем, ҳатман дар ин дидор пирӯз мешудем. Мо метавонем!

Мунтахаби Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Алай», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);
Муҳофизатгарон: Александр Ҳубер (агенти озод), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Искандар Ҷалилов («Дунав», Болгария), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»), Зоир Ҷурабоев (ЦСКА «Помир»);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Болгария), Нозим Бобоҷонов (СК «Баҳрайн», Баҳрайн), Умедҷон Шарипов («Машъал», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Алиев, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Комрони Мирзонаҷот (ЦСКА «Помир»);
Ҳуҷумкунандаҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»).
Сармураббӣ  – Ҳаким Фузайлов

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter