Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:09


Узви Ихвон-ал-СССР, Маҳмадрасул Сабуров, аз деҳаи Навободи ноҳияи Ваҳдат ба СССР занг задаву гуфт, ки солҳои 1970 дар ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) зане вақте пилларо бурда, ба пункти қабули ноҳия супорида ба хона бармегашт,  мегӯяд, ки мардак ман гуноҳ кардам. Шавҳар мепурсад, ки чӣ гуноҳ кардӣ? Зан мегӯяд,1 кг пилларо аз Шумо баҷо кардам. Мард мепурсад, ки канӣ пила? Зан оварда медиҳад. Пилларо гирифта дар ҷое пинҳон мекунанд. Тоқат накарда, аз тарс, ки Ҳукумат мебинад, ки мо дуздӣ кардаем, гирифта андаруни оғил мебаранд. Фикр мекунад, ки котиби райком инро диданаш мумкин, боз аз он ҷо гирифта, пилларо дар коҳдон руст мекунанд. Ахир, дилашон тоқат накарда, ҳамон 1 кг пилларо ба канале мепартоянд ва бо ҳамин хотирҷамъ мешаванд. Инро ба чӣ хотир гуфтам? То сиёсати сталинӣ набошад, пеши роҳи коррупсия ва дуздиву қаллобиро гирифта намешавад. Ё шояд ман нодуруст фикр мекунам???

Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:06


Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, муаллими собиқадор ва табиб Абдуғаффур Исматов, сокини деҳаи Сарои ноҳияи Ашт ба СССР занг задаву гуфт, ман бо собиқаи кор дар соҳаи тиб ба хулосае омадам, ки тибқи талаботи қонунҳои байналмилалӣ бояд ҳар 1 ширкати мобилии ватанӣ дар Тоҷикистон ба аҳолие, ки дар атрофи антенна зиндагӣ мекунанд, 1 миқдор пул доданаш даркор. Зеро зиёни мавҷи телефонҳои мобилӣ тариқи антенна ба сиҳатии ИНСОН 100% аст. Ба қавли дигар, антеннаҳои телефонҳои мобилӣ аз худ заҳр мепошанд... Доир ба ин мушкил ба чандин компанияҳои мобилӣ гап задам, аммо онҳо ин зарарро нодида гирифта, баракс, гапи маро дурӯғ бароварда, исбот карданиянд, ки «антеннаҳо ба аҳолии атрофи он ҳеҷ зарар надорад». Охир, чӣ хел зиён надорад, ки дар ин хусус, нағз дар ёдам ҳаст, журналист Сафват Бурҳонов соли 2009 ба тафсил ва таҳлил дар газетаи СССР навишта, роҳи ҳаллашро низ нишон дода буд. Ширкатҳои мобилӣ чаро арзу доди муштариёнро ба инобат намегиранду фақат дар бораи пул-даромад фикр мекунанд, на сиҳатии мизоҷон?!
Аз СССР: Барои ҳамин устод, ҳар вақте Бек Сабурӣ лаҷоми инҳоро мекашаду аз дигарон талаб мекунанд, ки тарафшонро гиранду матлаби пулакӣ нависанд, газетаи мардумӣ ҳаргиз онҳоро пуштибонӣ намекунад. Зеро ҳамаи ин ширкатҳо саломатрабову пулдузданд. Мо метавонем!

Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:01

Хиёнат ва ҷиноят-1

Ҷумъа, 12 Январ 2018 14:51

Дар баробари танзими нақлиёт, Рустами Эмомалӣ-мири ҷавони пойтахт, дар тарабхонаҳои Душанбе низ, ки мунодии фарҳанги дунявият мебошанд, бояд низому тартиб ҷорӣ кунад…
Тарабхонаҳои бесоҳиби Душанбе

Ҷумъа, 12 Январ 2018 14:47


Домуллоҳои мӯҳтарам бар зидди Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ-генерали мардумии майдони Шаҳидон дар соли 1991-92 шӯрида, ӯро ба мазҳабфурӯшӣ ва гаровидан ба шиа муттаҳам кардаанд. Ин дар ҳолест, ки то ҳанӯз худи «Генерал», ки дар СИЗО қарор дорад, ба ин иттиҳомот посух надодааст.

Ҷумъа, 12 Январ 2018 14:42

Панҷшанбе, 11 Январ 2018 17:59


Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи раводид ва қитъаҳои баҳсталаби марзиро дар Душанбе баррасӣ карданд. Мутобиқи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои расмии 2 кишвар, ки рӯзи 10.01.2018 бо ширкати нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар Душанбе сурат гирифт, дар ояндаи наздик шаҳрвандони 2 мамлакат метавонанд бидуни раводид дар муддати то 1 моҳ дар қаламрави ҳамдигар қарор дошта бошанд. Инчунин, тарафҳо омодагии хешро барои боз намудани хатсайрҳои нави нақлиётӣ ва гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ дар марз эълон намуданд.
Вобаста ба масъалаи мубрами дигар, ки солҳои тӯлонӣ ҷой дошт, ҳудуди НОБ и Фарҳод минбаъд қаламрави Тоҷикистон маҳсуб ёфта, худи иншооти энергетикӣ моли ҷумҳурии ҳамсоя ба ҳисоб хоҳад рафт.
Ба масъулини 2 кишвар дастур дода шуд, ки барои омода намудани санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, коммуникатсия, савдо ва тиҷорат, иқтисод ва марзбонӣ шурӯъ намоянд.

СССР

Панҷшанбе, 11 Январ 2018 17:52


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта бо имзои 1 қатор амру фармонҳо Шерализода Маҳмадулло Умарро иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Варзоб ва Давлатзода Қудрат Қамбарро директори Агентии “Тоҷикстандарт” таъин намудааст. Шерализода Маҳмадулло Умар то ин дам директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна буда, Давлатзода Қудрат Қамбар мақоми ректори Донишкадаи иқтисод ва молияро бар дӯш дошт.
Ба ҷойи Давлатзода Қудрат Қамбар ректори Донишкадаи иқтисод ва молия Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ таъин карда шуд. Исмоилзода Ёқуб Борон аз вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи Президент озод ва муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

СССР

саҳ 10 аз 14
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase