Шаби соли нав дар тарабхонаи шаҳраки Дӯстӣ, маркази н.Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) бар асари занозании хунин Алишер Абдуллоев, сокини 30-солаи ш.Қӯрғонтеппа кушта шудааст.
Аминзода Фотеҳ раиси ноҳияи Ҷайҳун дар сӯҳбат бо мухбири СССР ин фоҷиаро тасдиқ карда гуфт, ки 1 гурӯҳ ҷавонон шаби соли нав дар тарабхонаи шаҳраки Дӯстӣ соли навро бо нӯшидани арақ пешвоз гирифта, дар натиҷа маст мешаванд. Бо сабабе байни 3 нафар ҷавонони ноҳияи мазкур ва ин сокини ш.Қӯрғонтеппа муноқиша сар зада, Алишер Абдуллоев лату кӯб гашта, дар натиҷа вай дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Прокуратураи ноҳия нисбати ин қазия парванда боз карда, таҳқиқ идома дорад.
1 манобеи СССР аз ҳукумати н.Ҷайҳун дар сӯҳбат афзуд, ки Алишер Абдуллоев ин тарабхонаро иҷора гирифта буд. Шаби соли нав бо худ раққоса низ овардааст, ки таъби мизоҷонро болида гардонад. Баъди анҷоми ҷашн Алишер раққосаҳои даъватшудаҳоро ба макони зисташон бояд мебурдааст. 1 гурӯҳ ҷавонони маҳаллӣ аз ин норозӣ шуда, бо Алишер даъво кардаанд. Дар ҳамин маврид байни Алишеру ин гурӯҳ ҷавонон, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, муноқиша сар мезанад.
Алишер Абдуллоев бародари Рокия Абдуллоева,1 хабарнигори шинохта мебошад, ки солҳои тӯлонӣ дар телевизиони вилоятии Хатлон ва баъдан дар ТВ Сафина фаъолият кардааст.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилоти Хатлон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар