ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 18 Январ 2018 11:17


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ёвон матлаби Зайнулобиддин Ҳусейновро таҳти унвони «Раисон чора меандешида бошанд?» (СССР, №47(480), 23.11.2017) мавриди баррасӣ қарор дод. Бояд гуфт, ки партовгоҳи мазкур воқеъ дар канори шоҳроҳи Ёвон-Душанбе, ба ҳудуди марзию маъмурии н.Рӯдакӣ шомил буда, ба н.Ёвон тааллуқ надорад. Аз ҳамин ҷиҳат, новобаста аз вазъияти мавҷуда ва бар асари партовгоҳ ғализ шудани ҳавои атмосфера, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ёвон ваколати манъ кардани фаъолияти иншооти мазкурро надорад.

Амирбеки Темур, Раиси ноҳия

Панҷшанбе, 18 Январ 2018 11:13


Узви Ихвон-ал-СССР, Зайнулло Ибронов, аз ноҳияи Сарбанд ба СССР занг задаву гуфт, ки пас аз суқути СССР барои аҳолии Тоҷикистон шароити меҳнат хеле душвор шуд ва бештар ҷавонон барои ҷустуҷӯи кор ба хориҷа рафта, то ҳол шароити гаронро аз сар мегузаронанд. Онҳо аввал маблағ сарф карда шаҳодатномаи хориҷӣ, пасон билети поезд ва ё самолёт мегиранд ва баъд ҷои хобу кор мекобанд. Агар кор кунанд музди меҳнати онҳоро фақат 40-50% медиҳанду халос. Онҳое, ки барои кор ба Русия мераванд аксарият «дафтарчаи меҳнатӣ», ё “трудовой” надоранд. 1 қисми онҳо 8-10 сол кор мекунанд, лек дар ягон ҷо қайд карда нашудааст. Хуб мешуд, ки дар ин масъала Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Вазорати молия ва Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳамтоҳои руси худ муздуронро бо дафтарчаи меҳнатӣ таъмин созанд. 2 фарзанди ман дар вилояти Владивостоки Русия 8 сол боз муздур аст, аммо бе “трудовой”!!!

Панҷшанбе, 18 Январ 2018 11:09


Узви Ихвон-ал-СССР, Зикриёи Дилшод сокини ноҳияи Мастчоҳ бо телефони 92 766 07 45 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман алон дар Беморхонаи Марказии шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) бистариям. 1 шикоят дорам. Ҳамин ҳоло хело зиқ шудаму хостам аз берун ягон газетаи Тоҷикӣ гирифта хонам, аммо ягон нашрияи Тоҷикӣ нест. Ба 1 медсестраи Беморхона фармудам, ки ба ман нашрияе бо забони Тоҷикӣ ёфта биёранд, аммо фақат “Суғд ҳақиқати”-ро оварду гуфт, ки “газетаи Тоҷикӣ дар мо нест!” Ман гумон кардам, ки дар ягон беморхонаи шаҳри Тошканд хобам. Зеро наход Беморхонаи 1 шаҳри Тоҷикӣ газетае бо забони адабии Тоҷикӣ надошта бошад???

Панҷшанбе, 18 Январ 2018 11:03


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман, дер ҳам шуда бошад, кулли кормандони азизи газетаи мардумии СССРро бо Соли нави мелодии 2018 сидқан таҳният мегӯям ва ба кору эҷоди шумо муваффақият ва барор мехоҳам. Инак, 1 суол дорам шахсан ба сардабири СССР, Сайёфи Мизроб ва хоҳишмандам, ки посухи онро дар ҳамин ҷо бинависад:
Чаро матолиби Раҷаби Мирзо-сардабири нашрияи “Рӯзи Нав” дар газетаи СССР дигар чоп намешаванд? Зеро ман ҳамчун мухлиси доимии СССР ёд дорам, ки пештар Раҷаби Мирзо дар ин газета зиёд менавишт... Ҳоло ҳам матолибу андешаҳои Раҷаби Мирзоро хело муштоқ шудаем.

Билол Бобоев,
ш.Ваҳдат, тел: 917 55 78 75


Аз СССР: Чунки Раҷаби Мирзо бо кору бори хеш банданд. Аммо дарҳои редаксияи мо ҳамеша кушодааст. Нависанд, чоп мекунем. Мо Метавонем!

Панҷшанбе, 18 Январ 2018 11:00


Соли гузашта дар саросари кишвар бахшида ба 10-умин солгарди Қонуни ҶТ «Оид ба танзими расму оин ва анъанаҳои миллӣ» таклифу пешниҳодҳо дар «Микрофони озод» садо медод, ки аксарият дар гардан галстук дурӯғ мегуфтанд, яъне 100% аён буд, ки онҳоро назди микрофон маҷбур овардаанд. Баъзеи онҳо иброз медоштанд, ки гӯё сабаби дар рӯзҳои иди шарифи Рамазон ва Қурбон болоравии нарху навои маҳсулотҳои кишоварзӣ ин аз ҳад зиёд харидани маҳсулоту хуроквориҳост. Бовар кунед, дар тӯли ин 10 сол ҳамин Қонунро фақат мардуми оддӣ-табақаи поёнӣ риоя мекард. Ман садҳо нафарро медонам, ки дар арафаи ин 2 ид 500-300 гр қанду конфет ва дигар шириниро ҳамту барои дастархони идонаи худ мехариданду мансабдорон бошанд барои худнамоишдиҳӣ.

Ҷабор Раҷабов,
хабарнигори мардумии СССР, н.Кӯлоб

Панҷшанбе, 18 Январ 2018 10:54

Хиёнат ва ҷиноят-2

Панҷшанбе, 18 Январ 2018 10:22

Чоршанбе, 17 Январ 2018 16:19


Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 17-солаи н.Мастчоҳи вил.Суғдро барои ҳамроҳ шудан бо аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломӣ” 14 сол зиндонӣ кард. Ҳини дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доштанаш Ҳотамқулов Муаззам Исроил Уғли ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлатӣ исломӣ” майл пайдо карда, тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии “Телеграмм.ру”, гуруҳи «муҳоҷир.уз» худро бо номи мустаори “AL Fath Fath” ба қайд гирифта, наворҳои задухурдҳои мусаллаҳонаи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлатӣ исломӣ»-ро мунтазам тамошо ва ба худ қабул карда, дар хотираи телефони мобилиаш ҳифз намудааст. Бо мақсади шомил шудан ба сафи “Давлатӣ исломӣ” ва дар ҳайати аъзои ташкилоти мазкур “ҷиҳод” кардан бар зидди Қувваҳои мусаллаҳи қонунии ҶИА ва алянси шимолӣ (НАТО), нияти сафар намуданро ба кишвари мазкур мекунад. Баъди аз Русия ба ватан баргаштан тавассути сомонаи интернетии мазкур баҳри амалӣ кардани мақсадҳои ниҳоияш Ҳотамқулов харитаи Тоҷикистонро ёфта, минтақаи наздимарзии деҳаи Тешиктоши ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин»-и н.Қубодиёни вил.Хатлонро барои ғайриқонунӣ гузаштан аз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶИА интихоб намудааст. Рӯзи 18.09.2017 барои ҳамроҳ шудан ба аъзои ТЭТ “Давлатӣ исломӣ” бо таксӣ аз н.Мастчоҳ ба деҳаи Сайназар Худойқулови ҷамоати Тахти-сангин омада, шабро дар боғи ба номи “Туто” рӯз мекунад. Аммо санаи 19.09.2017, дар деҳаи Худойқулов аз ҷониби кормандони ШН Раёсати КДАМ ҶТ дар н.Қубодиён дастгир шуд. Додоматзода Фахриддин-судяи суди вил.Хатлон Ҳотамқуловро бо моддаҳои 32 қисми 3-401 прим 1-и КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол маҳкум кард.

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

саҳ 7 аз 14

Китобҳо

Flag Counter