ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:52


Аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзҳо сипарӣ мешаванду моҳҳо мегузаранду ҳамон қадар эътиқодам ба саривақтиву замонавӣ будани ин қонун қавитару устувортар мегардад. Дар муҳлати баъди интишори қонун барои баёни таъзияву изҳори тасаллият ба чанд маросиме рафта бошам, дидам, ки сафи таъзиягарон ба маротиб кам ва рӯз дар миён коста шудан дорад. Чанд рӯз пештар ба манзили бародари қадрдоне ба маросими 40 омадаму пас аз дуову фотеҳа каме нишастам. Дар ҳамин муҳлат, ки соат аз 9 гузашта буд, танҳо 2 тани дигар барои ҳамдардӣ қадам ранҷа намуданду халос. Дар назди ҳавлии марҳум аз ҳамсояву ҳамдеҳагон, ҳамкорон ва хешу табор ангуштшумор касонеро дидам, ки ба хотири фотеҳахонӣ омадаанд. Худораҳматӣ (гарчанде мансабдор набуд) дар зиндагияш одами баобрӯ, меҳрубону мушфиқ, хайрхоҳу сахӣ ва инсони ба қавли мардум дастархондор буд. Агар дар зиндагияш маъракае мекард, 2 тарафи роҳи мошингузар пур аз мошин мешуду дар ҳавлӣ ҷои сӯзанпартоӣ намемонд. Чун инро дидам маъракаҳои ёдбуди то давраи қонун ба ёдам расид.

Шикамчарон будем, на мусалмон
Ҳанӯз соат 8-и субҳ нашуда фавҷ-фавҷ шиносу ношинос, дорову нодор, ҳамсояву ҳаммаҳалла…ба хотири чаронидани шикам меғурумиданд. «Худой медонаду ман медонаму ту ҳам медонӣ», ки аробакашони бозор макони баргузории маросимҳоро ба ҳамрикобони худ мефурӯхтанд. Агар раваду дар 1 маҳалла чанд маърака бошад, гуруҳи ишкамкалон, албатта, бо ҳар роҳ аниқ мекарданд, ки ошпаз кист, навъи биринҷ девзира аст, ё оқпар, марҷону лазер аст, ё краснодар, ош муқаррарист, ё 1х1. Ин тоифа бе ҳеҷ шарму ҳаё ва изою ибо «ДэПэ» талаб карда, мизу дастархон об задаву рӯфтагӣ мегашт. Акнун куҷоянд ин «дӯстони нониву забонӣ», ки аз рӯи ихлос биёянду даст ба дуо бардоранд, арвоҳи гузаштагонро шод кунанд? Гузашти вақт собит сохт, ки на он мусалмонем, ки худро метарошем. Балки 1 табақаи риёкору намоишкор будем, ки онро танзим 100% исбот кард. Танзим нафс, чарои шикам, худнамоиву риёкорӣ ва «мусалмонии дурӯғинамон»-ро шикаст.

Қиёмуддин Абдуллоев,
шаҳри Ваҳдат

Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:51

Саъдӣ Тӯраеви 41-сола, сокини деҳаи “Назарӣ”-и ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон (тел: 998 95 501 04 52) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки ман инак, 1 моҳ боз дар шаҳри Душанбе меҳмонам. Бо виза омадаам. Ягона умеду орзу ва таманнои ман дар Соли нави мелодии 2018 ин аст, ки равобити 2 халқу миллат-Тоҷику Ӯзбек боз ҳам зичтар шаваду додугирифтҳо қаринтару самимитар. Соҳиби 2 фарзанд ҳастам ва ҳар 2 ҳам мактабхонанду дар мактаби Тоҷикии Бойсун таҳсил доранд. Китобҳо ба забони Тоҷикӣ фаровонанд ва ягон норасоӣ дар масъалаи кутуби Тоҷикӣ нест. Мардуми Бойсун-Тоҷику ӯзбек мисли бародару апаву хоҳар... кору зиндагӣ доранд. Дар Бойсун газетаи Тоҷикӣ низ дорем бо номи “Овози Бойсун”. Ҷомеаи Бойсун ва дигар навоҳии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хешу табори зиёд доранд. Марому дуои ҳамаи мо ин аст, ки дар оянда рафтуомад ва робита аз ин ҳам дида қавитар гардад. Падару модари ман алъон шаҳрванди Тоҷикистонанд ва дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебаранд. Ҳоло бардошти ман аз ин сафар хело фаровон асту хотирмон ва насиб карда бошад, дар ояндаҳои наздик боз хоҳам омад.

Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:45


Шаби 13 ба 14 январ дар 1 қатор кишварҳои дунё Соли нави кӯҳнаро ҷашн мегиранд. Анъанаи ҷашн гирифтани Соли нави кӯҳна ба ихтилофот дар 2 тақвим-юлианӣ ва григорианӣ робитаи зич дорад. Ин ихтилофот ҳоло 13 рӯзро ташкил медиҳад ва дар с.2100 ба 14 рӯз хоҳад расид. Бештари кишварҳои аврупоӣ дар асри XVIII ба тақвими григорианӣ гузаштанд, лек дар Русия ин гузариш с.1918, бо рӯи кор омадани болшевикон иттифоқ уфтод.

Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:33


Ҷанги нобарор
9.01.1905 дар пойтахти Русия - Санкт-Петербург намоиши осоиштаи коргарон аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматии рус тирборон карда шуд. Тибқи баъзе маъхазҳо дар натиҷа беш аз 100 нафар куштаву 300 тани дигар захмӣ шуд. Коргарон барои ҷустуҷӯи адолат назди подшоҳ Николайи 2 мерафтанд, аммо ба ҷои адолат насибашон тир шуд. Он шабу рӯз Русияи подшоҳӣ бо Япония дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Ин ҷанг барои Русия чандон бобарор набуд.

Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:26


4.01.1918. Анҷумани аввалини Шӯроҳои Сибир қарор дод, ки Ҳокимияти шӯравиро бо нерӯи силоҳ дастгирӣ кунад.

4.01.1942. Маҷаллаи амрикоии "Таймс" натоиҷи соли 1942-ро ҷамбаст ва роҳбари СССР-Иосиф Виссарионович Сталинро одамӣ сол муаррифӣ кард.
4.01.1980. Президенти вақти ИМА Ҷимми Картер эълон намуд, ки кишвараш бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим мекунад. Сабаби ин амалкардро Картер вуруди нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравӣ ба Афғонистон хонд.

Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:21


Вобаста ба мақолаи М.Мубориз (СССР, №49, 7.12.2017) гуфтанием, ки воқеан дар ш.Сарбанд не, балки дар ш.Қӯрғонтеппа баргузор шудани чорабинии фарҳангӣ-адабӣ ба ифтихори адиби шинохтаи кишвар Аброри Зоҳир боиси таассуф аст. Барои мо бошад боиси таассуф ва нигаронии дучанд аст, ба он хотир, ки ҳанӯз аз моҳи апрели соли 2017 сар карда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, ки дар он адиб таҳсил намудааст, вобаста ба ҳаёту эҷодиёти нависанда ба баргузории чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ оғоз карда будем. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Сарбанд ва дастгирии маорифчиён таклиф пешниҳод гардид, ки мактаби миёнаи №4 ба номи Аброри Зоҳир гузошта шавад. Ин пешниҳодро вакилони Маҷлиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» аз 30.06.2017 ва Маҷлиси вакилони халқи ш.Сарбанд якдилона маъқул шумориданд. Ҳамин тавр қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқ аз 27.09.2017 барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешниҳод шуд ва мо бовар дорем, ки он мусбат ҳаллу фасл мегардад. Дар бораи раванди омодагӣ ба чорабинии мазкур ҳаминро бояд гуфт, ки бо ибораи нависандаи ин мақола «аз пайвандони раҳматии Аброр» фарзанди ӯ Шаҳбоз 1 бор шахсан ба ман муроҷат карда буд ва мо албатта розигии худро додем. Ният доштем, ин чорабинӣ ба дараҷаи баланди фарҳангию адабӣ ва сиёсӣ барпо гардад. Вале баъди он ки хабар ёфтем, даъватномаҳо ба иштироккунандагон бе мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Сарбанд дастрас шудааст, таклиф кардем, ки бояд як муддат омодагии пурра гирифта, баъд чорабиниро гузаронем. Ин ба он хотир буд, ки тибқи даъватномаҳои аллакай дастрасшуда, аҳли илму адаб на танҳо аз вилоят, балки аз пойтахт ва дигар минтақаҳо меомаданд ва раванди чорабинӣ бояд дар сатҳи баланд мегузашт ва вақти муайянро тақозо мекард. Мутаассифона, бе таҳлилу хулосабарорӣ чорабиниро дар ш.Қӯрғонтеппа гузарониданд, ки дар мақола ҳамчун «аз кӯчаи идеология нагузашта» муаррифӣ шудем, агарчӣ зиёда аз 21 сол дар ҳамин «кӯчаи идеология» қадам зада, аз пастиву баландиҳои бешумори он гузашта истодаем.

Санавбар Самизода, раиси шаҳри Сарбанд

Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:16


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман 3 гуфтанӣ дорам.
1.Ман ва Сафаралӣ Азизов-2 омӯзгори ҷавони мактаби миёнаи №13-и ноҳияи Вахш мехоҳем ба муолиҷаи Диёрбеки азиз-ҷигарбанди Дилноза Каримова 200 сомонӣ бидиҳем. Ва ин маблағро ба суратҳисоби ӯ гузаронидем! Ва ин маблағи ночизи моро Диёрбек-додарҷони мо сидқан қабул кунад, зеро Мо Метавонем!
2.Сипоси беҳад ба шаҳрдори ҷавони Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки ба мардуми мо арчаи солинавиро аз нав баргардонид! Ва мо Соли нави мелодии 2018 – Соли Сагро бисёр сазовор ва бо шукӯҳи баланд пешвоз гирифтем. Ёдам ҳаст, Соли навро пештар дар хона ҷашн мегирифтем ва чун муллоҳо онро макрӯҳ ва гуноҳ номиданд, таҷлили он дар сатҳи баланд қариб аз байн рафта буд.
3.Чаро акси ман дар «винетка»-и солинавии СССР дар шумораи гузаштаи газетаи дӯстдоштаи мо таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!» фаромӯш шудааст?

Исматулло Собирӣ, муаллими ҷавон, н.Вахш


Аз СССР: Бисёриҳо ҳамин саволро медиҳанд. Акнун донед ва огоҳ бошед: Дар «винетка» бештар аксҳои онҳое гузошта шудаанд, ки дар ин 9 сол бо СССР пайваста ҳамкору ҳамқаламу ҳамроз буданд. Зимнан, шумо талош биварзед, то бо СССР пайваста дар тамос бошеду дар нигоришу ҳамкорӣ серталош… Он гаҳ акси шуморо дар винеткаи навбатӣ ҳатман ҷо медиҳем! Мо Метавонем!!!

Ҷумъа, 12 Январ 2018 15:11


Салом, СССР! Ба гумонам вақти он расидааст, ки адолати иҷтимоӣ дар нафақа ҷорӣ карда шавад. Агар вакилони мардумии Маҷлиси Олӣ қонуне қабул кунанд, ба ин мазмун, ки «шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки зиёда аз 25 сол собиқаи корӣ дошта, беш аз 20 сол дар 1 система фаъолият карда бошанд, тибқи касбу кори ишғолкардаашон нафақапулии якхеларо сазовор шаванд», хуб мешуд. Ин тадбир ҳам аз ҷониби қонунҳои давлатӣ ва ҳам аз лиҳози қонунҳои динии исломӣ, ки муъмин бародари муъмин аст, дуруст мебуду аз рӯи одамгарӣ низ. Чунки ҳоло нафақаи вазирону вакилон ва чиновникҳо аз нафақаи табибону омӯзгорон то 10 баробар фарқ дорад. Нафақа ба шаҳрвандон барои он дода мешавад, ки талаботҳои иҷтимоӣ, маънавӣ, сиёсии онҳоро дар давоми 30-31 рӯз таъмин кунад. Ҳоло шахсоне ҳастанд, ки аз 70 сомонӣ, то 150, 250 сомонӣ нафақа мегиранд, ки ин маблағ ба чойпулии онҳо ҳатто басанда нест.

Ҷаббор Раҷабов,
хабарнигори мардумӣ, ш.Кӯлоб 

саҳ 9 аз 14

Китобҳо

Flag Counter