ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 19 Январ 2018 10:56


Дар шаҳрҳои Қӯрғонтаппа ва Шаҳринав дар доираи Фестивалҳои футбол барои бачагон дар доираи кушодашавии Лигаи футболи ҳавлигӣ (Лига дворового футбола) таҳти унвони “Футбол ба назди шумо меояд” баргузор шуданд.
Дар фестивали мазкур, ки дар ш.Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон баргузор шуд, бештар аз 100 нафар кӯдакон иштирок намуданд. Иди варзишӣ бисёр самимона доир шуд ва дар он кӯдакон фаъолона ширкат варзиданд. Дар ҷамъбасти фестивал Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ба Федератсияи футболи вилояти Хатлон ошёҳои варзишӣ аз қабили тӯбҳои футболбозӣ, тӯрҳо барои дарвоза, дарвозаҳои хурд, жилеткаҳо, ҳуштак ва кортҳои довариро тақдим намуд.
Бино ба итиллои маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, имсол лоиҳаи барномаи “Футбол ба назди шумо меояд” дар ҳашт шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон – Қӯрғонтеппа, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Данғара, Восе ва Кӯлоб доир хоҳад шуд.
Дар доираи чорабинии мазкур дар н.Шаҳринав бозии дӯстона байни бачаҳои маҳаллӣ ва бозингарони дастаи футболи “Регар-ТадАз” доир шуд. Вохӯрии дӯстона бисёр шавқовару диданӣ сурат гирифта бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи футболбозони наврас анҷом ёфт.
Ба иттилои директори генералии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков Лигаи футболи ҳавлигӣ ҳашт шаҳру ноҳияи ШНТМ – Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат, Норак, Варзоб, Файзобод ва Рӯдакиро фаро хоҳад гирифт.
Дар лоиҳаи “Футбол ба назди шумо меояд” имсол кӯдакони аз 6 то 12 сола иштирок мекунанд. Мусобиқа дар марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ доир мегардад. Марҳилаи пешакӣ аз 20 январ шурӯ мешавад ва марҳилаи ниҳоӣ бошад моҳи апрел дар маркази вилоят ва шаҳрҳо барпо мешавад.

Ҷумъа, 19 Январ 2018 10:52


Комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оиди литсензиякунонии клубҳои футбол рӯзи 17.01.2018 ба дафтари кории клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе сафари корӣ доир намуд.
Ба иттилои сомонаи расмии Лигаи футболи Тоҷикистон www.tfl.tj, дар рафти сафарии кории худ комиссияи ФФТ ҳуҷатдории чемпиони шашкаратаи футболи Тоҷикистонро оиди талаботҳои литсензиякунонӣ санҷида баромад. Ба ҳуҷҷатнигории мазкур талаботҳои системаи литсензиякунонӣ оид ба меъёрҳои варзишӣ, сохторӣ, маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ шомил мешаванд.
Комиссияи ФФТ бо кормандони клуби футболи пойтахт вохӯрӣ гузаронд. Ноиби президенти Федератсия ва Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ба клуби футболи “Истиқлол” дар мавсими нави футбол барору комбиҳоро таманно намуд.
Ба гуфти менеҷери клуби футболи “Истиқлол” Шаҳзод Сулаймонов бо сабаби аввалҳои моҳи март иваз шудани сабзаи сунъии майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба болопӯши нави сунъӣ клуб бозиҳои хонагии худро дар доираи чемпионати миллӣ ва Ҷоми КФО дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор хоҳанд гузаронд.
Ёдрас мешавем, ки имсол “Истиқлол” барои бори чаҳорум дар таърихи фаъолити худ дар Ҷоми КФО баромад мекунад. Чемпиони мамлакат баромади худро дар ин мусобиқа, ки аз лиҳози дараҷабандӣ дувумин мусобиқаи бошгоҳии осиёӣ маҳсуб меёбад, аз марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунад. Ҳарифони “Истиқлол” дар гурӯҳ клубҳои “Олтин Асир” (Туркманистон), “Олой” (Қирғизистон) ва ғолиби ҷуфти  плей-офф мебошанд.


Ҷумъа, 19 Январ 2018 10:48


Вазорати фарҳанги ҶТ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муайян кард ва бо дипломи махсус қадрдонӣ намуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» муаллифони асарҳои бадеии тоҷик, ки китобҳояшон тайи соли 2017 дар муассисаҳои нашриявии кишвар чоп шудаанд, иштирок намуданд. Барои китоби назм Раҳмат Назрӣ бо китоби «Замзама», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Сесаду шасту шаш ғазал», Сайдалӣ Маъмур бо китоби «Борони сабз» ғолиби озмун дониста шуданд.
Инчунин, дар наср Ато Мирхоҷа бо китоби насри «Андозчини рӯзадор», Маҳмадризо Тоҳирӣ бо китоби насри «Даъват», Абдуғаффор Абдуҷаббор бо китоби «Зоопарк», дар назми бачагона Нарзулло Тиллозода бо китоби «Турнаҳо»,  Муслиҳиддин Маҳмадалӣ барои китоби бачагонаи «Пайроҳаи мурод»,  Рабоат Худойдодова бо китоби «Чашмаи дил» дар насри бачагона,  Гулчеҳра Муҳаммадиева барои китоби «Афсонаи товус», Рустам Ваҳҳобзода барои китоби «Шеър ва дониш» ва Қурбон Восеъ бо китоби «Маромгӯйи Ваҳдат ва Истиқлолият» ғолиб омада, бо диплом қадрдонӣ шуданд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти вазорати фарҳанг итиллоъ доданд,  мақсади баргузор намудани озмуни мазкур ин дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири Тоҷик ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои санъати сухану забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо бояд мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар гирад.

СССР

Ҷумъа, 19 Январ 2018 10:43


Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии ш. Душанбе бо мақсади қадршиносии корнамоии 2 нафар ҷавонон-Қодиров Абдулло Мухторҷонович, соли тавалудаш 1991 ва Ҳабибуллои Абдураҳмон, соли таваллудаш 2000, сокинони н.Фирдавсии ш.Душанбе, ки бо нишон додани сифатҳои баланди инсонӣ, аз қабили далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардӣ ҳаёти 1 нафар ҷавонзани 19-соларо аз марг наҷот доданд, ҷаласаи тантанавӣ баргузор намуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар вазъияти тантанавӣ сардори РВКД дар ш.Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмонро барои нишон додани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ - соати дастӣ қадршиносӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 16.01.2018, тахминан соатҳои 11:30-дақиқа, ҷавонзани 19 сола, сокини ш.Душанбе аз болои пули назди Корхонаи нассоҷии ш.Душанбе бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Душанбе сарозер кардааст, ки дар натиҷа аз ҷониби 2 нафар шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон наҷот дода шудааст.
Тавре номбурдагон изҳор доштанд, замоне, ки дар ҷои ҳодиса ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, ҷавонзан худро аз болои пул ба дарёи Душанбе сарозер мекунад. Дар ин лаҳза шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон бо нишон додани ҷасорати мардонагӣ ва қарзи инсонӣ ба сардии ҳавои зимистон нигоҳ накарда вориди дарёи Душанбе шуда, ҷавонзани бо марг дасту гиребондоштаро аз дохили об берун меоранд. Дар натиҷа гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Шуъбаи 2 ВКД дар н.Фирдавсии ш.Душанбе ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, ҷавонзани сармозадаро ба беморхона дастрас менамоянд, ки боиси зиндаву саломат мондани ҷавонзан мегардад.


Ҷумъа, 19 Январ 2018 10:12


Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18.01.2018 бо роҳбарии президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи www.prezident.tj, таъкид гардид, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардид. Қайд гардид, ки соли 2017 новобаста аз мураккабии вазъи геополитикии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамчун соли таърихӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат боқӣ мемонад.

Саноат, кишоварзӣ ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ афзуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода зимни ҳисоботи худ ёдовар шуд, ки соли 2017 рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат бинобар иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаю чорабиниҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 61,1 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,1 фоизро ташкил диҳад.
Ба рушди иқтисодӣ 1 қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла афзоиши маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,1 фоиз ва гардиши савдои чакана 6,6 фоиз мусоидат намуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат қисми умумии даромади буҷети давлатӣ 100,1 фоиз таъмин гардида, ба он 19,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 13 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз 102,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 98 фоиз таъмин карда шуд. Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ соли 2017 дар қаламрави кишвар 170 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо наздик 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.
Бунёд гардидани корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 50 ҳазор тонна металли сурб дар «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» ва пешбинӣ гардидани бунёди силсилаи корхонаҳои саноатӣ дар самти саноатикунонии мамлакат заминаи устувор мегузорад.

Корхонаҳои ресандагӣ аз кор боз бонд
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 97 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 46 млн. сомонӣ ворид нагардид.
Соли 2017 танҳо 18 %-и пахтаи дар дохили кишвар истеҳсолгардида коркард карда шуд. Яке аз сабабҳои пурра коркард нагардидани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз 16 корхонаи ресандагӣ 4 корхона умуман фаъолият накард. Ҳамчунин сатҳи таъминоти хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ ба 12 фоиз баробар мебошад. Дар соҳа аз 54 корхонаи ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул буда, 8 корхона фаъолият накарда, 12 корхонаи дигар истеҳсоли либоси мактабиро коҳиш додааст.

400 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нашуд
Ҳамчунин, дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб шунида шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои вазири молияро оид ба иҷрои нокифояи қисми даромади буҷети давлатӣ, ба амал омадани қарзи маош дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорати ғайриқаноатбахши истифодаи маблағҳо, татбиқи нокифояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ”, сари вақт пардохт нагардидани қарзҳо аз ҷониби субектҳои қарзгир, нишон дода, ислоҳи саривақтии онро талаб намуданд.
Вобаста ба иҷро нагардидани нақшаи 4 намуди андоз ва ба буҷети давлатӣ ворид нашудани 400 миллион сомонӣ, ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ тадбирҳои муҳиму мушаххас андешанд.

Баҳои ғайриқаноатбахш ба фаъолияти Абдуфаттоҳи Ғоиб
Сарвари давлат фаъолияти Хадамоти гумрукро натиҷагирӣ карда, аз иҷро нагардидани нақшаи даромади боҷи гумрукӣ, ба амалҳои коррупсионӣ даст задани кормандони Хадамоти гумрук, иҷрои ғайриқаноатбахши татбиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати нокифояи фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ, воридоти маҳсулоти гуштии пастсифат, муҳлаташон гузашта ва ба саломатии инсон зараровар, изҳори нигаронӣ карданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода доир ба тадбирҳои беҳдошти низоми бонкӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Таъкид гардид, ки давоми соли 2017 даромади софи Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 31,7 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар муқоиса ба соли 2016 11, 3 маротиба зиёд аст. Аз руи фаъолияти бонкӣ ба андозаи 47, 1 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2016 9 фоиз зиёд мебошад. Бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 2,9 миллиард сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2016 29,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

«Камбудиҳоро ислоҳ кунед!»-дастури Эмомалӣ Раҳмон ба раисони бонкҳо
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки миллӣ ва Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Президенти мамлакат ба роҳбарону масъулин супориш доданд, ки дар вақтҳои муайянгардида ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, низоми истифодаи кортҳои пластикӣ, беҳдошти системаи пулию қарзии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани мушкилоти як қатор бонкҳои саҳҳомии мамлакат, инчунин дигар масъалаву мушкилоти соҳа, чораандешӣ намоянд.
Зимни баромади худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ҳисобот дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи самараноки лоиҳаҳо, мусоидат барои амалӣ кардани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя баҳри рушди бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла бахшҳои маориф, роҳу нақлиётӣ ва обрасонӣ,аз марҳилаи аввали таҳияи лоиҳаҳо ба интихоби кадрҳо, истифодаи самараноку саривақтии маблағҳои ҷудогардида, аҳамияти махсус зоҳир намоянд.
Дар робита ба нишондиҳандахои пасти азхудкунии маблағҳои сармоягузорӣ Сарвари давлат таваҷҷуҳи роҳбарони татбиқи лоиҳаҳоро  ба истифодаи мақсадноки маблағҳо ва сифати корҳо ҷалб карданд.

12,6 га. замини вазорати кишоварзӣ ба фурӯш рафт
Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон оид ба вазъи пешгирии қонуншиканиҳо дар самти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, қонуншиканиҳо дар самти тақсимоти замин ва дигар паҳлуҳои фаъолияти соҳа шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар мавриди қабули баъзе қарорҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ талаботи қонунгузории ҷорӣ риоя нагардида, бо ин асос 14 санади қабулнамудаи роҳбарони вазорату идораҳо бо эътирозҳои прокурорӣ бекор карда шуданд.
Дар робита ба қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин таъкид гардид, ки роҳбари Стансияи озмоиши машинаҳои зертобеи вазорати кишоварзӣ Раҳимов Ҳ. аз беэътиноии роҳбарият истифода бурда, давоми чор соли охир 12,6 гектар заминҳои муассисаро, воқеъ дар ҳудуди н. Рӯдакӣ ба маблағи 263 ҳазор доллар ба шаҳрвандон фурӯхтааст.

Зиёда аз 22 000 ҷиноят дар 1 сол
Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2017 зиёда аз 22 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ҷиноятҳои марбут ба амалҳои террористию экстреместӣ, куштор, роҳзанию ғоратгарӣ, нашъамандӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истифодаи ғайриқонунии силоҳ ва ғайра мебошад.
Дар ин давра фаъолияти хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба маҳву безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ҷинояткорони алоҳида, ки хостори нооромсозии ҷомеаи Тоҷикистон буданд нигаронида шуда, теъдоди зиёди ҷиноятҳои солҳои пеш содиргардида кушода шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилу баррасии вазъи воқеии ҷинояту ҷинояткорӣ дар мамлакат ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзур намудани назорати ҷинояту ҷинояткорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бо истифода аз воситаҳои муосири технологӣ, баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомот ва таҳкими робитаи онҳо бо аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

208 миллион сомонӣ-зарар аз ҳисоби ҷиноятҳои коррупсионӣ
Дар ҳисоботи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар соли 2017 1980 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҷиноятҳои марбут ба андоз ошкор карда шудаанд, ки ҳаҷми зарар аз ҳисоби ин ҷиноятҳо 208 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба ҳамин монанд зарарҳои молиявӣ, ҳамчунин дар ҳисоботи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода таъкид карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин робита аз ҳолатҳои содиршудаи ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби худи кормандони соҳа изҳори нигаронӣ карда, роҳбарияти Агентӣ ва Палатаи ҳисобро ҷиҳати тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, барқарор намудани маблағи зарарҳои молиявии ба давлат расонидашуда ва ба танзим даровардани тадбирҳои тафтишотӣ вазифадор намуданд.

70 майдончаи варзишӣ дар пойтахт
Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни гузориши худ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2017 тазаккур дод, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳо ва дастгирию ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат пойтахт ба дастовардҳои назаррасу умедбахш ноил гардид.
Танҳо дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе 21 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, ҷиҳати таъсиси боз 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт дар соли ҷорӣ нақшагирӣ шудааст.
Бо мақсади сарфаи неруи барқ 1600 хона ва иншоот ба системаи гармидиҳӣ пайваст гардиданд. Соли 2018 бунёди 15 муассисаҳои замонавии таълимӣ бо такмили беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ карда хоҳад шуд.
Дар муддати кутоҳ 70 майдончаи варзишӣ бо сифати баланд бунёд гардида, имсол бошад 12 боғу гулгашти муосир ва 92 майдончаи варзишии дигар бо муосиртарин воситаҳои машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ босубот ҷараён дорад.
Дар пойтахт соли сипаришуда 66 км. роҳҳо бунёд ва таҷдиду навсозӣ шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 44 км. зиёд аст. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт харидории боз 100 нақлиёти мусофиркашони ҷавобгуи стандартҳои муосир ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 13 адади он ворид гардида, рӯзҳои наздик ба хатсайрҳо ворид мешаванд, изҳор дошт Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонон 200 стипендияи раиси шаҳр барои донишҷӯёну мактаббачагони фаъоли пойтахт амал мекунад.
Робита бо аҳолӣ тавассути телефони боварӣ, сайти электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ муваффақона ҷараён дошта, барои ҷалби ҷавонони лаёқатманду дорои ҷаҳонбинии созанда, ташкили озмуни шаффофи қабул ба сохторҳои марбутаи шаҳр натиҷаҳои хуб медиҳад.



Ҷумъа, 19 Январ 2018 10:08


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар пайи оташ гирифтани автобуси мусофирбар бо 52 шаҳрванди ҶӮ дар вилояти Актюбински Қазоқистон барқияи тасаллият ирсол намуд.
Фоҷиаи мазкур рӯзи 18.01.2018 ба вуқӯъ пайваста, 52 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд. 5 нафари дигар захмӣ шуданд ва айни замон онҳо дар бемористон қарор доранд. Ин қурбониён тавассути автобус аз Русия ба Ватан бармегаштанд. Аз рӯи тафтишоти пешакӣ маълум шуд, ки автобус азнавсозӣ карда шуда, ҳангоми сар задани сӯхтор дарҳои баромаду даромади он кор накардаанд. Инчунин, ронандаҳо ба хотири зуд-зуд ист накардан миқдори зиёди маводи сӯхтро низ захира карда будаанд, ки он зуд оташ гирифта, дохили автобусро пур аз дуди ғализ кардааст. Маҳз ҳамин дуди ғализ боиси заҳролуд ва баъдан аз ҳуш рафтани одамон гардидааст.

СССР

Ҷумъа, 19 Январ 2018 10:04



   Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар соли 2017дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе - 1296 ададро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 – 339 парвоз ё 35,4% зиёдтар мебошад. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 904 ҳолат, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 230 ҳолат, номусоидии обу ҳаво – 65 ҳолат, ҷорӣ будани реҷа – 24 ҳолат ва ғайра.
   Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, фурудгоҳи пойтахт дар соли 2017 ба 1,3 млн. нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2016 - 148,8 ҳазор ё 12,7% зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли 2017 - 2473,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 153,0 тн. ё 6,6 % зиёдтар мебошад.
   Миқдори маҳсулоти кишоварзии аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи байналмилалии Душанбе қабулшуда дар соли 2017 - 219,9 тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2016 - 100,6 тн. ё 84,2% зиёдтар аст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 5549 рейсҳои доимӣ хизмат расонида шуд, ки назар ба соли 2016 89 рейс ё 1,6 % зиёдтар мебошад. Инчунин оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1191 эрод ворид шуд, ки назар ба соли 2016 – 202 эрод ё 20,4 % зиёдтар мебошад. Аз онҳо 1172 эрод қонеъ гардонида шуд ва 19 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
   Инчунин, дар доираи нақша чорабиниҳо дар доираи омодагӣ ба мавсими тирамоҳ зимистони солҳои 2017- 2018 техникаи махсуси аэродромӣ, аз он ҷумла, автотранспортёр, ядакҳои майда, автобусҳои перронӣ, автозина, мошини худрави боркунанда, мошини ёрии таъҷилии тиббии СИКАР-3868, АМБУЛИФТ, АПА, мошинҳои муосири сӯхторнишонӣ, автотрапҳо, боркашҳои тасмавӣ, мошинҳои бағоҷкаш, фарштозакунаки Н715-665, электрокарҳо, электротрапҳо, экскаватор, автозинаи махсус барои хизматрасонӣ ба рейсҳои таҳти назорат қарор дошта ва ғайра пурра тайёр карда шуданд.
   Дар назди кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вазифа гузошта шуд, ки дар соли 2018 ба масъалаҳои ҳолати тайёрии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба санҷиши навбатии ИКАО дар соли 2018, натиҷаҳои татбиқи барномаи миллии бехатарии авиатсионӣ барои солҳои 2015-2020 дар фурудгоҳи Душанбе, роҳҳои кам кардани теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошта шудани парвозҳо ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо дар фурудгоҳи Душанбе диққати ҷиддӣ диҳанд.

СССР

Панҷшанбе, 18 Январ 2018 14:14

1 корманди андоз дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба хотири гирифтани ришва аз 1 сокини ноҳия боздошт шуд. 1 манбаъ аз ҳукумати ҳамин ноҳия, имрӯз 18 январ, ба мухбири СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки муовини раиси андози ноҳия-Убайдулло Шарипов барои пора гирифтанаш дастгир шудааст. Убайдулло ҳангоми гирифтани 8000 сомонӣ аз 1 сокин барои бекор намудани фаъолияти соҳибкорӣ боздошт шудааст. Раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи вилоят бо тасдиқи ин хабар ба СССР  гуфт, ки боздошт аз ҷониби кормандони онҳо сурат гирифта, алайҳи боздоштшуда бар асоси моддаи 319-и Кодекси Ҷиноии ҶТ, яъне гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомоти тафтишот мегӯяд, ин аввалин ҳолати боздошти 1 корманди нозироти андоз дар соли ҷорӣ дар н.Вахш сабт шудааст, ки боздоштшуда аз мақомаш барканор ва феълан дар озодӣ қарор дорад.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

саҳ 5 аз 14

Китобҳо

Flag Counter