Панҷшанбе, 09 Август 2018 13:10

 

Панҷшанбе, 09 Август 2018 12:49

Панҷшанбе, 09 Август 2018 12:44

Панҷшанбе, 09 Август 2018 10:04


   Бо мақсади рушд ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бахши интиқоли ҳавоӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бори нахуст дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистони соҳибистиқлол ба иҷрои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Бухоро-Душанбе оғоз намуд. Тибқи иттилои аз маркази матбуоти ширкати номбурда ба СССР расида,  парвози нахустин ба самти Бухоро 6.08.2018 иҷро гардида, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ, зиёиён ва гурӯҳи хабарнигорон аз зумраи мусофирони аввалини хатсайри мазкур  буданд.
   Бояд тазаккур дод, ки  ҳайати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро дар фурудгоҳи шаҳри Бухоро бо нону намак  ва меҳмоннавозии шарқиёна истиқбол намуданд. Ҳавопаймои Боинг 737 тибқи анъана аз зери равоқи обӣ гузаронида шуд. Мусофирони хастайри аввалинро ҳайати расмии шаҳрдориву фурудгоҳи Бухоро ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ пешвоз гирифта,  онҳо аз мавзеъҳои таърихии Бухоро дидан намуданд.
   Парвозҳо дар масири  Душанбе-Бухоро-Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе иҷро гардида, давомнокии парвоз 60 дақиқаро ташкил медиҳад.Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе  ба роҳ монда, парвозҳо ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  шаҳри Тошканд рӯзҳои ҷумъа анҷом меёбад. Давомнокии парвоз дар ин масир 45 дақиқаро ташкил медиҳад.






Панҷшанбе, 09 Август 2018 09:59

Довуд Раҳимов, аз маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур (тел: 98 588 58 76) дар меҳмонии СССР гуфт, ки расо 1 сол қабл мақолае бо номи «Модари Президент-модари мост» дар СССР чоп шуда буд. Қариб тӯли 2-моҳ садҳо нафар ба ман занг зада, пуштибонӣ аз пешниҳодам мекарданд. Таклифамро оид ба ин матлаб дар Ҳукумати ш.Душанбе хуш пазируфтанд. Дар ҷавоби мактуб гуфтанд, ки ин пешниҳод бо мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурӣ амалӣ мешавад. Аммо то имрӯз бо сабабҳои номаълум аз ҷониби президент ҷавобро нагирифтем. Бояд гуфт, маҳаллаи мазкур шахсан бо ташаббуси Пешвои Миллат бунёд шуда, бояд беҳтарин маҳаллаи Пойтахт шавад. Ҳоло мардум маҳалларо бо номҳои гӯшхароши «Сесотиха», «Шашсотиха», «Пожарка», «Водохранелиш», «Кучаи полковник», «Серкуф», «Жилмассив», «Мясокомбинат», «Маслажир», «Фучик», «Қазоқон», «Муғулон», «Штаб»… номгузорӣ карда, хонаҳои хешовандони худро меҷӯянд. Шахсан аз номи садҳо ашхоси бо ман дар тамос шудаю ҳамфикрбуда аз Ҷаноби Олӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки пешниҳоди моро дастгирӣ намоянд.

Панҷшанбе, 09 Август 2018 09:54


Аморати ваҳҳобӣ
Шаби 7.08.1999 дастаҳои "Бригадаи исломии посдорони сулҳ" таҳти роҳбарии Шомил Басаев ва Хаттоб ба ноҳияи Ботлихи Доғистон ворид шуданд. Амалиёти ҷангиён "Ғозӣ Муҳаммад" ном гирифт ва маҳз ин амалиёт заминасози шикасти Ичкерияи мустақил гардид. Қафқоз, хосса, навоҳии шимолии он барои Русия ҳамеша як нуқтаи доғ ба шумор мерафт. Русҳо барои ишғоли Қафқози Шимолӣ заҳмати зиёд кашиданд. Муқовимати мардуми бумии Доғистон ва Чеченистон бо сарварии Шомили доғистонӣ солҳои зиёд идома дошт ва русҳо дар ин ҷанг талафоти аз ҳама сангин доданд. Пошхӯрии СССР ва насими истиқлол шояд ба чеченҳо бештар аз дигарон таъсир расонида буд. Ҳаводиси сиёсӣ дар ин ҷумҳурии кӯчак бо суръат ба вуқуъ мепайвастанд.

Панҷшанбе, 09 Август 2018 09:48


2.08.1930. Дар наздикии шаҳри Воронеж аввалин бор дар ҷаҳон десанти ҳавоӣ фароварда шуд. Ин рӯзро дар собиқ СССР чун Рӯзи нерӯҳои десантӣ-ҳавоӣ бо тантана ҷашн мегирифтанд.
2.08.1933.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ канали Беломоро-Балтийск ифтитоҳ ёфт. Ин канал баҳри Сафедро бо кӯли Онега мепайваст ва 227 км масоҳат дошт. Канал ба номи Сталин гузошта шуд, ки яке аз сохтмонҳои бузурги 5-солаи аввал ба шумор мерафт. Иншооти мазкур пурра бо дасти маҳбусон сохта шуда буд.
2.08.1934. Баъди марги президенти Олмон Гинденнбург, Адолф Гитлер фюрери миллати немис эълон карда шуд.

2.08.1946. Дар СССР генерал-лейтенант А.А.Власов-фармондеҳи Артиши озодибахши Русия ба қатл расонида шуд. Ӯ с.1942 худро ба немисҳо таслим кард ва яке аз афсарони олирутбаи шӯравӣ буд, ки бо немисҳо ҳамкории зич дошт.
3.08.1929.Дар СССР аввалин стансияи автоматикунонидаи телефонӣ (АТС) ба кор шурӯъ кард.

Панҷшанбе, 09 Август 2018 09:40


Прокуратураи н.Қубодиён мақолаи Неъмонов Эмом Ҳайдаровичро, ки дар газетаи СССР (№25, 21.07.2018) бо номи «Чӣ тавр Алиҷон писари маро фиреб кард?» ба табъ расидааст, мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш нишон дод, ки дар ҳақиқат писари Неъмонов Эмом Ҳайдарович-Эмоми Абдураҳмон, сокини н.Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Қизил-Тоҷикистон бо даъвати ҳамдеҳааш Шокиров Алиҷон Ҷамшедович майи с.2017 барои кор кардан ба шаҳри Якутияи Федератсияи Россия рафта, дар назди ӯ ба ҳайси «арматуршик» муддати 6 моҳу 10 рӯз кор кардааст. Ӯ тибқи ваъдааш бояд, ки ба Э.Абдураҳмон ҳар моҳ ҳаққи меҳнаташро ба маблағи 40-45 ҳазор рубли русӣ медодааст. Аммо ӯ дар давоми 6 моҳу 10 рӯз ҳаққи меҳнати Эмомро танҳо ба маблағи 73 000 рубли русӣ ҳисобӣ карда, боқимонда маблағи 180.000 рубли русиро надодааст. Ҳамчунин, дар рафти санҷиш муайян шуд, ки аҳд байни Шокиров ва Эмом тариқи шифоҳӣ дар шаҳри Якутия ба вуҷуд омадааст. Тибқи талаботи моддаи 4-и КМГ ҶТ ҳар шахси манфиатдор тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии судии гражданӣ барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайроншуда ё мавриди баҳс қарордоштаи худ ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ доранд. Аз ин рӯ, Неъмонов Эмом ҳуқуқ дорад, оид ба ин масъала бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат кунад.

Раҳмонзода А.Ф.
Прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1

саҳ 10 аз 14
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase