ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 17 Август 2018 11:26


Рӯзи гузашта дар шаҳраки олимпии шаҳри Ҷакарта-мизбони 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё маросими парчамбардории дастаи мунтахаби Тоҷикистон баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар, аз ҷумла 81 варзишгар аз рӯи 16 намуди варзиш: футболи бонувон, варзиши сабук, шиноварӣ, гӯштин, таэквондо, каратэ, дзюдо, кураш, самбо, ҷиу-ҷитсу, вазнбардорӣ, камонварӣ, тирандозӣ, бокс, қайиқронӣ ва ушу иштирок мекунад. То имрӯз дастаи футболи бонувон, варзишгарон аз намудҳои таэквондо, гӯштин, вазнбардорӣ ва тирандозӣ ба маҳали бозиҳо расиданд.



   

Ҷумъа, 17 Август 2018 11:24



Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн риоя нашудани талаботи мавҷуда, аз ҷумла, қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чанок ба вуҷуд омада истодааст. Вазъият то ҳадде нигаронкунанда аст, ки дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, филиали Ширкат дар ин минтақаҳо таъмири куллии роҳро гузарониду ин раванд муттасил аст. Бо мақсади пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб-аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн филиали Ширкат тадбирандешӣ дошту дорад. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд. Бо мақсади тавсеа бахшидани чораандешиҳо ҷиҳати тамдиди муҳлати истифодаи роҳ роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки дар наздикии ҳар плазаи толлингӣ чунин нуқтаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд.
Иттилоъ медиҳем, ки аз 10 августи соли равон дар километри 39 нуқтаи нави вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ба фаъолият шурӯъ мекунад. Баҳри татбиқи ин иқдом ҳамкории филиали Ширкат бо ширкати “Tecsidel” беш аз пеш густариш ёфтааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ин ширкат таҷрибаи кофии кор дар лоиҳаҳои мавриди назарро дошта, кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Франсия, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Россия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳиндустон... аз таҷҳизоту хизматрасониҳои он истифода карда истодаанд. Бартариҳои нуқтаи нави вазнченкунии километри 39 зиёд буда, бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт аз ҳар 2 ҷониби ҳаракат баркашидани воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунии нав фурсати зиёд сарф нашавад. Илова бар ин, дар нуқтаи нави вазнченкунӣ пардохти ғайринақдӣ ва корпоративӣ имконпазир буда, ин омил аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва муҳиму саривақтист. Махсус таъкид менамоем, ки андешаҳо бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, мо ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нестем, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷоти мо дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, ба карат зиёд аст. Моҳиятан таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти филиали Ширкат ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ-бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт аст. Ояндаи наздик дар назди дигар плазаҳо-Шаҳристон, Истаравшан ва Чойрух низ чунин нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъол мешаванд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» амалӣ шуда, риояи муқаррароти қоидаҳои мазкур аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият ҳатмист. Дар ин ҳуҷҷат минҷумла омадааст, ки «андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба вазн ва андозаҳои воситаҳои нақлиёт, ки интиқоли байналмилалии борро дар роҳҳои автомобилард анҷом медиҳанд, муқаррар карда мешавад». Аз сӯи дигар, чунин иқдом дар тамоми мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Итминонамон комил аст, ки мусофирону ронандагон моҳияти ин иқдомро дуруст дарк карда, талаботи  ҷоришударо риоя хоҳанд кард.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷумъа, 17 Август 2018 09:30

Ҷумъа, 17 Август 2018 09:18

Ҷумъа, 17 Август 2018 09:14


9.08.1928. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бинои Сирки шаҳри Ленинград аввалин Осорхонаи сирк ва эстрада дар ҷаҳон ифтитоҳ ёфт.
9.08.1990. Шӯрои Олии РСФСР қарор "Оид ба ҳифзи истиқлолияти иқтисодии Русия"-ро қабул кард. Тибқи ин қарор Шӯрои Олии РСФСР тамоми муомилоти идора ва муассисаҳои иттиҳодӣ оид ба тилло, алмос, уран ва дигар маҳсулоти стратегӣ дар қаламрави РСФСР аз эътибор соқит мегардиданд.
9.08.1991.Федератсияи Русия ҷойнишини ҳуқуқии Иттиҳоди Шӯравӣ эътироф карда шуд.

9.08.1991. Дар Русия раиси кобинаи Вазирон Сергей Степашин истеъфо дод ва ба ҷояш шахси он ҳангом ношинос Владимир Путин таъйин карда шуд.
11.08.1921.Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР қарор дар бораи сиёсати нави иқтисодиро ба тасвиб расонид.

Панҷшанбе, 16 Август 2018 15:46


Фарзанди 13-ум
Хиёнати генерал-лейтенант Андрей Власов ва ба хизмати немисҳо гузаштани ӯ барои таърихнигории шӯравӣ яке аз ногувортарин ҳаводиси ҷанг ба шумор меравад. Албатта афсарони дигари Артиши Сурх (АС) ҳам буданд, ки ба тарафи немисҳо гузашта буданд, аммо ӯ миёни онҳо аз ҳама олирутба ва маъруф буд.
Андрей Власов с.1901 дар деҳаи Ломакинои вил.Нижегородск, дар оилаи серфарзанд ба дунё омад. Ӯ фарзанди 13-уми хонадон буд ва оилаи онҳо дар камбағалӣ мезист. Бо вуҷуди ин, ба семинарияи динии Нижний Новгород дохил шуд, лек инқилоби болшевикӣ ба таҳсили динии генерали оянда хотима бахшид. Соли 1919 ба АС даъват шуда, дар ҷанги шаҳрвандии Русия фаъолона ширкат варзид. Баъди хатми ҷанг дар АС боқӣ монда, с.1929 курсҳои олии фармондеҳии "Выстрел"-ро хатм кард. Соли 1930 ӯро ба сафи Ҳизби коммунист пазируфтанд. Соли 1935 ба Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе шомил шуд. Августи с.1937 командири полки 133-и тирандозӣ таъйин шуда, тирамоҳи с.1938 ӯро ба ҳайси машваратчии ҳарбӣ ба Чин фиристоданд.

Панҷшанбе, 16 Август 2018 15:44


(ҷавоб ба мақолаи «Ҳомии ҳуқуқи мусофирон кист?» СССР, №5(490) 1.02.2018)
Дар моддаи 43, сархати 4-и Кодекси фазои ҳавоии ҶТ омадааст: «Аэропорти байналмилалӣ-аэропортест, ки барои қабул ва гуселонидани ҳавопаймоҳо, ки ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро анҷом медиҳад ва дар он назорати гумрукӣ, сарҳадӣ, санитарию карантинӣ ва дигар навъҳои назорат сурат мегиранд, кушода аст». Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» аз як майдони нишасти тайёра ва бинои умумии хизмативу мусофирнигоҳдорӣ иборат нест. Он дар асоси талаботҳои санадҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва қонунҳои амалкунандаи ҶТ ва дигар асноди байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, корро ба роҳ мондааст. Ҳангоми харидорӣ намудани чипта шартномае оғоз мегардад миёни ширкати ҳавопаймоӣ ва мусофирон. Тибқи шартнома тарафҳо вазифадор мешаванд, ки ҳар кадом ӯҳдадориҳои ба зима гирифтаашро иҷро намояд, яъне мусофир маблағи чиптаро пардозад ва ширкати ҳавопаймоӣ мусофирро тибқи чиптаи ба дастовардааш аз фурудгоҳи таъиншуда ба фурудгоҳи пешбинишуда интиқол диҳад. Фурудгоҳ бошад, бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ шартномаҳо ба имзо расонда, тибқи талаботҳои шартномаҳои мазкур ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирони онҳо, хизматрасонии рӯизаминро анҷом медиҳад. Ҳангоми дермонӣ ё ба таъхир афтодани хатсайрҳо намояндаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо мусофирон кор бурда, онҳоро аз ҳисоби ширкати ҳавопаймоӣ бо хӯроки гарм ва ҷои хоб таъмин мекунанд. Ҳангоми кам будани ҷои хоб дар меҳмонхонаи назди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» маъмурият барои интиқоли мусофирон ба меҳмонхонаҳои ш.Кӯлоб автобус таъмин мекунанд. Дар ҳақиқат чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» нисбат ба дигар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ арзонтар мебошад. Маблағе, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» аз хизматрасонии рӯизаминӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба даст меорад, дар пардохти андозҳо, таъмин кардани бехатарии парвозҳо, маоши кормандон, таъмиру тармими роҳравҳо ва майдони парвоз, харидории таҷҳизотҳои лозимаи авиатсионӣ… сарф менамояд. Яъне шаффофияти кори ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ба ҳама маълум аст.

Комилов А.Ф.
Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»

Панҷшанбе, 16 Август 2018 15:38


Узви Ихвон-ал-СССР, Шамсиддин Салимов, сокини н.Ҳамадонӣ, соҳибкор аз бозори Панҷшери пойтахт дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ман ҳоло вазъу ҳолат ва зиндагонии воқеии афғонҳоро дида, 100 бор шукрона аз Худованди бузургу раҳим мекунам, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби давлат шудем. Агарчи барои давлатсозии мо командаи Сталин ба чандин камбудиҳои сиёсӣ роҳ дода бошанд ҳам, аммо ба инаш ҳам шукр! Барои чӣ? Вақте он тарафи рӯди Панҷ-Афғонистонро мебинем, афғонҳо то ҳозир харсаворанду таппак мечинанд. Ва чунин фикр мекунам, ки ҳоло ҳам онҳо дар асри 19 зиндагӣ доранд. Акнун суол ба онҳое, ки зидди болшевизм, ленинизму сталинизм садо баланд мекунанд: Агар мо ҳам то кунун мисли Афғонистон берун аз сарҳади собиқ СССР мемондем, айнан чунин рӯзгори сиёҳ ва талхе намедоштем? Каҷ шинему рост гӯем!

саҳ 8 аз 14

Китобҳо

Flag Counter