ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 22 Август 2018 15:53


Владимир Путин-президенти Русия-санксияҳои зиддикремлии Амрикоро комилан ғайриқонунӣ хонд ва маҳкум кард. ВАОи Русия бо такя ба Дмитрий Песков-сухангӯи Кремл, навиштаанд, ки Путин дар нишасти Шӯрои амнияти Русия тасмимҳои душманонаи Вашингтонро мавриди баҳс қарор дод. Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии ИМА ҳафтаи гузашта гуфт, дар робита ба заҳролудшавии Сергей Скрипал-ҷосуси собиқ ва духтари ӯ дар Англия зидди Русия фишорҳои нави молиявӣ ҷорӣ хоҳад кард.

Чоршанбе, 22 Август 2018 15:51


Собиқ президенти Украина Виктор Ющенко дар мусоҳибаи худ бо нашрияи “Украинская правда” пешниҳод кардааст, ки Киев бар Кремл пирӯз мешавад, агар мисли ангушт бо рақибони дигари худ якҷо шаваду ба мушт табдил ёбад. Аҷиб ин аст, ки дар Кремл низ низ инро хуб дарк мекунанд, лиҳозо кӯшиш доранд, ки зиддиятҳои Киев бо дигар ҳамсояҳояш шиддат гирад ва ин хоҳ-нохоҳ бар суди Кремл аст. Аммо ин муҳим нест: Агар шумо ҷуръат, ғайрат ва рӯҳияи қавӣ доред, аллакай ғолибед! Агар рӯҳияи бузург надоред, дигар доштани “БУК” (1 навъи ракета) ҳам ба ғолибияти шумо суде намебахшад!”

Чоршанбе, 22 Август 2018 15:46


Пардагул Авлиёқуловаи 66-сола, аз деҳаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ (тел: 918 93 73 63, 902 22 30 24) дар меҳмонии СССР гуфт, ки соли 1977 шавҳарам ҳамроҳи модарам дар 1 садамаи автомобилӣ фавтиданд. 4 фарзандро тани танҳо ба воя расонидам. Баъди чандин солҳо бачаву набераҳои ҳеварам-Наҷмиддин, Муҳиддин маро фишор оварданд, ки “хонаатро мегирем”. Хуллас, хонаи маро Наҷмиддин дар ҳамин моҳи рамазон пурра бо техникаи вазнин ҳамвор карда, ба Шуҳрат ном сокини деҳаи Туғули ноҳия фурӯхт. Худам бо фарзандону набераҳоям дар 1 хонаи бетонии совхози сабзавоткории ноҳия зиндагӣ дорам. Дар ин кулбаи бетонӣ, тасаввур кунед, аслан зиста намешавад. Борҳо ба мақомоти суду прокуратура барои ҳалли мушкилам муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷа нест. Мақомот пурра ба тарафдории Наҷмиддин ҳалнома баровардаанд. Фарзандонам низ барои гирифтани хона талош варзиданд. Аз раҳбарияти Суди Олии ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ҳақро ба ҳақдор бирасонанду хонаи маро гирифта бидиҳанд...

Чоршанбе, 22 Август 2018 15:35

 

Бонкеро, ки собиқаи 100-солаи фаъолият дошта, яке аз маъруфтарин институтҳои молиявии соҳавист, бо тавсияи МВФ, МБ, АБР-у ЕБР, ки манофеи миллии мо-Тоҷиконро ба 1 пули пучак намегиранд, бастан корест ношуданӣ…

Чоршанбе, 22 Август 2018 12:14

1 метр манзил 750 доллари амрикоист, вале ин биноҳо ба қавле танҳо барои элитаи Тоҷик, хосса пулдоронанд. Ба камбағал дар чунин бино «хӯрок нест!»

Чоршанбе, 22 Август 2018 11:54


Имрӯз дар хатсайрҳои нақлиёти истифодаи умумии ш.Душанбе мунтазам тағйироти нав ба нав ворид карда мешаванд, ки аксари онҳо ба ҷои ҳалли масъала, баръакс барои мо-мусофирон проблемаҳои нав эҷод мекунанд. Бо иваз шудани низоми нави нақлиётӣ, аз ҷумла, роҳандозии кортҳои пластикӣ, зиёд намудани автобусу троллейбусҳо ва аз хиёбонҳои марказӣ берун кардани микроавтобусҳо айни замон нишастан ба бархе аз хатсайрҳо амри маҳол шудааст. Мардум аз ин тағйиротҳои нав чӣ фикр доранд, оё хизматрасониҳои наву замонавӣ ба талаботи мусофирон ҷавобгӯ буда, талаботи онҳоро қонеъ карда метавонад? Барои хубтар дарк кардани масъала ва барои фаҳмидани фаъолияти онҳо якчанд автобусҳои мусофиркашии шаҳрро аз назар гузаронида, ҳамчун мусофири оддӣ аз онҳо истифода бурдам. Нахуст ман аз автобуси №8 (рақами қайди давлатиаш 3590ТТ05) истифода кардам.
Дар ин автобус ҳавохунуккунакҳо кор намекунанд ва дари пеши он кушода аст. Ин ҳолат метавонад ба мусофирон хатари ҷиддӣ расонад. Дигар ин, ки ҳисоби  мусофирон аз меъёр гузаштааст. Аз рӯи дараҷаи баланди гармии ҳаво чанде аз мусофирон худро бад ҳис карда, дар дохили автобус дилбеҳузур шуда, аз ҳуш рафтанд. Ин ҳолат ба мусофирон таъсири манфии худро расонд ва боиси норозигии онҳо гашт. Ин гуна ҳолат дар автобуси №18 (рақами қайди давлатиаш 5794ТТ05) низ ба чашм расид. Тавре гуфтем, аз корти нақлиёт 1-2 нафар истифода бурданд ва мусофирон ҳам аз дари охир ва ҳам аз дари байн мебаромаданду медаромаданд. Тибқи қарори Раиси шаҳр мусофирон бояд танҳо аз дари 1 дохил шуда, аз дари 2-юму ва 3-юм фароянд. Дар ин ҳолат боз 1 хатсайри дигар ҳаст, ки аз тамоми автобусҳои мазкур фарқи калон дорад. Автобуси №3-фаъолияти он ба қарорҳои марбутаи шаҳрдорӣ комилан ҷавобгӯст. Масалан, ба ин автобус мусофирон бе корти нақлиёт дохил шуда наметавонанд, зеро ин ҷо кондуктор неву намояндагони ташкилоти ҷавонон, яъне «волонтёрон» хидмат мекунанд. Дар дохили салони автобус ҳаво мӯътадил аст ва ҳавохунуккунакҳо кор мекунанд. Мусофирон аз хизмати ин автобус розӣ ҳастанд.
Бино ба мушоҳидаҳо, тағйироти нав дар хатсайрҳои шаҳр хеле хуб аст, аммо бархеи онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Масалан, мусофироне, ки коргаранд, гоҳе аз дер омадани нақлиёт, хосса, автобусҳо ба кор дер мекунанд-автобусҳо тибқи реҷа ҳаракат намекунанд. Дар истгоҳҳо аз ҳад зиёд таваққуф мекунанд, бар замми ин одам аз меъёр зиёд аст, ки дар ҳавои гарм тоқат кардан имконнопазир мегардад.

Руқия Қурбонова, коромӯзи СССР

Чоршанбе, 22 Август 2018 11:46


Миллатгароии гурҷӣ
Санаи 08.08.2008 Артиши таҷҳизёфтаи Гурҷистон бо фармони Михаил Саакашвили сарҳади Осетияи Ҷанубиро убур кард ва пойтахти ин кишвари кучак-шаҳри Цхинвалро мавриди таҷовуз қарор дод. Баъзе мунаҷҷимон ҳатто рӯзи ҳуҷумро ҳам санаи наҳс муаррифӣ карданд. Ин 5-умин ҷанги гурҷиву осетин буд, ки бо амри тақдир ҳамаги 5 рӯз тӯл кашид. Инчунин ҷанги осетину гурҷӣ аввалин муноқишаи миллӣ дар Гурҷистони пасошӯравӣ буд, ки ба ҷанги тамомайёр миёни ин 2 халқият хотима ёфт. Сарчашмаҳои даргирии гурҷиҳо бо 2 халқияти хурди кишварашон-осетинҳо ва абхазҳо таърихи тӯлонӣ дорад. Апрели с.1922 ҳукумати шӯравӣ дар қисмате аз Гурҷистон Вилояти мухтори Осетияи Ҷанубиро таъсис дод. Мегӯянд, осетинҳо дар барқарории ҳукумати Шӯравӣ дар Гурҷистон нақши асосӣ бозиданд ва Маскав туҳфае ба ин халқият кард. Замони Сталин ҳама ҷо ором буд ва гурҷиву осетин бо ҳам ҳеҷ мушкиле надоштанд. Кишвари кучаки осетинҳо 6,5% ҳудуди Гурҷистонро (3,84 ҳазор км кв.) ташкил медод ва дар он осетинҳо, гурҷиҳо, русҳо ва яҳудиён канори ҳам сукунат доштанд. Вазъият баъди дамидани боди бозсозӣ якбора тағйир ёфт.

Чоршанбе, 22 Август 2018 11:40


17.08.1958. Роҳбари Чини коммунистӣ Мао Цзе Дун эълон кард, ки дар Чин сиёсати "ҷашиҳи бузург" амалӣ мегардад.
17.08.1965. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ системаи мудофиаи гражданӣ роҳандозӣ гардид. Акнун тамоми аҳолӣ муваззаф буданд, ки нормаҳои ГТОро бисупоранд.
17.08.1965. Оғози амалиёти Старлет («Starlite») дар ҷанги Ветнам. Он аввалин амалиёти низомии артиши ИМА дар хушкӣ дар рафти ҷанги Ветнам буд.

18.08.1918. Дар Русияи Шӯравӣ "Иттиҳоди умумирусиягии журналистони шӯравӣ" таъсис дода шуд. Иттиҳод баъдан филиалҳои худро ба 15 ҷумҳурии шӯравӣ интиқол дод ва он ҷо ҳам созмони рузноманигорон таъсис дода шуданд.
18.08.1920. Кунгураи ИМА ислоҳоти 19-умро ба Сарқонуни ИМА таъйид кард, ки тибқи он занҳо ҳуқуқи овоздиҳиро соҳиб гаштанд.
19.08.1945. Артиши Сурх, артиши Квантунии японҳоро дар Манҷурия шикаст дода, водор ба таслимшавӣ кард.
19.08.1945. Худи ҳамон рӯз артиши коммунистии Ветнам бо сарварии Хо Ше Мин пойтахти ин кишвар-шаҳри Ханойро ба тасарруф дароварданд.

саҳ 5 аз 14

Китобҳо

Flag Counter