ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 02 Август 2018 08:59


Прокуратураи ш.Кӯлоб мақолаи Ҷ.Раҷабов «Симчӯбҳоро кӣ бурид?» (СССР, №10 10.03.2018)-ро санҷида баромад. Муайян карда шуд, ки тибқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020» «Оид ба таъмиру азнавсозии роҳҳои дохили шаҳр ва берун аз шаҳр» роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ш.Кӯлоб аз ҷониби ширкати хитоии «Чайна Роуд» таъмиру тармим карда мешавад… Аз Терминали мусофиркашонии ш.Кӯлоб (аз аввал то охири куч.Чармгари Поён) ба масофаи 1 км аз тарафи рост (аз рӯи лоиҳаи пешбинишуда) 25 дона симчӯбҳои оҳанини равшандиҳандаи барқ шинонда шудааст. Айни ҳол ин симчӯбҳои оҳанин ҳамчун равшандиҳандаи барқӣ кор карда истодаанд. Дар рафти сохтмони роҳ ва шинондани симчӯбҳои оҳанин кормандони «Чайна Роуд» ба хатоӣ роҳ дода, замини назди роҳро то деҳаи Лағмон барои шинондани симчӯбҳои барқӣ кандаанд. Дар лоиҳаи тасдиқшуда бошад то деҳаи Лағмон шинонидани симчӯбҳои барқӣ ба дарозии 600 метр пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, дар масофаи 600 метр симчӯбҳои оҳанини барқӣ насб нашудаанд. Лиҳозо, симчӯбҳои оҳанини барқӣ то деҳаи Лағмон васл ва онҳо бурида нашудаанд.

Имомзода Р.С.,
прокурори ш.Кӯлоб 

Панҷшанбе, 02 Август 2018 08:56


Салом, СССРи гиромӣ! Ман имрӯз усулан мантиқи муаррифии бархе аз «шахсият»-ҳои сари дастурхонро дар маъракаҳо ҳич намефаҳмам. Дар кадом тӯйю маъракае меҳмон нашавӣ, ҳатман ба гӯш мерасад: Ҳоҷӣ Сафар, Ҳоҷӣ Қурбоналӣ, Ҳоҷӣ Эшмат, Ҳоҷӣ Тошмат, Ҳоҷӣ Ғанӣ, Ҳоҷӣ Аюб… Гузашта аз ин, мабодо, Қурбону Сафару Аҳмаду Ғанӣ… гӯӣ, то қиёмат меранҷанд ва фардояш ба саломат алейк намегиранд: «Мо ҳоҷием ва номи моро шикаста нагиред!». Охир, ҳаҷ 1 рукни ислом аст ва шарт нест, ки ҳатман худнамоӣ карда, дар ҳама ҷо таъкид кунед, ки «мо ҳоҷием». Барои мисол, Калимаи шаҳодату Намозу Рӯзаву Закот баробарвазни Ҳаҷ аз аркони Исломанд. Вале мо намегӯем, ки «Намозхон Сафар», «Рӯзадор Сайраҳмон», «Калимаишаҳодатгардонида Қурбон», «Закотдиҳанда Аҳмад»… Пас чӣ лозим аст, ҳатман таъкид кардану мағрурӣ аз ҳоҷигии хеш? Фаромӯш накунед, ки Худо такаббурон ва худпарастонро дӯст намедорад.

Сангин Раҳимҷонов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Рӯдакӣ

Панҷшанбе, 02 Август 2018 08:52


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Шамсиддини Қудрат, сокини деҳаи Тутакаи ноҳияи Ҳисор (тел: 918 65 97 49) дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки банда ба шумо бо 1 мушкили ҳалношудании мобилӣ занг задам. Ин ҳам бошад гирифтани роҳи «иштиҳо»-и ширкати мобилии Вавилон. Аз Вавилон на танҳо ман, балки даҳҳо нафар муштариёнаш шикоят доранд. Чанд вақт пеш дар сафар будам. Дар 1 банкомати назди таваққуфгоҳ 20 сомонӣ ба ҳисоби телефонам гузарондам. Аммо қариб 30 дақиқа интизор шудам, ягон тин дар баланси телефонам замм нашуд. Ба ширкати Вавилон бо рақами мутасаддии ин банкомат занг задам. Аз ун тараф нафаре гуфт: «Шуморо табрик мекунем!». Охир, ин фиребу ҳаромхӯрӣ нест? Мани мӯсафед бозиҳои мобилиро надонам, пас чаро пули маро нопурсида дар ҷайби худ мезананд? Ғайр аз ин ҳар рӯз аз сӯи компания бо рақами 5050 ва 0888 ба ман занг мезананд, то ки ба онҳо обуна шавам. Чаро маро ором намегузоранд? Охир, чӣ даркор барои ман обуна шудан?

Панҷшанбе, 02 Август 2018 08:48


Узви Ихвон-ал-СССР, Давлатшоҳ Акобиров, сокини деҳаи Шилбилии ноҳияи Лахш (собиқ н.Ҷиргатол) дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки ҳар вақте ба шаҳри Душанбе меоям, аз 1 чӣ сахт дар ташвиш мешавам: қиматии нарху навои таъомҳо дар ошхонаву тарабхона! Ман ҳайронам, ки соҳибони ошхонаҳо чӣ хел ва бо чӣ виҷдоне қимати хӯрокаро мебардоранд? 1 хӯроки маъмулӣ 30-35 сомонӣ, 1 порси пиёба 15 сомонӣ… Касоне, ки бо маош зиндагӣ мекунанд, албатта, зӯрашон намерасад, ки ақаллан моҳе 1 бор рафта, дар ошхонае бо дили хуш таом бихӯранд ва бо дӯстон чақ-чақ кунанд.

Панҷшанбе, 02 Август 2018 08:45


2 сол боз бонкҳои Тоҷикистон системаи кортии музди маошу нафақаро ҷорӣ кардаанд. Яъне худро бо кишварҳои пешрафтаи дунё худро баробар кардем. Пештар нафақагиру маошгир ба кассирҳо (хазинадор) 1-2 сомонӣ чуталпулӣ (доля) медоду пулашро мегирифт. Акнун бозори хазинадорҳои бонкҳо гарм. Аз ҷорисозиии кортҳо 2 сол нагузашта, онҳоро ба ивази 20 сомонӣ боз иваз карда истодаанд. Дар назди бонкҳо тӯдаи маошгиру нафақагирро мебинию ҳангат меканад. Ба қавле саг соҳибашро намеёбад. Оё намешавад, ки кортҳоро дар 5 ё 10 сол 1 маротиба иваз кунанд? Кай банкоматҳои мо пайваста аз маблағҳои пулӣ пур мегарданд? Ба ин ва дигар саволҳо сарварони бонкҳо чӣ мегуфта бошанд?

Н.Ҳасанзода,
н.Муъминобод

Панҷшанбе, 02 Август 2018 08:42


Даъвии сӯхтагӣ пеши ман, эй лола, макун,
Мешиносад дили ман бӯи дили сӯхтаро...
Гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ  "чум чи хел одамем". Ҳар ташаббуси олие, ки ҳукумат пеша кард, ҳатман чанд ҳангомаҷӯе пайдо кардаву садд мегузорему каф мекӯбем, тазоҳур менамоем, флеш-моб (мода!) таъсис медиҳем. Популизм-шӯҳратталабии ройгон миллати моро кай раҳо мекарда бошад? 100 бор ба доми шӯҳратталабон уфтодаву давлатро банкрот-муфлис кардаем ва фикр доред ислоҳ шудем? Хестед, ки хобед! Шӯҳратталабон дар назари мо қаҳрамонанд. Ҳарчанд бо гузашти вақт исбот мешавад, ки шарлатан-авомфиребе беш наянд, аммо ба онҳо боз бовар мекунем. Зеро дар ҷомаҳои нав ба ҷилва меоянду фикр мекунем, тамом, ана нав Худо ба мо қаҳрамоне тақдим кард…
Авохири солҳои 80-и асри пор, ки мутаассуф ба «бозсозии Горбачевӣ» рост омад, дар Кӯлоб мехостанд Заводи аккумуляторбарорӣ созанд. Он пуриқтидортарин завод дар СССР маҳсуб мерафту бояд беш аз 4000 нафарро ба кор фаро мегирифт. Буҷҷаи корхона ҳатто аз даромади вилоят ба карат боло буд. Дар баробари завод шаҳраки наве барои 20.000 нафар сохта ба истифода дода мешуд. Аккумуляторҳои муосиртарини олам дар ин ҷо истеҳсол ва сипас ба паҳнои олам тақсим мегардид. Инфраструктураи шаҳр таҷдид меёфт ва Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ сӯи республикаи саноатӣ майл мекард! Аммо популист-шӯҳратталабоне бо сарварии Рустами Абдураҳиму Айюбиву Сангаку Маталӣ ва чанд журналисти дигар мардуми Кӯлобро ба по хезонданд. Онҳо бонги изтироб мезаданд, ки «Караул! SOS!! Даҳшати пирӯз!!! Ин завод моро мекушад, зеро дар саргаҳи шамолпанаҳи Тебалай сохта мешаваду чангу ғубору химикаташ халқи бечораро мекушад!»... Ҳоло он заводро дар Россия сохтанд! Инженер Ғозиев, ки мутасаддии ин завод буд, боре дар сӯҳбат бо СССР гуфт, баъдан маълум шуд, ки русҳо ин маъракаи худнамоишдиҳии шӯҳратталабони шарлатанро маблағгузорӣ кардаанд, то завод дар берун аз хоки Русия бунёд наёбад! Заводро насохтанду мо экологияи шаҳри худро «ҳифз» кардем, аз чангу ғубори химикатҳо намурдем. Аммо тӯли 27 сол аст, ки аз бекориву бепулӣ, мусофириву муҳоҷириву дарбадарӣ мурдан дорем…
НБО Роғун бузургтарин тарҳи шӯравӣ барои РСС Тоҷикистон буд. Роғун бояд аз ҳисоби буҷҷаи бепаҳно ва бузурги давлати шӯравӣ-СССР сохта мешуд. Аммо боз шарлатан-шӯҳратталаб-популистон ба майдон рехтанд. Роғунро насозед! Таҳти ин шиор шоираву шоиру депутату коргардонҳои кино, ки байнашон ақаллан 1 мутахассиси соҳа набуд, мардумро ба хезонданд, ки Роғун моро мекушад, бе хона, бе деҳа, бе диёр мекунад...
Роғунро насохтем ва 30 сол азият кашидем...Аз бебарқӣ мурдем, аз бекорӣ  нисфи Роғун муҳоҷир, гастербайтер-муздури шикамқарори Русия ва бехонаву дару бе ватан шуд!!!
Кӯлоб аз дасти чанд авбош ва интеллигенсияи шӯҳратталаб бе заводи аккумуляторбарорӣ монду Тоҷикистон аз дасти чанд фарҳангиву киносози ғайримутахассис ҳадди ақалл 40 сол қафо зад!!! Ва агар 1 зарра виждон медоштем, бояд ун гуноҳи худро бар гардан гирифтаву тавба мекардем. Халқ тавбапазир аст. Мебахшад. Неъ! Накардем!!! Фикр дорем, ки баъди сарамон миллат ун шӯҳратталабии моро фаромӯш мекунад? Хестед, ки хобед! Таърих таҳриф намешавад. Рӯзе ном ба ном ҳамаа(т)мон пеши наслҳо бо ун амали шӯҳратталабӣ посух хоҳем гуфт. Мо Метавонем!
Ана акнун меоем сари асли масъала, ки сабаби нигоштани ин матлаб гардид. Ҳоло масъалаи доғи рӯз масъалаи Кӯли Сарез шудааст. Шӯҳратталабон дар интернет флеш-мобҳои эътирозӣ таъсис додаву аз «фурӯши оби Сарез бонги изтироб мезананд!». Караул! SOS!! Даҳшати Пирӯз!!! Обамонро мефурӯшанд! Моро бе об мемонанд, аз беобӣ мемурем, моро дар аташ мекушанд, доду вой... Сенарияи ошно, не?! Шӯҳратталабон, ки байнашон 1 мутахассис нест, намедонанд ва донистан ҳам намехоҳанд, ки Кӯли Сарезро тавассути бутил агар 1000 сол коркард кунанд ҳам, 1 литраш кам нахоҳад шуд! Зеро миллионҳо литри дигар ҳамарӯза ба ин кӯл мешораддд!!! Вале ба гуфти ҳамон Бобои Ғуломи таърихӣ «Ба кӣ мегӯй?!»…
1 нафаре нест, ки ба ин шарлатанҳо гӯяд, о, ин кӯлро коркард кунанд, аввал мардуми Бартанг, ки 1000 сол аст барқу роҳ надорад, соҳиби барқ, роҳи мумфарш, сипас ҷои кор, баъдан музди ҳалоли беҳин мешаванду баъдаҳу Помир, ки дар ҳар бутили оби покамон таблиғу ташвиқ мегардад, минтақаи воқеан туристӣ ва умуман бартангиҳои нозанин зиндагонияшонро меёфтанд! Онҳое, ки бонги изтироб мезанеду худро патриот гирифтаед, 1 бор аз худи сокинони Бартанг пурсидед, ки бо шунуфти ин хабар чӣ қадар шод шуда буданд?...
Метарсам ин проект низ чун лоиҳаи Роғуну Заводи аккумуляторбарорӣ аз кор мемонаду чанд лже-патриот пагоҳ, бе азияти виждон хоҳанд гуфт, ки «э, мо як гуптем-да!», худашон намехостанду флеш-моби моро баҳона оварданд… Ва Бартанг садсолаҳо ҳамингуна вайронаву Кӯли Сарез чун «Домоклов Мечь»-Шамшери Овезон сари Тоҷикистони ҷанубӣ (дар навбати аввал ба худи Бартанг) ва Афғонистони шимоливу Ӯзбакистону Қазоқистон пурхатар боқӣ хоҳад монд…
Мо метавонем!

Чоршанбе, 01 Август 2018 11:28


Ҳамин ҳоло мухбири СССР-Ҷамила Ҳусейнова аз шаҳри Исфара ба СССР телефонӣ хабар дод, ки тадобири шадиди амниятӣ дар тамоми ҷодаҳои Исфара ва ҳам дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд пурзӯр шудааст. Ба гуфти Ҷамила, Тӯхтаева  - ҳамсари Юсупов Аслиддин зодаи ҷамоати Лаккони Исфара будааст. Юсупов, ки дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии, воқеъ дар Лаккон хизмат кардааст, ҳамон ҷо бо Тӯхтаева шинос шуда, оила барпо кардааст. Аммо, ба гуфти мухбири СССР, Тӯхтаева ғайб задааст ва мақомот ӯро дар Исфара ва Норак ҷустуҷӯ доранд.

саҳ 14 аз 14

Китобҳо

Flag Counter