Чоршанбе, 22 Август 2018 11:31


(Ҷавоб ба навиштаи «Муаллимро барои чӣ заданд?»-и Лола Абдураҳимова)

Чоршанбе, 22 Август 2018 11:29


Узви Ихвон-ал-СССР, Муҳаммадсаид Бердиеви 71-сола, аз шаҳри Бохтар ба СССР занг задаву гуфт, ки чанд шумора пеш дар газетаи СССР нафаре гуфта буд, ки «бояд намозро тоҷикӣ хонем!». Ман ҷонибдори таклифи ӯям. Зеро бо забони арабӣ хондани намоз ба мо чизе намедиҳад. Мо бояд донему бифаҳмем, ки чӣ мехонем. Аз мардуми авом кӣ ба воситаи СССР ба ман гуфта метавонад, ки маънои ояву сураҳоро дар вақти намоз хондан мефаҳмад ва маънидод карда метавонад? Ҳич кас! Барои ҳамин ба хулосае омадам, ки минбаъд намозро бо забони модариямон-тоҷикӣ бихонем. Хуб, дигарон дар ин боб чӣ андеша доранд, ман коре надорам. Охир, арабӣ забони Худо нест-ку?! Ва Худо нагуфтааст, ки намозро маҳз бо забони арабӣ бихонед. Бигзор, хонандаҳои СССР зид ва ҷонибдор будани худро ба воситаи СССР бинависанд. Ҳақиқат зодаи баҳс аст.

Чоршанбе, 22 Август 2018 11:23


Узви Ихвон-ал-СССР, Зиёвиддин Ҷамолзода, муаллим аз деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуробод ба СССР занг задаву гуфт, ки дирӯз дар ш.Душанбе меҳмон будам. Нархи гӯшти бозорҳои пойтахт маро дар ҳайрат гузошт ва фикр кардам, ки гӯшт дар Нуробод ҳам қимат шудааст, вале на! Ин бенизомӣ танҳо дар пойтахт будааст. Имрӯз дар бозорҳо чанд қассоб бо фурӯши гушт машғул асту ҳамагӣ баробар ва якхела нархро баланд кардаанд, аён аст, ки пешакӣ забон 1 карда, бо маслиҳат нархро бардоштаанд. Ин ҳолат кирдори монополистистӣ аст. Ба фикри ман, агар 1 бор ҳукумат қассобонро ҷазо диҳад, дигар ин номаъқулиро такрор нахоҳанд кард! Зеро ҳеҷ асос барои якбора бардоштани арзиши гӯштро қассоб дар даст надорад. Қариб 90% қассобҳо мустақиман чорво барои забҳро аз бозор харида, барои фурӯш мекушанд. Дар бозор камчинии чорво ва гаронии нархи он аслан ба чашм намерасад. Пас қиматии гушт дар дӯконҳо аз чист?

Чоршанбе, 22 Август 2018 11:20


Гӯштфурӯшони маҳаллаи 33-уми ноҳияи Синои пойтахт қимати гӯштро пеш аз ид то 40-42 сомонӣ бардоштанд. Ҳол он, ки дар бозори «Меҳргон» 1 кг гӯшт 36 сомонист. Бозори «Сафариён», маъруф ба «Аҷинабозор» низ «аз гӯштчиёни 33 қафо намонем» гуфта, нархи гӯштро 40 сомонӣ намуда, дар арафаи ид "савобе" бар номаи аъмоли худ зам кардаанд. Чанд сол пеш пешниҳод карда будем, ки ҳамин гӯштфурӯшони 33-ро комилан бастан беҳтар аст, аммо касе гӯш накард. Ана, акнун чӣ хеле хоҳанд, ҳамон гуна нарх мегузоранд. Чӣ? Рақобат? Қандата хӯру говатро кушта, дар ин ҷо 1 сомонӣ арзонтар фурӯш. Баъд мебинӣ рақобатро. Фикр мекунам, сабабгори асосии боло рафтани нархи гӯшт дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамин гӯштфурӯшони маҳаллаи 33 мебошанд.

Саъдӣ Маҳдӣ,
Журналист

Чоршанбе, 22 Август 2018 11:17


Деҳаи Лағмон, ки дар маркази н.Кӯлоб воқеъ аст, дар айёми шӯравӣ маркази маъмурӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, маҳз дар ин маҳал аввалҳои солҳои 1970 барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ Қасри фарҳанги замонавӣ аз ҳисоби хоҷагӣ сохта шуда буд, ки дар дохилаш китобхона, мактаби мусиқии бачагона низ ба мардум хизмат мерасонид. Аммо пас аз солҳои 1992 хоҷагӣ ба дасти роҳбарони тасодуфӣ ва ноуҳдабаро расиду аз бонк ҳазорҳо сомонӣ қарздор шуда монд. Баъдтар маълум гашт, қасри фарҳангро, ки 1 га замин дошт, бо бинои идораи собиқ колхоз соҳибкори маъруф Бек Сабур ба ивази қарзҳо харидааст. Ҳоло он ки ҷамоати деҳоти Кӯлоб зиёда аз 22.000 аҳолӣ дошта, ягона ҷамоатест, ки табобатхона надорад. Агар Бег Сабур ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ аз худ нишон медоду қасрро таъмир ва дар наздаш 1 табобатхона сохта ба халқу миллат инъом мекард, аҷаб кори хайре мешуд. Охир, дар интернати мо сағераю ноқисулақлҳо низ мехонанд.

Ҷаббор Раҷабов,
хабарнигори мардумии ш. Кӯлоб

Чоршанбе, 22 Август 2018 11:13

Марзи миллӣ-5

Душанбе, 20 Август 2018 10:30


«Мардуми мо қурбониро танҳо дар забҳи чорво мебинанд, ки тасаввуроти ғалат аст. Қурбонӣ аз вожаи қурб, қарибӣ, яъне наздик шудан бар Худо бо дилхоҳ амали нек ва хайр мебошад. Беҳтарин қурбонӣ дар арафаи Иди Қурбонро шумо, аҳли СССР бо кормандони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ кардед, ки дили 46 маълӯлро шод намудед. Худо хайратонро қабул кунад!»  (Ҳоҷӣ Мирзо Ибронзода…)

Душанбе, 20 Август 2018 10:25


Парвиз Назаров, сарояндаи шинохтаи Тоҷик, ки дар Қазоқистон зиндагӣ ва кору фаъолият дорад, дар нишасти хабарие, ки рӯзи 16.08.2018 дар Душанбе баргузор гашт, дар ҷавоб ба суоли журналистон дар робита ба надостани забони тоҷикӣ гуфт, дар Қазоқистон ҳамраҳе надошт, ки бо ӯ пайваста бо забони модариаш сӯҳбат намояд.
- Нафаре пайдо намешуд, ки забони тоҷикиро хуб донаду ман бо ҳамроҳи вай бо забони модарии худ гап занам. Тавассути телефон гоҳ-гоҳе бо баъзе аз дӯстонам дар Тоҷикистон ҳамсӯҳбат мешудам ва забони модарии хешро каме бошад ҳам такмил медодам, аммо ин кофӣ набуд. Бо забони тоҷикӣ сурудҳои зиёд хондаам ва ба завҷаам, ки қазоқ аст, суруду оҳангҳои тоҷикӣ хеле мақбул аст, вай мегӯяд, ки суруду оҳанг ва мусиқии тоҷикӣ ҷаззоб ва фараҳбахш аст, забони модариамро хуб хам надонам, вале барояш ҳамеша эҳтиром мегузорам, - иброз дошт Парвиз Назаров дар нишаст.
   Бояд қайд намоем, ки Парвиз Назаров бо даъвати шаҳрдории Душанбе барои ширкат дар нахустин Фестивали тобистона, ки рӯзҳои 18-19 августи соли ҷорӣ дар боғи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор мегардад, омада, дар чаҳорчӯбаи ин фестивал барномаи консертӣ низ гузоштааст. Қарор аст дар ин консерт Парвиз Назаровро ҳунармандони шинохтаи кишвар Зикриоллоҳ Ҳакимов, Тахмина Ниёзова, диджей Исмоил ва дигарон хамроҳӣ намуда, завҷаи Парвиз Назаров низ бори нахуст бо шавҳараш ба саҳна хоҳад баромад.

Омирона Достиева, СССР

саҳ 6 аз 14
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase