Шуарои классик шароб менӯшиданд?
Дуруд ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман ба домуллои гиромӣ, мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов 1 суол дорам. Оё шоъирони пештар ба мисли Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил…, ки дар шеърҳояшон калимаи «май»-у «шароб»-ро меоранд, мақсади онҳо нӯшидани оби ангур, ё ба истилоҳи мардум, «арақ» аст?
Анвар Очилдиев, ш.Қӯрғонтеппа
Зан нодухтар бошад, нагирем?
Салому дуруд ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Аз домуллои гиромии мо-Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов роҷеъ ба 1 мушкили умдаи ҷамъияти навхонадорони имрӯз 1 чиро пурсиданиям. Оё барои мо-ҷавонон, зарур аст, он занеро, гирем, ки бояд духтари бокира бошад? Агар зани интихобкардаву дӯстдоштаи мо нодухтар бошад, пас бигирияш гунаҳгор мешавӣ? Хоҳишмандам инро бо тафсил шарҳ бидиҳед.
Абӯбакр Шамсиддинзода, донишҷӯ, н.Ҳисор
Паёмбарро кӣ кафан кард?
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Аз домуллои гиромӣ Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов пурсиданиям, ки баъди вафоти ҳазрати Муҳаммад (с) кӣ ӯро кафан кард, шуст ва қабрашро канд?
Афзал Салимов, кӯч.Айнӣ, н.Шоҳмансур
Муҳаммадро (с.) Алӣ…шуст
Посух: Ҳазрат (с) рӯзи Душанбеи 12-рабиъ-ул-аввал, соли 11-уми ҳиҷрӣ мувофиқ ба 20 апрели соли 570-и мелодӣ даргузашт.
Расули мо чанд найза дошт?
Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) чанд найза дошт ва найзаҳояшон бо чӣ ном буданд?
Абдулло Асадуллоев, н.Ҳисор
Паёмбари мо 3 найза дошт
Посух: Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) 3 найза доштанд: румҳ, масво, масно. Ва бо номҳои «Самсом», «Азаб», «Расуб».
Ҳазрати мо чанд ном доштанд?
Паёмбарамон ғайр аз номи Муҳаммад (с) боз дигар ном ҳам доштанд?
Зиёвиддин Ҷамолов, муаллим, н.Рӯдакӣ
Пушаймонӣ охири кор аст?
Салом алейкум, домуллои гиромӣ! Ман ба шумо 1 савол дорам. Мехостам бифаҳмам, ки шахс гуноҳ карду аз гуноҳҳояш пушаймон аст ва аз даргоҳи Худованд барои гуноҳҳои содиркардааш пушаймонӣ ва тавба мекунад. Ӯ вақте сидқан тавба мекунад, пас дар охират ӯ ҷазо мебинад, ё не?
Эркин Асроров, сокини н.Турсунзода
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар