Ин замон ъумраш 63-солаву 4 рӯз буд. Рӯзи сешанбе бе он ки ҷомаи ҳазратро (с) берун оранд, ӯро шустушӯ карданд. Касоне, ки ҳазратро (с) ғусл доданд, инҳо буданд: Ҳазрати Ъалӣ, ҳазрати Ъаббос ва писаронаш Фазл, ва Қусам ва ғуломи озодшудаи паёмбар (с) ба номи Шуқрон ва Авс ибни Хавлӣ. Қабри ҳазратро (с) ҳазрати Абуталҳа (р) канд ва қабри лаҳаддор канд.
Малах ҳалол аст?
Савол оё малах ҳалол аст?
Далер Мирзоев, донишҷӯ, н.Сарбанд
Бале, ҳалол аст!
Посух: Бале, ҳалол аст.
Гӯшти ҷайра ҳаром аст?
Истеъмоли гӯшти ҷайра ҳалол аст, ё ҳаром?
Шамсиддин Ҳотамов, н.Сино, маҳаллаи 103
Ҷайра ҳалол нест!
Посух: Дар мазҳаби Абуҳанифа, гӯшти ҷайра ҳаром аст.
Хоби баъди бомдод дуруст аст?
Оё хоб баъди намози бомдод дуруст аст?
Зафар Муродов, Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Қӯрғонтеппа
Хоби даруни намоз-бадтарин хоб!
Посух: 3 навъи хоб бадтарини хоб аст: 1.Хоби баъди намози бомдод. 2.Хоби дар даруни намоз. 3.Хоб дар ҳолати амри ба маъруф.
Инчунин, бояд гуфт, ки 3 навъи ханда низ бадтарини ханда аст: 1.Хандаи аз пушти тобути мурда. 2.Ханда дар дохили қабристон. 3.Ханда дар вақти амри ба маъруф.