Сидқан тавба кунед
Посух: Аллоҳ дар Қурон, дар сураи «Таҳрим” ояти 8 мефармояд: “Эй касоне, ки Имон ба Худо доред, назди Аллоҳ тавба аз гуноҳ кунед”. Тавбаи «насуҳ», яъне тавбаи ростин, тавбае, ки 2-юмбора нашиканад. Умед ҳаст, ки Аллоҳ тавбаи шуморо қабул кунад ва шуморо дар боғҳое, ки зери дарахтонаш ҷӯйҳо ҷорист, ҷо диҳад. Сидқан тавба кунед Аллоҳ тавбаатонро қабул мекунад. Шайх Баҳоӣ мефармояд:
Эй дил, қадаме ба роҳи ҳақ нанҳодӣ,
Шармат бодо, ки масту дур афтодӣ.
100 бор аруси тавбаро бастӣ ъақд,
Ноёфта ком аз ӯ талоқаш додӣ.
Чаро ахлоқи мо паст шудааст?
Нисбат ба давраи Шӯравӣ шумораи масҷид, домулло, ҳоҷӣ, намозхон... даҳҳо маротиба зиёд шудааст, аммо ахлоқи ҷавонон назар ба давраи СССР имрӯз хело поин рафтааст. Чаро? Нигоҳи шумо чист?
Анварҷон Иброҳимов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Айнӣ
Қурон мураббии мост
Посух: Аввалан ҷои ташвиш аст, имрӯз ахлоқи ҷавонписарон ва ҷавондухтарон. Дигар ин ки ба қоидаву қонуни имрӯза ҷавонон бояд ба масҷид нараванд. З-ин рӯ, нақши масҷидро аз лиҳози тарбия бояд мактаб дошта бошад. Агар ҷавонони мо дар масҷид ё мактаб нафари тарбиятгари хуб биёбанд ҳароина хубтарин инсон хоҳанд шуд. Қурон беҳтарин китоби тарбияткунанда аст. Агар ба бузургони гузашта, ки бо Қурон сару кор доштанд, назар афканед, мебинед, ба кадом дараҷаҳо расиданд. Мисли Ҳофиз, Ҷомӣ, Саъдӣ, Румӣ, Хайём... ҳамаи инҳо дар хурдӣ аллакай ҳофизони Қурон буданд. З-ин лиҳоз, барои ҷавонписарон ва духтарони мо бештар дарсҳои маънавӣ-динӣ роҳи ҳалли ахлоқ мебошад. Фақат муъаллимони дорои истеъдод бошанд.
Ба гадо кӯмак кунем?
Дар атрофи бозори «Саховат», боғи «Фирдавсӣ», кӯчаи Деҳотӣ… гадоҳо зиёд шудаанд. Ба инҳо кӣ бояд кӯмак кунад?
Мирсаид Бобоев,
маҳаллаи 112, н.Сино
Кӯмак ба гадои касбӣ гуноҳ аст
Посух: Барои гадое, ки ин ъамалро ҳамчун касб қарор додааст, дар дини Ислом ёрдам кардан, гуноҳ аст, зеро ки шумо сабаби ташвиқи инҳо дар ин роҳи нодуруст интихобкардаашон мешавед. Дар шариъат барои 3 нафар талбидан рухсат шудааст, боз ин ҳам то замоне, ки ин сахтӣ дур шуд, бояд наталбанд, зеро тибқи шариъат касе аз роҳи талбидан зиндагӣ кунад, хӯрокаш ҳалол нест:
1.Барои одаме, ки қарздор мешавад, то қарзашро кандан;
2.Барои касе, ки якрӯза хӯрок надошта бошад;
3.Барои касоне, ки ба онҳо дият воҷиб шудааст.
Маънои «дият», яъне вақте нафареро нобуд мекунӣ, мисли садама ё ба дигар шакл, бояд ба ворисони ин мурда 1000 динор аз тило, ё 10.000 дирам аз нуқра, ё 100 шутур хунбаҳо диҳӣ.
Ва паз аз ин маблағро ҷамъ карда ёфтан, талбидан барои ин 3 нафар низ ҳаром аст.
Даллаҳо ҷазо мебинанд?
Даллаҳои худобехабар духтарони Тоҷикро фиреб дода, ба шаҳрҳои Дубай... ба танфурӯшӣ мебаранд. Оё дар ҳаққи даллаҳои бадномкунанда чораҳои пешгирии қатъӣ вуҷуд дорад, ё не? Умуман, ягон роҳи пешгирии фоҳишагариро шумо медонед? Зеро ин воситаи пулкоркунӣ доғи халқу миллат шудааст…
Ҳаким Мирзодавлатов, ш.Хуҷанд
Худотарсӣ-пешгирӣ аз фаҳшо
Посух: Роҳи пешгирӣ аз фаҳшо ба донистагии ман, вақте мард ё зан ба пуррагӣ аз Худо метарсанд, ба ин кор даст намезананд.