ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Мирзо: Ҳофиз намехӯрд!!!

  • Душанбе, Нояб 06 2017


Шуарои классик шароб менӯшиданд?
Дуруд ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман ба домуллои гиромӣ, мӯҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов 1 суол дорам. Оё шоъирони пештар ба мисли Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил…, ки дар шеърҳояшон калимаи «май»-у «шароб»-ро меоранд, мақсади онҳо нӯшидани оби ангур, ё ба истилоҳи мардум, «арақ» аст?

Анвар Очилдиев, ш.Қӯрғонтеппа

Майи классикӣ ба дигар маънист
ҶАВОБ: Аввалан, шоъиронеро, ки шумо ном бурдаед ва ҳам дигар шоъирони пештараи мо ҳамагӣ ъолимони дин, ҳофизони Қуръон, пуштибону мубаллиғони дини ислом буданду бисёр батақво. Вақте ки инҳо аз ин зумра бошанд, чӣ гуна моро бовар меояд, чизеро, ки Аллоҳ дар Қуръон, дар сураи «Моида-91» манъ фармудааст, инҳо онро тарғибу ташвиқ кунанд? Мисле, ки хоҷа Ҳофиз мефармояд:
Ал-миннату лиллаҳ, ки дари майкада боз аст,
З-он рӯ, ки маро бар дари ӯ рӯи ниёз аст.
Хумҳо ҳама дар ҷӯшу хурӯшанд зи мастӣ,
Он май, ки дар он ҷост ҳақиқат на маҷоз аст.
Аз вай ҳама мастиву ғурур асту такаббур,
В-аз мо ҳама бечорагиву ъаҷзу ниёз аст.
Маънояш ин аст: Майе, ки мо мегӯем, ин ниёзи моро, аҷзу бечорагиро ифода мекунад. Ё Мавлонои Рум мефармояд:
Истилоҳотест мар абдолро,
Ки аз он набвад хабар ғаффолро.
Яъне, ъорифон истилоҳоте доранд, ки ғофилон аз он огаҳӣ надоранд. Дар «Маснавӣ» бад-ин мазмун ривояте омадааст:
«Худои таъоло барои дӯстони худ шаробе омода сохтааст, ки агар нӯшанд, маст шаванд, вақте, ки маст шаванд ба сӯи Худо руҷӯъ кунанд».
Ҳамчунин Мавлоно фармудааст:
Аллоҳ, Аллоҳ чунки ъориф гуфт май,
Пеши ъориф кай бувад маъдум шай.
Фаҳми ту чун бодаи шайтон бувад,
Кай туро ваҳми майи раҳмон бувад.
Ҳар 2 гар 1 ном дорад дар сухан,
Лек шаттон ин ҳасан то он ҳасан.
Иштибоҳе ҳаст лафзи дар баён,
Лек худ гӯй осмон то ресмон.
Иштироки лафз доим роҳзан аст,
Иштироки габру мӯмин дар тан аст.
Ҷисмҳо чун кӯзаҳои баста сар,
То ки дар ҳар кӯза чӣ бошад, нигар.
Кӯзаи он тан пур аз оби ҳаёт,
Кӯзаи ин тан пур аз заҳри мамот.
Гар ба мазруфаш назар дорӣ шаҳӣ,
В-аз ба зарфаш бингарӣ ту гумраҳӣ.
Лафзро монандаи ин ҷисм дон,
Маъниашро дар дарун монанди ҷон.
Шоири дигаре дар баёни истилоҳоти ъорифон фармудааст:
Шароби ъишқ набвад з-оби ангур,
Раҳи нӯшиданаш ҳам аз гулӯ нест.
Аз ин паймонаву ҷому сабуҳо,
Ғараз паймонаву ҷому сабу нест.
Бад-он маънӣ, ки ъориф зулф гӯяд,
Назар дар печутоби ҳеҷ мӯй нест.
Баёни ъорифонро истилоҳест,
Ки ҷуз ъориф касеро гуфтугӯ нест.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки «май» ё «шароб», ки дар эҷодиёти инҳо омадааст, ҳама  ъиборат аз «ъишқ, муҳаббат-наздик шудан ба Аллоҳ» аст.
Дар охир сухани Муҳаммад Соиб аст:
Як нукта бас аст агар шуур аст,
Варна чу чароғ пеши кӯр аст.

Давом дорад

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter