Ба домуллои муҳтарам Ҳоҷӣ Мирзо! Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотиҳу. Аммо баъд аз Шумо пурсиданиам, ки ибораи «Худои 18 ҳазори олам» чӣ маъно ва муҳтаво дорад? Барои ҷавобатон пешакӣ ташаккур.
Бо эҳтиром,
Ҳоҷӣ Абдуллоев, нафақагир, ш.Душанбе
Аллоҳ ин холиқ аст
Посух: Худованд тамоми ҷунбандагонро (агар ҳаракат дошта бошад) ё тамоми он чизе, ки дар бадан ҷон дорад, аз об офарид. Бархе бар шикам, баъзе бар 2 пой, баъзе бар 4 пой роҳ мераванд. Худованд ҳар чи хоҳад меофарад, зеро бар ҳама чиз тавоност. (сураи Нур, ояти 45).
Боз Аллоҳ (ҷ) дар сураи «Шуро», ояти 29 мефармояд: Офариниши осмонҳо ва замину ҷунбандагоне, ки дар онҳо парокандаанд, аз нишонаи қудрати ман ҳастанд.
Ҳар гоҳ бихоҳад метавонад онҳоро пас аз маргашон боз зинда кунад ва дар рӯзи растохез ҷамъ кунад. Яке аз сифату номи Аллоҳ ин «холиқ» аст, яъне халқкунанда. Аз оятҳои мазкур бармеояд, ки холиқи ҳамаи ҳастӣ Аллоҳ аст. Вале дар мардуми мо ибораи 18 ҳазори ъолам истифода мешавад. Ин далолат бар бузургии Аллоҳро дорад, зеро Аллоҳ аз 18.000 ъолам ҳам зиёдтар махлуқ дорад. Мурод аз ъолам мисли ъолами «хок, санг, об, ҳайвонот, инсон, малоика, зироъатҳо, дарахтон… аст. 1 бор бар ъолами хок назар афканӣ, мебинӣ, ки чанд навъи хок вуҷуд дорад, ё ҳайвонот, ё зироъатҳо…
Талоқи марди номукаллаф қабул аст?
Ман посухҳои домуллои гиромӣ-Ҳоҷӣ Мирзоро дар СССР хондан дорам. Ва ҳоло ба ӯ 1 савол дорам. Марде, ки касалии рӯҳӣ дораду тибқи экспертизаи тиббӣ номукаллаф эътироф шудааст, вақте ҳамсарашро талоқ медиҳад, чӣ хоҳад шуд? Магар талоқи ӯ равост? Равшантар гӯям, ҳамин марди номукаллаф писари ман-Сино Ҳамроев бемори рӯҳӣ асту инвалиди гурӯҳи 2. Ӯ тибқи ташхиси тиббӣ номукаллаф эълон шудааст ва ҳоло дар беморхонаи рӯҳии н.Рӯдакӣ бистарист. Сино дар ҳолати хурӯҷи беморӣ занашро бо 3 фарзандаш талоқ дод. Вақте ба ҳуш омад, дар ҳайрат монд ва гуфт, ки «ман занамро талоқ додагӣ нестам» ва сахт асабӣ шуда, худро ҳатто дор кашиданӣ буд. Хушбахтона бо кӯмаки ҳамсояҳо зинда монд. Хуллас, аз домулло эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ҳамин саволи ман посух диҳад…
Аббосалӣ Ҳамроев,
маҳаллаи Наврӯз, ш.Ваҳдат
Талоқи номукаллаф воқеӣ нест
Посух: Талоқ аз инсони номукаллаф (девона, беъақл) воқеъ намешавад, ё аз инсоне, ки дар хобаш талоқ карда бошад, ин ҳам воқеъ намешавад.
Бовар мекунед? Келинам шавҳар кард!
Ман 1 мушкили хонаводагӣ дорам ва аминам, ки ба ин саволам домулло Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов посух мегӯяд. Нодир-писари ман дар Русия 2 сол боз муҳоҷир аст. Ӯ аз завҷааш 4 фарзанд дорад. Проблема ин аст, ки келини ман аз шавҳараш ҷудо нашуда, боз шавҳар кард. Яъне ӯ-келинам, ки шавҳараш дар Русия муздур асту зиндагии якҷоя доранд, аз болои шавҳараш боз шавҳар кард. Писарам аз ин амали келинам огоҳ набуд. Баъдтар дарак ёфту аз ҳамон Русия талоқаш кард, аммо ЗАГСи онҳо то ҳол боқист. Инак, аз домуллои муҳтарам пурсиданиям, ки оё зан аз шавҳари расмияш ҷудо нашуда, боз метавонад шавҳар кунад? Ва ин амали зан-келинам оё ҳаромӣ нест? Фикр мекунам, барои ҳамаи чунин хонавайрониву худкушиву хиёнати оиладорӣ телефони мобилӣ (Вайберу Ватсапп) айбдоранд… Вагарна, писарам-шавҳари ӯ, 2 сол боз дар Русия асту келин ин номаъқулиро кай ва бо чӣ оғоз кардааст?
Исмат Абдуллоев,
деҳаи Оқчакман, н.Рӯдакӣ, тел: 909 77 01 81
Талоқу никоҳ ҷои шӯхӣ нест!
Посух: То замоне, ки мард занашро талоқ надиҳад, зан ҳаққи шавҳар кардан надорад. Барои талоқ зарур нест, ки шоҳидҳо бошад, ё зан калимаи «талоқ»-ро бишнавад. Мард вақте гуфт, ки «занам талоқ, ё 3 талоқ, ё 1 талоқ», зан баъди огаҳӣ пайдо кардан, бояд 3 марҳалаи бемориаш (ҳайз)-ро гузаронад. Баъд шавҳар карда метавонад. Ё занро дар ҳолати ҳомила буданаш талоқ медиҳанд. Баъзе бесаводон мегӯянд, ки «агар бачча кунад, талоқ намешавад». Ин далелҳо ҳамагӣ беасос ва сафсатта аст. Талоқ воқеъ мешавад, агарчи зан бачча ҳам таваллуд кунад. Аз ин лиҳоз, то талоқ воқеъ нашавад ва «ъидда», яъне 3 ҳайзро нагузаронӣ, никоҳи кардаатон нодуруст аст. Зиндагиатон ҳаром ва фарзандҳои меомадагӣ ҳам ҳаром ҳастанд. Талоқу никоҳро ҳазлу шӯхӣ мапиндоред! Талоқу никоҳ ҷои бепарвоӣ надорад. Дар ин маврид ҷиддӣ бошед то назди Аллоҳ ҷавобгар нашавед.