ХАБАРИ ДОҒ


Расули мо чанд найза дошт?
Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) чанд найза дошт ва найзаҳояшон бо чӣ ном буданд?

Абдулло Асадуллоев, н.Ҳисор

Паёмбари мо 3 найза дошт
Посух: Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) 3 найза доштанд: румҳ, масво, масно. Ва бо номҳои «Самсом», «Азаб», «Расуб».

Ҳазрати мо чанд ном доштанд?
Паёмбарамон ғайр аз номи Муҳаммад (с) боз дигар ном ҳам доштанд?

Зиёвиддин Ҷамолов, муаллим, н.Рӯдакӣ

 

Номҳои расул бисёр буданд
Посух: Бале, мисли Аҳмад, Алмоҳӣ, Алҳошир, Алъоқиб, Алмуқзи…

Паёмбари мо дар чанд ҳарб ширкат дошт?
Паёмбар ҳазрати Муҳаммад (с) дар чанд ғазва (муҳориба) иштирок кардааст?

Дилмурод Салимов, соҳибкор, ш.Қӯрғонтеппа

Ҳазрат 27 ҷангро дидааст
Посух: Ҳазрат дар 27 ғазва иштирок кардаанд. Мисли ғазваи Бидр, Уҳуд, Хандақ, бани Қурайзаҳ, Хайбар, Мутаҳ, фатҳи Макка, Ҳунайн, Тоиф, Табук…

Хӯрдани колбаса дуруст аст?
Салому паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Дар чанд маъракае мешинам, ҳатман баҳс сари хӯрдану нахӯрдан ва ҳалолу ҳаром будани ҳасиб (колбаса) меравад. Ин ҷо аз домуллои гиромулқадр Ҳоҷӣ Мирзо пурсиданиям, ки оё колбаса ҳалол аст ва хӯрданаш дуруст?

Соҳиб Нуруллоев, ронандаи таксӣ, н.Ҳамадонӣ

Колбаса ҳалол аст, агар…
Посух: Ҳар чизе, ки бошад бояд ба таркиб (состав)-аш нигоҳ кунем. Агар дар таркиботаш аз ҳаром чизе бошад, ҳаққи хӯрдан надорем. Дигар дар ҳасибе, ки тамға (этикетка)-и ҳалол дорад ин барои мо эътимод (гарантия)-и хӯрданашро пайдо мекунад. Вале касе, ки намехӯрад, ё табъаш хира мешавад, ё ягон шубҳа дорад, бигзор нахӯрад, вале ҳаққи ҳаром гуфтан, ё манъ карданро надорад, зеро барои ҳаром гуфтан ҳуҷҷат даркор. Дигар ин ки ин қадар мардуме, ки ба ҷои кор таъмин ҳастанд, дар зиндагии инҳо зомин мешавӣ. Мисле, ки мо аз бозор гӯшт мехарем ва аз куҷо медонем, ки ин гушти харидаи мо ҳалол аст, ё ҳаром? Замоне, ки гӯштфурӯш гуфт, «ҳалол аст!», ин аллакай гарантия барои хӯрдани мардуми мусалмон мешавад.

Ҳаҷ бо роҳи ҳаром равост?
Салому алейкум, домуллои гиромӣ ва арҷманд. Оё ба назари шумо ҳаҷ бо даромади ҳаром, ё моли ҳаром, дуруст аст?

Мирсаид Бобоев, муздури мавсимӣ, н.Шаҳритус

Ҳаҷ бо роҳи ҳаром савоб надорад
Посух: Агар мол аз роҳи ҳаром бошад мувофиқи фатво фарзияти ҳаҷ аз гарданаш соқит мешавад, вале ҳеҷ савобе намеёбад, ҳамчунин дар охират мартабаи ҳоҷиро надорад. Намоз низ инчунин аст. Агар шикамамон пур аз ҳаром бошад, ё либоси баданамон аз пули ҳаром бошад, ё замине, ки намоз мехонем, ғасб шуда бошад фарзияти намоз соқит мешавад, вале савобу фазилат надорад.


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter