ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Май 30 2016

Мутахассисони Хадамоти оташнишонии ВКД дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати кишоварзӣ, нозирони минтақавии ШВКД-и ноҳияву шаҳру вилоятҳо ҳамасола рейдҳои муштарак гузаронида дар рафти ин санҷишҳо ошкор менамоянд, ки бархе аз роҳбарони ҳоҷагиҳо ба саҳлангорӣ роҳ дода, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намекунанд ва оқибати чунин бемасъулиятӣ боиси сар задани сӯхтор мегардад. 

Бино ба иттиллои Нозимҷон Иброҳимзода, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и ҶТ, генерал-майори хизмати дохилӣ, дар рафти гузаронидани санҷишҳо ба ҳамаи роҳбарону шахсони масъули хоҷагиҳо 385 амрномаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супорида шуда, нисбати вайронкунандагони қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор 181 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 15220 сомонӣ ҷаримабанди карда шудаанд. 

Ҳамчунин фаъолияти 17 корхонаю иншоотҳо ва ҳуҷраҳои алоҳида муваққатан боздошта, 384 қитъаи барқӣ ва 28 печу агрегатҳое, ки дар ҳолати оташангез қарор доштанд, безарар гардонида, доир ба ҷамъоварӣ, захираи зироатҳои ғалладона ва хӯроки дурушти чорво бо аҳолӣ 568 маротиба сӯҳбатҳо гузарониданд, ки шумораи онҳо 21783 нафарро ташкил медиҳад. Дар баробари ин оиди чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор сӯҳбату дастурҳо гузаронида шуда, корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ дар ин самт идома дорад. 

Аз ин лиҳоз, дар мавсими дарав ва захираи хӯроки дурушти чорво аз роҳбарони корхонаву сарвварони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолию умуман аз шахсони масъул ва деҳқонони оддӣ хоҳиш менамоем, ки ба оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, риоя намоянд. 

Аз ҷумла, пеш аз оғози кори ғунучини ҳосили ғалаю хӯроки дурушти чорво воситаҳои техникиро дақиқкорона аз санҷиш гузаронида ва қисмҳои эҳтиётиро, ки сабабгори нохушиҳои кори ғалладарав ҳастанд, фавран бартараф намоянд. Дар ҷойҳои нигоҳдории хӯроки чорво ва ғалладона маводҳои зудоташгирандаро нагузоранд. Барои роҳ надодан ба сӯхтор ва талафи ғалладонаю хӯроки чорво аз тавсияву дастуруламалҳои хадамоти давлатии оташнишонии ВКД пайваста истифода баранд. 

Сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ новобаста аз шакли моликияташон вазифадоранд, ки ҳар як автомашина, трактор, комбайн ва дигар техникаи хоҷагиро, ки барои ҷамъоварии ҳосил сафарбар карда шудааст, бо шарорахомӯшкунакҳо ва олотҳои аввалиндараҷаи зиддисӯхтор, 2-3 оташхомӯшкунак, бел, намад, ҷорӯби дароздаста, зарфи калони обдор ва рег таъмин намоянд. Ҳамчунин аз ҳисоби дастаи идоравии оташнишонӣ савора бо асп то анҷом расидани мавсими дарав навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шавад. 

Дар канори шоҳроҳҳои автомобилгард, ки аз мавзеъҳои ғаллазор мегузарад, нишонаҳо бо навиштаҷотҳои «Сигор кашидан манъ аст!» ва «Гулхан афрӯхтан манъ аст!» гузошта шаванд. Инчунин заминҳои ғаллазор дар назди роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан дар масофаи 4 метр шудгор карда шавад. Ғайри ин, тоза кардани муҳаррикҳои комбайнҳо, тракторҳо, автомашинаҳо омили муҳими пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор мебошанд. 

Ҳамчунин пеш аз оғози мавсими ғундоштани ҳосил сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулин вазифадоранд дар хирманҷойҳову майдонҳои ғалла дастаҳои ихтиёрии зиддисӯхтор ташкил карда онҳоро бо олотҳои аввалиндараҷаи зиддисӯхторӣ таъмин намоянд. Дар майдони кушод ё худ дар назди хирманҷойҳо шабона ба мошинҳо ва дигар техника сӯзишворӣ пур кардан манъ аст. Агар ба ин кор эҳтиёҷ пайдо шавад, дар равшании чароғи дигар мошин бо риояи техникаи бехтарӣ ин корро анҷом додан лозим аст.

Бинобар ин дар канори роҳҳои оҳану шоҳроҳҳои автомобилгард ва гирду атрофи майдонҳои зироатҳои ғалладонагӣ ва хуроки дурушти чорвою алафҳои худруи хушкгардида, бояд тоза карда шавад. 

СССР

 

Ҷумъа, Май 27 2016

Дирӯз дар толори кохи «Ватан» вохӯрии намояндагони Прокуратураи Генералӣ ва Прокуратураи шаҳр бо ҷавонони ш.Қурғонтеппа дар мавзӯи «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гӯрӯҳҳои инфиродӣ ва оқибатҳои он» доир шуд. Вохӯриро муовини раиси шаҳр Қосимова Солеҳахон оғоз кард. Оид ба сабабҳои мусоидаткунандаи шомилшавии наврасону ҷавонон ба гӯрӯҳҳои тундрав ва оқибатҳо он намояндаи Генпрокуратура-Сайдамир Алӣ Бадриддин ва Прокурори шаҳр Б.Сафарзода бо нишон додани мисолҳои мушаххас баромад карданд. А.Сайдамир гуфт, ки бо таъсири ваҳмангези худ терроризм ё ба доираи васеъи шаҳрвандон ва чун қоида ба доираи номаълум, баъзан ба аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ё ба шахси мансабдори мушаххас ва мақомоти ҳокимият, ки дорои ҳуқуқи қабул кардани қарорҳои ташкилӣ-идоракунӣ мебошанд, равона карда шудааст. Тарафи объективии ҷиноят дар содир намудани чунин ҳаракатҳо ифода мегардад:

1) содир намудани таркиш, сухтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон.

2) дигар кирдорҳое, ки боиси хавфи марги одамон мегардад.

3) расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк.

4) ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок. 

5) таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда.

Таҳдид-ин мақсади дар шакли маъмурӣ ифодашудаи содир кардани акти террористӣ набуда, балки арзи қатъии мақсадест, ки аз ҷиддӣ ва ҳақиқӣ будани чунин мақсад шаҳодат медиҳад. Агар шахси кирдори террористӣ анҷомдиҳанда марги одамонро хоҳад ва ё бошуурона ба миён омадани чунин оқибатро фароҳам орад, он гоҳ кирдори ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноят бо м.м 104 ва 179 КҶ банду баст карда мешавад, афзуд А.Сайдамир. Вохӯрии ҷавонон бо намояндаи Прокуратураи Генералӣ ва мақомоти ш.Қурғонтеппа, озод гузашт ва бо имконият дар доираи ин мавзӯъ ба саволҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Баҳодур Уроқов

СССР Қурғонтеппа

 

Чоршанбе, Май 25 2016

Аз ҷониби кормандони раёсати Агентии маводи нашъовари назди президенти ҶТ дар вил.Хатлон Назаров Р.С бо 30 кг маводи мухаддираи наъви «ҳашиш» боздошт шудааст. Зафар Саидов сардори шуъбаи оперативи-ҷустуҷӯи мегуяд, ки Назаров Рустам Ҳусайнович сокини ш.Қурғонтеппа чанд маротиба бо моддаи 201 қисми 3 бандҳои «а,б» КҶ ҶТ бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи дар кӯчаи Ваҳдат-1 шаҳри Қурғонтеппа аз ҷониби кормандони ШОҶ РАНММ назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ,бо гумонбарӣ дар  ғайриқонунӣ нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор дар автомашинаи тамғаи “Опел Вектра” рақами давлатиаш 23-96 Ва 03 таҳти идораи шаҳрванд Саидов Муродалӣ боздошт карда шуд. Дар дохили  автомашинаи “Опел вектра” сокини ш.Қурғонтеппа Назаров Рустам Ҳусайнович буд, ки чандин маротиба бо модда 201 қисми 3 бандаҳои “а,б” ҷиноят содир кардааст. Ҳамин тавр,Назаров Р.Х бо ин ҳарактҳои бадқасдонаи худ ҷинояти дар моддаи 200 қисм 4 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуд. Нисбати Назаров Р.С бо моддаҳои 221,222,225 ва 229 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз гардид.

Баҳодур Уроқов

 

СССР Қурғонтеппа

 

Сешанбе, Май 24 2016

Моҳи марти соли 2016 аз ҷониби кормандони раёсати Агентии маводи нашъаовар дар вил.Хатлон Гулматов Собиров бо 10 кг афюн боздошт шудааст.

Сешанбе, Май 17 2016

Шаҳноза Боймуродова, хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 44, дар ҷамоати деҳоти "Обшорон"-и ноҳияи Шаҳритус, ки рӯзи 10 май гум шуда буд пайдо шудааст, аммо аз дугонаи ӯ ҳануз хабаре нест.

Маҳмади Ҷӯрабоев, як масъули идораи маориф ва илми ноҳияи Шаҳритус имрӯз дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР бедарак шудани 2 хонандаи мактабро тасдиқ карда гуфт, ки бедарак гаштани хонандагон онҳоро нигарон кардааст.

Наврӯз Ҳазратқулов, як масъули дигари ҷамоати деҳоти "Обшорон"  таъкид дошт, ки Шаҳноза Бойназарова, як хонандаи мактаб дирӯз аз шаҳри Душанбе пайдо шуда, вале дугонаи ӯ Мафтуна Қараева, хонандаи синфи 9 ҳануз пайдо нашудааст, ки кофтукови ин хонанда аз ҷониби мақомоти милитсия ва падару модараш идома дорад.

Бино ба иттиллои Наврӯз Ҳазратқулов гуфт, ки ин 2 хонанда бо маслиҳати пешакӣ рӯзи 10 май ҳамроҳи дугонаашон, хонандаи ҳамин мактаб Матлуба Қараева аз назди мактаб ба вақти субҳ фирор кардаанд, аммо ба куҷо рафтанашонро нагуфтаанд. Шаҳноза, ки аз Душанбе пайдо шудааст ҳоло дар бозпурсии мақомот қарор дорад ва имрӯз ба дарс нарафтааст, вале аз хонандаи дигар, ки ҳамроҳи Шаҳноза будааст хабаре нест.

Баҳодур  Уроқов, СССР,  Қурғонтеппа

 

Сешанбе, Май 17 2016

16 майи соли ҷорӣ ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон зани 20-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намуда гуфтааст, ки собиқ шавҳараш, марди 27-солаи сокини ноҳияи Ёвон, тахминан соати 22:00- дақиқа вориди хонаи истиқоматии модараш  шуда,  аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани модараш, зани 41-сола,  хоҳараш зани 22-сола, хоҳари ноболиғи 16-солааш ва хоҳари хурдсоли 9-солааш мезанад.

Дар натиҷа модараш, зани 41-сола, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мешаванд.

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

СССР

 

саҳ 75 аз 83

Китобҳо

Flag Counter