16 майи соли ҷорӣ ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон зани 20-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намуда гуфтааст, ки собиқ шавҳараш, марди 27-солаи сокини ноҳияи Ёвон, тахминан соати 22:00- дақиқа вориди хонаи истиқоматии модараш шуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани модараш, зани 41-сола, хоҳараш зани 22-сола, хоҳари ноболиғи 16-солааш ва хоҳари хурдсоли 9-солааш мезанад.
Дар натиҷа модараш, зани 41-сола, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мешаванд.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
СССР
Китобҳо
Latest News
-
-
Сайёфи Мизроб
Сафардидаи Маккавӣ
-
-
-
Сайёфи Мизроб
Муштҳои бедорӣ