ХАБАРИ ДОҒ

Пешгирии ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротӣ

  • Ҷумъа, Май 27 2016

Дирӯз дар толори кохи «Ватан» вохӯрии намояндагони Прокуратураи Генералӣ ва Прокуратураи шаҳр бо ҷавонони ш.Қурғонтеппа дар мавзӯи «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гӯрӯҳҳои инфиродӣ ва оқибатҳои он» доир шуд. Вохӯриро муовини раиси шаҳр Қосимова Солеҳахон оғоз кард. Оид ба сабабҳои мусоидаткунандаи шомилшавии наврасону ҷавонон ба гӯрӯҳҳои тундрав ва оқибатҳо он намояндаи Генпрокуратура-Сайдамир Алӣ Бадриддин ва Прокурори шаҳр Б.Сафарзода бо нишон додани мисолҳои мушаххас баромад карданд. А.Сайдамир гуфт, ки бо таъсири ваҳмангези худ терроризм ё ба доираи васеъи шаҳрвандон ва чун қоида ба доираи номаълум, баъзан ба аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ё ба шахси мансабдори мушаххас ва мақомоти ҳокимият, ки дорои ҳуқуқи қабул кардани қарорҳои ташкилӣ-идоракунӣ мебошанд, равона карда шудааст. Тарафи объективии ҷиноят дар содир намудани чунин ҳаракатҳо ифода мегардад:

1) содир намудани таркиш, сухтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон.

2) дигар кирдорҳое, ки боиси хавфи марги одамон мегардад.

3) расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк.

4) ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок. 

5) таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда.

Таҳдид-ин мақсади дар шакли маъмурӣ ифодашудаи содир кардани акти террористӣ набуда, балки арзи қатъии мақсадест, ки аз ҷиддӣ ва ҳақиқӣ будани чунин мақсад шаҳодат медиҳад. Агар шахси кирдори террористӣ анҷомдиҳанда марги одамонро хоҳад ва ё бошуурона ба миён омадани чунин оқибатро фароҳам орад, он гоҳ кирдори ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноят бо м.м 104 ва 179 КҶ банду баст карда мешавад, афзуд А.Сайдамир. Вохӯрии ҷавонон бо намояндаи Прокуратураи Генералӣ ва мақомоти ш.Қурғонтеппа, озод гузашт ва бо имконият дар доираи ин мавзӯъ ба саволҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Баҳодур Уроқов

СССР Қурғонтеппа

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter