ХАБАРИ ДОҒ

Ҳушдори Сарраёсати оташнишонӣ: ғалларо аз сӯхтан эмин доред!

  • Душанбе, Май 30 2016

Мутахассисони Хадамоти оташнишонии ВКД дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати кишоварзӣ, нозирони минтақавии ШВКД-и ноҳияву шаҳру вилоятҳо ҳамасола рейдҳои муштарак гузаронида дар рафти ин санҷишҳо ошкор менамоянд, ки бархе аз роҳбарони ҳоҷагиҳо ба саҳлангорӣ роҳ дода, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намекунанд ва оқибати чунин бемасъулиятӣ боиси сар задани сӯхтор мегардад. 

Бино ба иттиллои Нозимҷон Иброҳимзода, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и ҶТ, генерал-майори хизмати дохилӣ, дар рафти гузаронидани санҷишҳо ба ҳамаи роҳбарону шахсони масъули хоҷагиҳо 385 амрномаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супорида шуда, нисбати вайронкунандагони қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор 181 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 15220 сомонӣ ҷаримабанди карда шудаанд. 

Ҳамчунин фаъолияти 17 корхонаю иншоотҳо ва ҳуҷраҳои алоҳида муваққатан боздошта, 384 қитъаи барқӣ ва 28 печу агрегатҳое, ки дар ҳолати оташангез қарор доштанд, безарар гардонида, доир ба ҷамъоварӣ, захираи зироатҳои ғалладона ва хӯроки дурушти чорво бо аҳолӣ 568 маротиба сӯҳбатҳо гузарониданд, ки шумораи онҳо 21783 нафарро ташкил медиҳад. Дар баробари ин оиди чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор сӯҳбату дастурҳо гузаронида шуда, корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ дар ин самт идома дорад. 

Аз ин лиҳоз, дар мавсими дарав ва захираи хӯроки дурушти чорво аз роҳбарони корхонаву сарвварони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолию умуман аз шахсони масъул ва деҳқонони оддӣ хоҳиш менамоем, ки ба оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, риоя намоянд. 

Аз ҷумла, пеш аз оғози кори ғунучини ҳосили ғалаю хӯроки дурушти чорво воситаҳои техникиро дақиқкорона аз санҷиш гузаронида ва қисмҳои эҳтиётиро, ки сабабгори нохушиҳои кори ғалладарав ҳастанд, фавран бартараф намоянд. Дар ҷойҳои нигоҳдории хӯроки чорво ва ғалладона маводҳои зудоташгирандаро нагузоранд. Барои роҳ надодан ба сӯхтор ва талафи ғалладонаю хӯроки чорво аз тавсияву дастуруламалҳои хадамоти давлатии оташнишонии ВКД пайваста истифода баранд. 

Сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ новобаста аз шакли моликияташон вазифадоранд, ки ҳар як автомашина, трактор, комбайн ва дигар техникаи хоҷагиро, ки барои ҷамъоварии ҳосил сафарбар карда шудааст, бо шарорахомӯшкунакҳо ва олотҳои аввалиндараҷаи зиддисӯхтор, 2-3 оташхомӯшкунак, бел, намад, ҷорӯби дароздаста, зарфи калони обдор ва рег таъмин намоянд. Ҳамчунин аз ҳисоби дастаи идоравии оташнишонӣ савора бо асп то анҷом расидани мавсими дарав навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шавад. 

Дар канори шоҳроҳҳои автомобилгард, ки аз мавзеъҳои ғаллазор мегузарад, нишонаҳо бо навиштаҷотҳои «Сигор кашидан манъ аст!» ва «Гулхан афрӯхтан манъ аст!» гузошта шаванд. Инчунин заминҳои ғаллазор дар назди роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан дар масофаи 4 метр шудгор карда шавад. Ғайри ин, тоза кардани муҳаррикҳои комбайнҳо, тракторҳо, автомашинаҳо омили муҳими пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор мебошанд. 

Ҳамчунин пеш аз оғози мавсими ғундоштани ҳосил сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулин вазифадоранд дар хирманҷойҳову майдонҳои ғалла дастаҳои ихтиёрии зиддисӯхтор ташкил карда онҳоро бо олотҳои аввалиндараҷаи зиддисӯхторӣ таъмин намоянд. Дар майдони кушод ё худ дар назди хирманҷойҳо шабона ба мошинҳо ва дигар техника сӯзишворӣ пур кардан манъ аст. Агар ба ин кор эҳтиёҷ пайдо шавад, дар равшании чароғи дигар мошин бо риояи техникаи бехтарӣ ин корро анҷом додан лозим аст.

Бинобар ин дар канори роҳҳои оҳану шоҳроҳҳои автомобилгард ва гирду атрофи майдонҳои зироатҳои ғалладонагӣ ва хуроки дурушти чорвою алафҳои худруи хушкгардида, бояд тоза карда шавад. 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter