ХАБАРИ ДОҒ

Духтарони фирорӣ: якеаш пайдо шуд

  • Сешанбе, Май 17 2016

Шаҳноза Боймуродова, хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 44, дар ҷамоати деҳоти "Обшорон"-и ноҳияи Шаҳритус, ки рӯзи 10 май гум шуда буд пайдо шудааст, аммо аз дугонаи ӯ ҳануз хабаре нест.

Маҳмади Ҷӯрабоев, як масъули идораи маориф ва илми ноҳияи Шаҳритус имрӯз дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР бедарак шудани 2 хонандаи мактабро тасдиқ карда гуфт, ки бедарак гаштани хонандагон онҳоро нигарон кардааст.

Наврӯз Ҳазратқулов, як масъули дигари ҷамоати деҳоти "Обшорон"  таъкид дошт, ки Шаҳноза Бойназарова, як хонандаи мактаб дирӯз аз шаҳри Душанбе пайдо шуда, вале дугонаи ӯ Мафтуна Қараева, хонандаи синфи 9 ҳануз пайдо нашудааст, ки кофтукови ин хонанда аз ҷониби мақомоти милитсия ва падару модараш идома дорад.

Бино ба иттиллои Наврӯз Ҳазратқулов гуфт, ки ин 2 хонанда бо маслиҳати пешакӣ рӯзи 10 май ҳамроҳи дугонаашон, хонандаи ҳамин мактаб Матлуба Қараева аз назди мактаб ба вақти субҳ фирор кардаанд, аммо ба куҷо рафтанашонро нагуфтаанд. Шаҳноза, ки аз Душанбе пайдо шудааст ҳоло дар бозпурсии мақомот қарор дорад ва имрӯз ба дарс нарафтааст, вале аз хонандаи дигар, ки ҳамроҳи Шаҳноза будааст хабаре нест.

Баҳодур  Уроқов, СССР,  Қурғонтеппа

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter