ХАБАРИ ДОҒ

Табаддулоти Президентии №1

  • Чоршанбе, Авг 25 2021

18.08.1991. Геннадий Янаевро шояд имрӯз касе нашносад. Вале ӯ нахустин нафаре буд, ки расо 30 сол пеш нахустин табаддулоти давлатӣ ва президентро канор кардаву худро президенти мо эълон намуд. Оре, аккурат, президенти мову шумо, хонандаи ин сутур. Зеро сӯҳбат сари ГКЧП дар СССР меравад. Табаддулоте, ки ҳамагӣ 3 рӯз давом кард...

ГКЧП охирин талоши “верхушка” барои ҳифзи СССР буд. Имрӯз аксарият, бо шумули ун нафароне, ки барои шикасти ин Путч камар баста буданд, афсӯс мехӯранд, ки агар тарафдорони табаддулот пирӯз мешуданд, шояд СССР боқӣ мемонд. Вале он чӣ шуд, ки шуд!!!

Ҳамааш аз он сар шуд, ки бо сари кор омадани Горбачеви камхирад дар соли 1986, СССР ба оҳистагӣ мақому манзалати хешро аз даст додан гирифт. Мишка Раискаашро ба ҳама ҷо таки каш карда мебурд ва ин 2 сакалту зери фишори равонии Амрикову Аврупо қарор гирифтанд. Баъдан СРУ дар депешаҳо менависад, ки Раискаву Мишка кореро ба осониву ройгонӣ карданд, ки олами капитал дар тӯли 70 сол бо сарфи миллиардҳо доллар наметавонист. Тавассути таблиғу ташвиқи дурӯғини “акам зӯрай! Апамда гап нест!” ва бардор-бардорҳову таърифу тавсиф, ки ТВ ва Радиоҳои Ғарб 1 соат бе чеҳраҳои манфури ин 2 тан набуданд, ишонро реформатори бузургтарини ҳама давру замонҳо эълон карда, ба зери деворҳои Кремл об монданд. 

Бозсозиву демократияву “сухой закон”-и Горбачёв аккурат то ҳамин 18-21 август давом кард. Бо хатми ГКЧП СССР барҳам хӯрд ва Горбачёву занашро дигар саг суроғ накард. Воқеан ҳам сарнавишти инҳо дарси ибрат ба тамоми сарварони давлатҳост, ки ба таърифу таблиғу ташвиқу подхалимизм дода нашаванд, ки оқибаташ, гуфти Бобои Ғулом “турб аст”.

Вале баргардем сари ГКЧП. Чун Горбачёв бо Раискааш ба Форос дамгирӣ рафт, Янаев, Пуго, Павлов, Лукянов, Язов... дар кишвар соати комендантӣ эълон кардаву ӯро “бо сабаби маризӣ” аз вазифа канор ва Янаеви витсе президенташро садри абарқудрат қарор доданд. Вале ба кор Амрикову Аврупо қӯш шуда, ба Елтсин, Кравчук, Шушкевич-президентҳои Россия, Украина ва Белорусия амр карда шуд, ба кор дахолат кунанд. Бо даъвати Елтсин халқ ба кӯчаҳои Маскав рехт. Полки Таманӣ, ки бар ҳифзи СССР омада буд, бо танкҳояш сӯи халқ гузашт. Зеро он вақт мардуми гумроҳ воқеан ҳам тарафи Елтсинро гирифт.

Баъди шикасти ГКЧП ин 3 президент, ки аз асосгузорони СССР буданд, пресс-конфронс дода, аз барҳамрезии СССР ва бунёдгузории СНГ дарак медиҳанд. Елтсин бошад, дар ҳолате, ки ҳама телефонҳои давлатии “сотка” фаол нест, тавассути телефони ба истилоҳ 2-тина, ба Ҷорҷ Буш занг зада, рапорт медиҳад:

-Ҷаноби Президент. СССР дигар вуҷуд надорад!!!

Албатта, коллапси СССР ба 15 ҷумҳурӣ, истиқлолияту озодӣ овард. Ва тавре мегӯянд, ҳар коре мешавад, бе ҳикмат нест. Вале бар ивази чӣ ва кӣ? Дар СССР ҷангу ҷидолҳо шуруъ шуданд. Олам ба коми хунрезӣ рафт, ки то ҳанӯз оқубати он норавшан аст. Қораи арабу пораи ислом дар хун ғарқ аст. Магар СССР мебуд, НАТО ба чунин густохӣ даст мезад? Суоли матраҳ ва риторикист, албатта.

Ва муҳимтар аз ҳама. Беҳтарин посухро роҷеъ ба пошхӯрди СССР Путин В.В. гуфта буд:

-Касе барои СССР зиқ намешавад-дил надорад. Вале касе дар фикри барқарории СССР аст-ақл надорад!

Муҳимтарин афроди иштирокчии ГКЧП дар таърихи 18-21.08.1991.

 

•Тарафдорон

oЯнаев Г. И.

oПавлов В. С.

oЛукянов А. И.

oКрючков В. А.

oЯзов Д. Т.

oПуго Б. К.

oАхромеев С. Ф.

oВаренников В. И.

oМакашов А. М.

oКалинин Н. В.

oШенин О. С.

oСамсонов В. Н.

•Муқобилон

oЕлтсин Б. Н.

oРутской А. В.

oСилаев И. С.

oХасбулатов Р. И.

oКобетс К. И.

oИваненко В. В.

oБаранников В. П.

oГрачёв П. С.

oПопов Г. Х.

oСобчак А. А.

oБурбулис Г. Э.

oЛобов О. И.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter