ХАБАРИ ДОҒ

24.08.2021. Соат ба вақти Киев 14:24 дақиқа. Дар ана ҳамин вақту соату моҳу рӯз  (воқеан ҳам матлаби болоии мо, аккурат, 24 соат пеш навишта шудаасту бо ин сана ҳич рабте надорад), Вл. Зеленский укази нав имзо кард. Тибқи ин Указ, ки дар рӯзи таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Украина роҳандозӣ шуд, минбаъд, ҳар рӯзи 28 июл дар Киев чун Рӯзи Давлатдорӣ таҷлил хоҳад шуд!!!

Ба гуфтаи Владимир Зеленский Украина то ҳамроҳ шудан бо СССР ва зери зулми Маскав мондан, мамлакат буд ва сохторҳои давлатдорӣ низ дошт. Ва ин ки тӯли 70-сол дар ҳайъати СССР буд, моҳияту сифати ин давлатдориро кам накард. Зимнан Украина ҳар 28 июл аз…1000 солагии давлатдории худ ҷашн хоҳад гирифт.

Дар Рӯзи Истиқлолияти Украина дар баробари президенти фаол, 3 раисиҷумҳури собиқи ин кишвар-Леонид Кучма, Виктор Ющенко ва Пётр Порошенко низ ширкат доштанд. 4 президент ҳатто набуди №5, бечора Януковичи фирориро, ки мисли Аскар Акаев дар Россия пинҳон аст, эҳсос накарда, барои Рӯзи «отдых» эълон шудани 28.07. кафкӯбӣ карданд.

Дар ин рӯзи Истиқлолият ба фарқ аз 70-соли шӯравӣ, на Армияи Советӣ, ки Армияи НАТО аз майдони марказии Киев қадам зада, ба ҳозирин гӯшзад мекард, ки Украина аз СССР озод шуда ҳам бошад, ҳоло хеле солҳо зери нақораи НАТО хоҳад рақсид.

Зеленский бошад ба ваҷд омада, аз трибуна гуфт, аннексияи Қрим чӣ ғасб аст, ки русҳои москолит ҳатто «адибони моро аннексия кардаанд» ва мисол овард, Гогол Николай ва Шевченко Тарас. Ба пиндори президент русҳо ҳаққу ҳуқ надоранд, ин 2 абармарди хохолро рус хонанд, асарҳояшонро нашр созанд ва ҳатто мутолиа кунанд!

Зеленскийро ҳатто напурсиданд, ки чаро Гоголу Шевченкоро ғайриурус мехонад, ҳол он ки онҳо ба хохолӣ чизе наофаридаанд? Зеро ҳама медонист, ки Владимир ҳамчун Илҳом Алиев-президенти Озарбойҷон дар ин маврид посухҳои романтикӣ дорад.

Хонанда посухи Илҳомро шуниданист? Марҳамат!  Ӯ дар мавзуъи «агар Насимӣ ва Ганҷавӣ озарии турканд, пас чаро тоҷикӣ-форсӣ менавиштанд?» посухи лирикӣ дода буд:

- О, забони давлатӣ, забони ғосибон (форсӣ) бошад, боз ба кадом забон менавиштанд?

Ҳайрон шудӣ, хонанда? Ҳиҷ ҷои таҳаййур нест. Дар соате, ки мо, намедонам, амри киву чиро мунтазирему технократҳоямон ақаллан 100 солагии давлатдориамонро ҷашн гирифтанӣ нестанд, технократҳои дигар давлату ҳукуматҳо фарзандони фарзонаи миллати моро кашида бурда истодаанд. Оқибаташ ба хайр шавад.

…Тантанаҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Украина, аккурат, то 28 август давом мекунад, то рӯзе, ки раҳматии Акбари Саттори нозанин, раиси билоивази ИЖТ, дар соли 2015, 6 сол қабл, аз сифлагони ҳамқаламу ҳамаламаш бибридаву ба олами улвӣ пайваста буд. Худо ӯро биомурзад ва бо дуо ту ҳам ёдаш кун, хонандаи ин сутур…

PS: Газетаи мардумии СССР ҳар рӯзи 28 август, дар рӯзи фавти Акбаралӣ Сатторов дар Шарқи Озод-ГЖК оши худоӣ медод. Мутаассуф, чанде аз сокинони ин бино (ошёнаи…худаш ҳам медонад, ки дар кадом этаж аст!), ошро хӯрдаву ба ниҳодҳо менавиштанд, ки мо гӯиё «Қонуни Танзим»-ро вайрон мекунем. Зимнан мо дигар оши худоӣ нахоҳем дод. Дар ин бино!!! Рӯҳи Акбар моро бубахшаду нотавонбину бадхоҳонашро, ки ҳатто пас аз марг низ бо ӯ душманӣ доранд, 1 боракак…таконад!!! 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter