ХАБАРИ ДОҒ

 

 

-21.02.2023. Шоҳрух Саидзода-сардори раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД ё худ УУР, бо амри вежаи Президенти ҶТ дар арафаи Рӯзи Артиши Миллӣ (23 феврал) соҳиби унвони генерал-майори милитсия гардид: Муборак бод!

    - Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза осебдидаи Сурия 50 тонна кӯмаки башардӯстона аз қабили хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ фиристода шуд.

 - Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, тамомии биноҳои баландошёнаи истиқоматиро, ки солҳои ахир дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар қомат афрохтаанд, аз санҷиши техникӣ – ларзиши замин гузаронад.

    - Мақомоти вилояти Суғд шахсияти 8 ҷавоне, ки аз ин минтақа ба кишварҳои хориҷӣ рафта, таҳсилоти динӣ гирифтаанд ва айни ҳол дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои дигар иштирок доранд, муайян кардааст: 6 нафари онҳо аз ш.Исфара ва 2 нафари дигар аз н.Мастҷоҳ будаанд.

    - Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе дар робита ба оғози фаъолияти "Яндекс Go", хадамоти таксии русӣ дар пойтахт гуфт, ки фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон ғайриқонунист.

    - Дар Тоҷикистон то 15.02.2023 зиёда аз 5 миллион нафар (98,9%) бар зидди COVID-19 эм шуданд. 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter