ХАБАРИ ДОҒ

СССР дар Хатлон ба кӣ нафорид?

  • Чоршанбе, Фев 22 2023

14.02.2023. Нишасти матбуотии и.в. раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гашт. Худи раиси навтайин дар нишаст иштирок накард – сафари корӣ ба н.Вахш ва қабули шаҳрвандон дар ин ноҳия, ки шояд хеле муҳимтар аз нишасти матбуотии нахустини Давлаталӣ Саид дар симати раиси калонтарин вилояти Тоҷикистон буд.

Вале аҷобати кор он буд, ки Дастгоҳи раис ва шуъбаи итиллоот нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоятро хеле пинҳонӣ омода карданд. Дар бораи баргузории нишаст мо ногаҳонӣ огоҳ шудем, мисли дигар ҳамкоронамон, ки шояд ним соат пеш аз он дарак ёфтанду худро ба бинои ҳукумати вилоят расониданд. Ҳол он, ки дар бораи кай ва дар куҷо баргузор шудани нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 1 ҳафта пеш намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз он ҷумла хабаргузориҳои хориҷии муқими кишвар низ дарак доштанд.

 Аҷобати дигар, ин ки хабарнигоронро барои ширкат дар ин нишаст 1 рӯз пеш рӯйхат карда будаанд. Ба суоли мо дар бораи иштирок Баҳром Миров, сухангӯи МИҲД вилояти Хатлон посухи хеле хуби дипломатӣ дод:

«Наоед, номатон дар рӯйхат нест, намемонанд, намоянда доред, бас аст!».

 Рӯзи нишаст маълум шуд, ки номи газетаи мардумии СССР рӯйхати булаҷаби ин нишаст нест!!!

Ин дар ҳолест, ки тамомии вазорату кумитаву раисони шаҳру навоҳиву вилоятҳо то ин дам аз журналистон хоҳиш мекарданд, ки ба нишасташон оянд, зеро ин ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ аст, на ҳавову ҳаваси худи руъасо!!!

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро номи газетаи СССР, ки тӯли 16 соли фаолияташ дар саргаҳи набардҳои итиллотӣ истода, бо душманони дохилию хориҷӣ мубориза мебарад ва то ин дам бо раҳбарияти вилояти Хатлон ва 25 шаҳру навоҳии он ҳамкории хубу ҳасана дошту дорад, имрӯз ба рӯйхат ворид нагардид? Мо нафаҳмидем. Шояд нахостанд? Аммо кӣ нахост? Суолест ба раҳбари Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Муҳаммадҷон Орифзода!

 

 Муҳтарам и.в. раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид!  Мо мутмаинем, ки назару дидгоҳи Шумо нисбат ба газетаи мардумии СССР ва на танҳо мо, балки тамомии матбуоти хусусӣ ва расмӣ мусбист. Ва боз ҳам мутмаинем, ки Шумо аз баргузор намудани нишасти матбуотии пинҳонӣ ва “барӯйхатгирӣ”-и боз ҳам “сирӣ”-и ВАО ва ба хусусиву давлатӣ ҷудо кардани онҳо хабар надоред.  Зеро хабар медоштед, ҳатман аз ин густохӣ ҷилавгирӣ мекардед. Зеро ин амал, ки дар таърихи нишастҳои матбуотӣ гӯшношунид аст, бар хилофи дастуру супоришҳои Сарвари давлат буда, тамомии талаботу дархостҳои Фармони №622 - ро вайрону поймол месозад.

Муҳтарам Давлаталӣ Саид!

Шумо ба ҳайси муовини аввали Сарвазири мамлакат чанд сол роҳбари Гуруҳи корӣ оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд будед ва маҳз ҷаҳду талоши Шумои гиром аст, ки вилоят шукуфтаву пешрафт кард. Умедворем вилояти Хатлон низ ояндаи наздик бо раҳбарии Шумо ҳатман дигаргун хоҳад гашт.

Мо Шуморо ҳамчун сарбози давлатдории даврони навини Тоҷикон ва шодихӯрдаи Мактаби дипломатия ва сиёсати Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мешиносем ва бар хидматҳоятон эҳтиром қоилем. Зимнан бовар дорем, дастандаркори ин бенизомии иттилоотӣ, ки дар таърихи нишастҳои матбуотии 12 соли ахир собиқа надорад, гӯшмол хоҳад шуду ин бенизомӣ дигар такрор намеёбад.

Газетаи мардумии СССР бо Шумост ва ҳатман бо матлабу гузоришҳои вежаи худ дар бораи бурду бохти вилояти Хатлон дар оянда низ матолиби хонданӣ нашр хоҳад кард. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,

муовини сардабири газетаи СССР,

Аълочии фарҳангии ҶТ,

Аълочии матбуотии ҶТ.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter