ХАБАРИ ДОҒ

Дастаҳои Суғд дар таҳхонаи ҷадвал...

  • Чоршанбе, Авг 24 2022

 

 Агар бо диққат ба ҷадвали мусобиқаи футболбозони Лигаи  Олӣ назар кунед, ба ҳайрат меафтед, ки ҳамаи 4 дастаи виояти Суғд дар бахши 2-юми ҷадвали мусобиқа ҷойгиранд. Дастаҳо аз зинаи 5-ум сар карда, сӯи такхона ҷой гирифтаанд. Ҳаводорони футбол дар хотир надоранд, ки кай дастаҳои Суғд дар ин ҳолати ногувор ва сатҳи пасти ҷадвал ҷой гирифта бошанд. Фаромӯш ҳам накунем, ки дастаи “Хуҷанд”-и овозадор имсол бори аввал соҳиби роҳхат ба Плей Оффи КФО шуд. Айни ҳол дорандаи Ҷоми Тоҷикистон аст. Ба инаш шукри беандоза ва офарин ҳам мегӯем.

 Вале, мавқеи ҳозираи дастаҳои Суғд дар “Лигаи Олӣ” (дар ҷадвал) ҳаргиз мухлисонро қаноат кунонида наметавонад ва ба ин ҳолат зебанда ҳам нест. Дар рафти марҳилаи 2-юми чемпионат дастаи “Хуҷанд” шояд, ҳисобу калобаашро ёбад, вале мухлисон аз боқӣ 3 дастаҳо “Истаравшан”-у “Эсхата” (Хуҷанд) ва аз “Равшан”-и Зафаробод хеле хавотиранд.

 Ба ростӣ ҳамаи мухлисони футболи Тоҷикистон пазмони ҳунарнамоии Футболбозони Лигаи Олӣ, 1-ум ва ҳатто лигаи 2-юм ҳам шуданд. Дар воқеъ ин танаффусҳои дуру дарози футболи тоҷикро таҳлили ҳаматарафа мебояд. Яъне, оё ин танаффусу истироҳат фоидабахш шуд ё не? Хуб мебуд агар дар оянда муҳлати ин танаффусҳои дурударозро кӯтоҳ кунему дар вақти таътил дастаҳоро ба дигар мусобиқаҳо ҷалб, ки манфиатбахш бошад. Ман аз масъулини ФФТ дар марказ ва раиси ФФТ дар Суғд, муҳтарам раиси вилоят, пурсиданиям, ки кадом омилҳо сабаби паст рафтани футбол дар Суғд шуда бошанд??? Агар матлабам писанди Шумо нест, пас узр!

 

Алиҷон Маҳмудов,  

Узви Ассотсиатсия шореҳони варзиши Тоҷикистон,  

ш.Конибодом

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter