Аз паи матлаби танқидӣ
Аз СССР: Чанде пеш газетаи мардумии СССР роҷеъ ба чанд клуби номдори кишвар, ки аз футбол бурида шудаву ба коми нестӣ рафтаанд, ёдовар шуд. Минҷумла, роҷеъ ба дастаи маъруфи Шодмон Ҳисор муаллифи варзишии мо афсӯс мехӯрд. Чанде баъд гӯшамон бод хӯрд, ки раиси нави Ҳисор, муҳтарам Қосми Раҳбар, ки худ футболист мебошанд (боре, ҳини раёсаташ, дастаи вилояти Суғд мунтахаби журналистони вилоятро бо ҳисоби бузурге шикаст додаву Қосим Раҳбар чанд голе ҳам зада буд), дар паи мақолаи танқидии мо, ваъда кардааст, ки клуби барбодшударо эҳё мекунад.
Ва инак муждагонӣ! Раиси нави Ҳисор мардонавор ба ваъда вафо кардаву Шодмон Ҳисорро дубора зинда намуд. Клуб алон дар лигаи 2 мебозад. Масъулин тасмим доранд, ҳадди ақалл ФК Шодмон ба Лигаи 1 барояд. Аз он ҷо то Лигаи Олӣ 2 қадами дигар аст. Мо бовар дорем, Қосим Раҳбар ин клубро ба Лигаи Олӣ низ мекашад. Зеро метавонад!
Брависсимо, раис!!!
Дар доираи нақшаи-чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Варзишгоҳи “Ҷавонон”-и шаҳри Ҳисорро пурра таъмири капиталӣ карда шуд.
Дар Варзишгоҳ тамоми шароитҳои аввалиндараҷа барои тамоми намудҳои варзиш муаҳаё гардида, дар оянда низ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои ободонӣ ва муҷаҳазгардонии таҷҳизотҳои варзишӣ дар марҳилаи дуюм оғоз хоҳад гашт.
Тибқи иттилои масъулон айни ҳол дар шаҳри Ҳисор 16 намуди варзиш ба насли наврас ва ҷавонон омӯзонида мешавад.
Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолӣ, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021”, “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” рӯзи 6 августи соли 2022 дар Варзишгоҳи “Ҷавонон”-и шаҳри Ҳисор дидори дастаҳои лигаи дуюм, “Шодмон”-и Ҳисор ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия баргузор гардид.
Варзишгоҳи “Ҷавонон”-и шаҳри Ҳисор ҳусни зебоеро ба худ гирифта буд, ки сокинон бахусус, мухлисони сершумори мусобиқаи футбол зиёда аз 5500 нафар ҷамъ омада, тантанаи футболро шукӯҳ мебахшид.
Танаффуси 10-сола....
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор зикр доштанд, ки баъди 10 соли танаффуси дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дастаи мазкур дубора эҳё гардид.
“Мо тасмим дорем, ки дар оянда ба дастаи “Шодмон”-и Ҳисор таваҷҷӯҳи бештар равона намоем, зеро барои рушди ин навъи варзиш-футбол дар шаҳри Ҳисор имкониятҳои фароҳ мавҷуданд ва дӯстдорон ва ҳаводорони футбол хеле зиёд мебошанд!” изҳор дошт Қосим Раҳбар Қосим-раиси навтаъини ш. Ҳисор.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди 10 соли танаффуси дастаи “Шодмон”-и Ҳисор бо таваҷҷӯҳи Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дастаи мазкур давра ба давра ба мусобиқаҳои сатҳи баланди дохилӣ ва мнтақавӣ роҳ меёбад.
Гуфта шуд, ки дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дорои рамзи ягона буда, имрӯз ва дар оянда низ бо сару либоси ягона ба майдон хоҳанд баромад.
Сипас мусобиқаи футбол байни дастаҳои “Шодмон”-и Ҳисор ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия оғоз гардид ва бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи дастаи навтаъсиси “Шодмон” ба анҷом расид.
Нуралӣ Хоркашев
хабарнигори варзишии СССР