Душанбе, 10 Октябр 2016 09:03

Дирӯз дугонаам аз Русия занг заду баъди аҳволпурсӣ гуфт: «Чунон зиқ шудам, ки ҳатто, «мусоркаҳои» Ватана ёд кардам». Манзури ӯ «мусоркаи» назди хонаи ман буд. Зеро ҳар гоҳ хонаам меомад даҳону биниро бо рӯмолчаи дасташ маҳкам дошта мегуфт: «Чӣ хел дар ин ҳолат зиндагӣ мекунӣ?». Дар ҷое, ки зиндагӣ дорам, пештар он ҷо русҳою тоторҳо мезистанд ва ҳуҷрачаҳои «барак» камодам буду тез-тез мусорҳои атроф аз сӯи кормандони КЖКП тоза мешуд. Ҳоло партов чунон бисёр аст, ки то 30-35 мошини боркаш мешавад. Гоҳе 1 мошин бор карда «дигар пул ба бензин намерасад» гуфта баҳона мекунанд. Бӯи ғализи он дар зимистон нею дар тобистон атрофро нафастанг мекунад. Гоҳе ба ҳавас рӯи суфраи ҳавлӣ нишинем аз бӯяш дилгир мешавем. Вақте ба масъули идораи дахлдор аз мушкилот гап задам, мегӯяд, «аз рӯи нақша партовгоҳ ҳамин ҷост ва дигар ҷо кӯчонида намешавад». Шабона сагҳои дайду онҳо парешон карда бо андак шамол вориди ҳавлиҳои мо мегарданд. Саҳар дар даст ҷорӯб ба рӯбучини гирди партовгоҳ бо даҳони баста шурӯъ мекунему дар дил дуо мекунем: Худо инсоф диҳад онҳоеро, ки инсоф надоранд. Дар ин боб борҳо ба масъулини ноҳия гуфтем, аммо гӯши розшунав нест!!!

Гулнора Абдуллоева,

н.Шаҳритус, тел: 93 344 81 10

 

Душанбе, 10 Октябр 2016 09:00

Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзобоқӣ Набиев, ронандаи 1 корхонаи давлатӣ, сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки дирӯз хабари аз кор даст кашидани Газпромро шунида, ҳайрон шудам. Ҳамин Газпром аниқ масъулият надорад ва ҳам намегузорад, ки дигар ширкатҳои нафту газкобӣ дар Тоҷикистон фаъолият кунанд. Тавре медонем, Газпром дар минтақаи Сариқамиши н.Шаҳринав чанд сол пеш дасту остин барзад, ки аз чуқурии чанд ҳазор метр газу нефт мебарорад. Ва ҳамаи мо ба умед шудему хурсанд. Аммо чӣ шуд? Ин ширкат на худаш то охир кор кард ва на ба дигар конкурентҳояш роҳ дод, ки корро то охир ҳалол пеш баранд. Ростӣ, барои ман номаълум аст, ки барои чӣ Газпром нақшаро нимкора карду гурехт??? Агар тавонед дар ин боб ягон таҳқиқоти журналистӣ гузаронед ва чоп кунед. Ба фикрам, Газпром низ мисли ҳамон Олег Дерипаска ҳамту барои масхарабозӣ омада буд-чӣ?

 

Душанбе, 10 Октябр 2016 08:54

Фарҳангшинос Зиёдулло Насимов, сокини деҳаи Ваҳдати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР мегӯяд, баъди он, ки газетаи мардумии СССР доир ба нимпайкараи пантуркист Абдулло Раҳимбоев чандин матлаб ба нашр расонид, ҳайкали ӯро натанҳо нагирифтанд, балки якбора таъмир карда ҳам монданд. Давлатҳои ҳамсоя нисбати асосгузори республикаашон «кӯрнамакӣ» мекунанду мо бошем дар тӯли 20 соли давлатдорӣ ақаллан муҷассамаи 1 хоинро канда наметавонем??? Боз дар бораи патриотизму ифтихори миллӣ ҳарф мезанем! Вой бар ҳоли идеологҳои мо, ки ҳанӯз ҳам аз ким-чӣ метарсанду патриоти ҳақиқӣ нестанд.

 

Душанбе, 10 Октябр 2016 08:50

08.10.с.2016 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, корманди яке аз ошхонаҳо дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, гумонбаршуда, рӯзи 07.10.с.2016, тахминан соати 22:40-дақиқа, дар ҳавлии ошхона, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 42-солаи ҳамдеҳа ва ҳамкори худ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

СССР

 

Душанбе, 10 Октябр 2016 08:45

Дар ш.Панҷакент роҳбарони филиали «Агроинвестбонк» аз шарми ваъдаҳои дурӯғи худ аз мизоҷон пайваста дар гурезанд. Сокинони Панҷакент, ки тариқи бонкҳо маош мегиранд, аз он дар ташвишанд, ки маоши хешро саривақт ва пурра гирифта наметавонанд. 1 моҳ боз вазъ чунин аст. Ба гуфти корафтодагон, кадом нафаре қарзашро ба "Агроинвестбонк" овардаасту аз ҳамон ҳисоб маоши чанд нафар табибонро "додаанд". Ба ҳамон чанд корманди тиб, ки дар навбат буданд, 100 сомонӣ сари ҳар нафар дода шудааст. 1 нафар сардори корхона мегӯяд, ки 2 моҳ боз маоши кормандонамро надодаем. Бо ин 100-у 200 сомонӣ ман чанд рӯз бояд омада маоши 2-моҳаро гирам?

Душанбе, 10 Октябр 2016 08:38

27.09.2016. Соат бо вақти Душанбе 13.30 дақиқа. Барои супоридани хун ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» медароям. Фикр мекунам, ана ҳозир медарояму 200 гр хунамро супорида баромада меравам, аммо ин фикрам хатои маҳз будааст! 

Душанбе, 10 Октябр 2016 08:28

Вақте дар ТВ дидам, ки 2 нафар соҳиби ҷои 1-ум шудаанд, ҳайрон мондам. Зеро онҳо дар конкурс аслан набуданд…

Ҷумъа, 07 Октябр 2016 17:21

(Фалес аз Милет, нахустин файласуфи Юнони Қадим, 625-547 то солшумории мо)

саҳ 11 аз 14
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase